Эълон: Озмуни мансабҳои холӣ

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ РОҒУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:             

-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгохи раиси шаҳр-1 ҷой, маоши мансаби 1009 сомонӣ.           

-сармутахассис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ 909  сомонӣ:           

-мутахассиси пешбари шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД-и шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ 819 сомонӣ:           

-мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр -1 ҷой, маоши мансабӣ 819 сомонӣ:           

-мутахассиси пешбари бахши бойгонии МИҲД-и шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ 819 сомонӣ:          

-мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ 819 сомонӣ:          

-мутахассиси  шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ 675 сомонӣ;          

-мутахассиси шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ 675 сомонӣ:                       

МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ:                  

сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну мароисмҳои Ҷамоати деҳоти Қади Об-1 ҷой,  маоши мансабӣ 909 сомонӣ:          

-сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм-1 ҷой,  маоши мансабӣ 909 сомонӣ:          

-сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Қади Об-1 ҷой,  маоши мансабӣ 909 сомонӣ:          

сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну мароисмҳои  Ҷамоати деҳоти Сичароғ-1 ҷой,  маоши мансабӣ 909 сомонӣ:         

-сармутахассис-заминсозӣ Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм 1- ҷой маоши мансаби 909-сомонӣ:          

-мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм -1 ҷой,  маоши мансабӣ 819 сомонӣ:         

-мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Қади Об-1 ҷой,  маоши мансабӣ 819 сомонӣ:         

-мутахассиси пешбар-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм -1 ҷой, маоши мансабӣ 819 сомонӣ:           

-мутахассиси пешбар-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Сичароғ -1 ҷой, маоши мансабӣ 819 сомонӣ:            

-мутахассиси пешбар-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Қади Об -1 ҷой, маоши мансабӣ 819 сомонӣ:           

-мутахассис оид ба масъалаҳои андози Ҷамоати деҳоти Қади Об- 1 ҷой, маоши мансабӣ 675 сомонӣ:          

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:             

-ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ (Раиси шаҳр)             

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона сурати  андозаи 4 х 6)            

– тарҷумаи  ҳол            

– нусхаи  ҳуҷҷатҳо  дар  бораи  таҳсилот            

– нусхаи  дафтарчаи  меҳнатӣ; (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад)            

– нусхаи шиноснома            

 -нусхаи СИН            

-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ  шакли  038 УЕ          

– рақами мушаххасси андозсупоранда         

 -маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк (аз нозироти андоз)             

-маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ                                               

Талаботи тахассусӣ  барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ:

Барои ишғолкунандагони  мансаби  Мудир:           

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;          

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ  мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;          

-малакаи кор бо компютер.                      

Барои ишғолкунандагони  мансаби  сармутахассис:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;         

– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;         

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ  мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;         

– малакаи кор бо компютер.                 

Барои ишғолкунандагони  мансаби  мутахассиси пешбар:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;        

-малакаи кор бо компютер.                 

Барои ишғолкунандагони мансаби  мутахассис:        

-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин  карда метавонад.        

-малакаи кор бо компютер.                                                                                                       

           Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо; Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун (шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо), телефоҳо: 8 (3134) 21-2-68 ҳуҷҷатҳои довталабон баъди нашри эълон дар давоми 21 рӯз қабул карда мешавад         

         Эзоҳ: Ҳамзамон довталабон ҳуҷҷатҳои дар боло зикршударо тариқи почтаи электронии roghun.kadrho@mail.ru метавонанд ирсол намоянд, инчунин, метавонанд нашри эълони озмунро дар сомонаи www.roghun.tj, www.ahd.tj дастрас намоед. Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.