Ҷалби духтарон ба таҳсил
Санаи 21 август дар толори қасри фарҳанг бо иштироки намояндагони Кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо фаъолони шаҳри Роғун оид ба пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, худкушии ҷавонон ва шомил шудани онҳо ба дигар ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб баргузор гардид. Дар ин мулоқот намояндагони Кумитаҳои мазкур ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ нисбати бармаҳал оиладор намудани ҷавонон, омода набудани онҳо ба ҳаёти мустақилона ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим андешаронӣ карда шуд. Инчунин нисбати масъалаҳои дур мондани духтарон аз таҳсил, монешавии падару модарон барои таҳсили духтарон ба мактабҳои олӣ ва ҷалби духтарон ба ҳунаромӯзию касбомӯзӣ фикру мулоҳизаҳои ҷолиб пешкаш гардид.
Добавить комментарий