Ҳисобот оиди нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун дар нимсолаи аввали соли 2019
Ҳисобот оиди нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун дар нимсолаи аввали соли 2019
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун барои дар амал татбиқ намудани Фармону супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», фаъолияти кории худро ба роҳ монда, ҷиҳати болоравии соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии шаҳр саъю кӯшишҳои зиёд намудааст. Қисми даромади буҷети шаҳр, дар 6 моҳи соли 2019 дар маҷмӯъ бо назардошти андози иҷтимоӣ мутобиқи нақша 107 091,9 ҳазор сомониро ташкил медод, ба маблағи 97 210,7 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ карда шуд, ки иҷроиши ин нишондод 90,7%-ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла ба буҷети маҳаллӣ ба ҷои нақшаи аниқшуда 15 671,8 ҳазор сомонӣ ворид шудааст 16 830,2 ҳазор сомонӣ ё ин ки 107,4 % нақшаи аниқшударо ташкил менамояд. Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ бошад, мутобиқи нақша 54 922,2 ҳазор сомониро ташкил медод, ки ин нишондод ба маблағи 43 765,1 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ карда шуда, иҷроишаш 79,7%-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нақша ба маблағи 11 157,1 ҳазор сомонӣ кам иҷро гардидааст. Ҷамъи умумии даромадҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ки тибқи нақша 70 594,0 ҳазор сомониро ташкил медод, ба миқдори 60 595,3 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ карда шуд, ки иҷроишаш 85,8%-ро ташкил медиҳад. Буҷети маҳаллии шаҳр дар соли 2019 дар назди ташкилоту муассисаҳое, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ карда мешаванд аз ҳисоби музди маош қарздор намебошад. Қисми хароҷоти буҷети маҳалли бошад, ба ҷойи 20 049,9 ҳазор сомонии нақшавӣ дар ҳаҷми 17 326,3 ҳазор сомонӣ иҷро шуд, ки ин нишондод 86,4%-ро ташкил медиҳад. Асоси иҷроиши буҷет ин албатта ҷамъоварии андоз ва мавриди андозбандӣ қарор додани субъектҳои хоҷагидорӣ ба шумор меравад. Тибқи маълумотҳои пешаки нақшаи тасдиқшуда ҳамаи намудҳои андозу даромадҳо, ба ҷойи 104,5 млн сомонӣ, дар маҷмӯъ (бо назардошти андози иҷтимоии ғайри буҷетӣ) 94,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ин нишондод 90,5%-и иҷроиши нақшаи 6 моҳаи аввали соли 2019-ро ташкил медиҳад ва нишондоди мазкур нисбат ба нақшаи пешбинишуда, 10,0 млн сомонӣ кам буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,4 млн кам мебошад. Нақшаи андози иҷтимоӣ дар 6 моҳи соли 2019, 36,4 млн сомонӣ пешбинӣ гардида буд, ки иҷроиши он 36,5 млн сомонӣ ё 100,3%-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нақша 100,0 ҳазор сомонӣ зиёд буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 млн сомонӣ кам мебошад. Бақияпулиҳои андоз бо дарназардошти пардохтҳои иҷтимоӣ ба ҳолати 01 июли соли 2019, маблағӣ 12,0 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба 01 январи соли 2019 ба андозаи 200,0 ҳазор сомонӣ кам гардидааст. Дар нимсолаи аввали соли 2019 нақшаи 2 намуди андоз иxро нашуд аз он xумла; андози даромад аз шахсони воқеи ва андоз аз арзиши иловашуда, дар маxмуъ 10,0 млн сомониро ташкил медиҳад, сабаби иxро нагардидани ин намудҳои андозҳо аз ҳисоби нозироти андозсупорандагони калон мебошад. Нозироти андоз дар 6 моҳи соли 2019, нисбати андозсупорандагоне, ки ӯҳдадориҳои андозро дар муҳлатҳои муқарраршуда иҷро накардаанд, тибқи талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, 60 нафар ба маблағӣ 83,1 ҳазор сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ карда шуд. Мутобиқи маълумотҳо аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳри Роғун ба ҳолати 01.007.2019, дар маҷмӯъ 1536 субъектҳои хоҷагидор аз ҷумла, 271 адад шахсони ҳуқуқӣ, 152 нафар соҳибкорони инфиродӣ бо патент фаъолияткунанда, 105 нафар соҳибкорони инфиродӣ бо шаҳодатнома фаъолияткунанда ва 1008 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият менамоянд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018, 17 нафар зиёд мебошад. Яке аз омилҳои асосии таҳлили соҳаҳои реалии иқтисодиёт ин таъмини сиёсати ягонаи фаъолияти бонкӣ мебошад. Аз тарафи бонкҳои дар шаҳри Роғун фаъолиятдошта, дар 6 моҳи соли 2019, дар маҷмӯъ ба маблағи 95 573,0 ҳазор сомонӣ хизматрасониҳои пулӣ ба иҷро расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 44 893,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ин нишондод ба филиали бонки «Амонатбок» дар шаҳри Роғун буда 58 657,8 ҳазор сомон ва филиали ҶСК «Ориёнбонк» 36 915,2 ҳазор сомонӣ рост меояд. Дар давраи ҳисоботӣ тавассути бонкҳои зикршуда ба маблағи 26 144,9 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳрвандони шаҳри Роғун интиқол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 965,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ин нишондод ба филиали бонки «Амонатбок» дар шаҳри Роғун буда 14 048,4 ҳазор сомон ва филиали ҶСК «Ориёнбонк» 12 096,5 ҳазор сомонӣ, рост меояд. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи бонки «Амонатбонк» ҷиҳати дастгирии соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ба муштариён ба маблағӣ 1 601,8 ҳазор сомонӣ қарзҳо дода шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, 128,3 ҳазор сомонӣ қарз зиёд дода шудааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки аз тарафи филиали ҶСК «Ориёнбонк» қарз дода нашудааст. Инчунин аз тарафи филиали xамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Арванд» дар шаҳри Роuун дар 6 моҳи соли 2019 ба аҳолӣ ба маблаuи 2 207,7 ҳазор сомонӣ қарзи гуногунмақсад додааст. Дар давраи ҳисоботӣ тавассути филиали «Арванд» ба маблағи 1 137,9 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳрвандони шаҳри Роғун интиқол гардидааст. Маркази хизматрасонии ФXСК «Бонки Эсхата»-и шаҳри Роғун дар 6 моҳи соли 2019 ба маблаuи 7 421,8 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳрвандони шаҳри Роғун интиқол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 287,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи ФXСК «Бонки Эсхата» ҷиҳати дастгирии соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ба муштариён ба маблағӣ 1 580,1 ҳазор сомонӣ қарзҳо дода шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, 263,1 ҳазор сомонӣ қарз зиёд дода шудааст. Истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ бобати ноил шудан ба дастовардҳои энергетикӣ яке аз омилҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар 6 моҳи соли 2019 дар шаҳри Роғун 98 млн 495 ҳазору 118 кВт.с неруи барқ қабул карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба миқдори 4 млн 079 ҳазору 643 кВт соат зиёд хароҷот карда шудааст. Барқи фойданок бошад, 83 млн 588 ҳазору 188 кВт соатро ташкил медиҳад. Талафоти қувваи барқ дар 6 моҳи соли 2019, 14,3 % ро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,8% кам карда шудааст. Маблағи ҳисобшуда дар 6 моҳи соли 2019 аз истифодаи қувваи барқ 31 млн 591 ҳазору 100 сомониро ташкил дод, ки нисбати соли 2018, 2 млн 796 ҳазору 900 сомонӣ зиёд мебошад. Аз ин 2 млн 159 ҳазору 600 сомониаш ба аҳолӣ ва 53 млн 285 ҳазору 400 сомонии боқимондааш ба ташкилоту муассисаҳои шаҳр рост меояд. Маблағи пардохт дар 6 моҳи соли 2019, 55 млн 445 ҳазору 000 сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 21 млн 775 ҳазору 500 сомонӣ зиёд xамовари карда шудааст. Пардохти маблағҳо аз ҳисоби истифодабарии қувваи барқ аз аҳолӣ 2 млн 284 ҳазору 800 сомонӣро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 335,2 ҳазор сомонӣ зиёд ҷамъовари карда шудааст. Аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳо 55 млн 445 ҳазору 000 сомонӣ ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 23 млн 725 ҳазору 100 сомонӣ зиёд мебошад. Иҷроиши нақшаи пардохти нерӯи барқ дар 6 моҳи соли 2019, ҳамагӣ 175,5% аз он ҷумла аҳолӣ 105,9%, корхонаҳо 180,6%-ро ташкил медиҳад. Дар нимсолаи аввали соли 2019 бахшида ба xашни Наврӯз иншоотҳои гуногун аз тарафи соҳибкорон сохта ба истифода дода шудаанд, аз xумла бинои 9-ошёнаи №21 маркази шаҳр ба маблаuи 120,0 ҳазор сомонӣ равшаннамои карда шуда, ки ин иқдом идома дорад, маuоза ва тарабхона аз тарафи XДММ «Тоxиккуҳкан» маблаuи 428,9 ҳазор сомонӣ, нуқтаи фӯруши доруворӣ маблаuи 185,9 ҳазор сомонӣ xамъ ба маблаuӣ 734,8 ҳазор сомонӣ сохта ба истифодода шудаанд. Инчунин бахшида ба xашни Ваҳдати миллӣ 7 адад иншоотҳои гунонгун сохта ба истифода дода шудаанд. Аз xумла сохтмони истгоҳи замонавӣ дар шоҳроҳи Душанбе Рашт ба маблаuи 60,0 ҳазор сомонӣ, сохтмони сехи истеҳсоли обҳои ташнашикан ба маблаuи 914,1 ҳазор сомонӣ, сохтмони бинои як ошёнаи истеҳсол ва фурӯши маҳсулотҳои ҳунарҳои мардумӣ ба маблаuи 100,0 ҳазор сомонӣ, сохтмони ду адад истгоҳи замонави ба маблағи 160,0 ҳазор сомонӣ, азнавсозии маркази фароuатии xавонон ба маблаuи 1 200,0 ҳазор сомонӣ, маxмаи глобус дар даромадгоҳи маркази шаҳр ба маблаuи 50,0 ҳазор сомонӣ, равшаннамоии бинои истиқоматии №75,35,78 а,б,29 бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, равшаннамоии дарвозаи даромадгоҳи шаҳр дар умум ба маблағи 3 806,8 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмони аз тарафи соҳибкорон ба иҷро расонида шуд. Аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ҷиҳати иҷрои корҳои сохтмонию барқароркунӣ ва таъмирӣ 2 962,7 ҳазор сомонӣ маблағ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин миқдори зикршуда 2 300,0 ҳазор сомонӣ барои сохтмони асосӣ (маблағҳои нақшавии буҷаи маҳал 2 300,0 ҳазор сомонӣ) барои “Сохтмони маxмааи ёдгории Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳри Роғун”, маблағӣ 342,0 ҳазор сомонӣ бошад, барои таъмирҳои ҷорию барқарорнамоӣ ҷудо шудааст, ки ба соҳаҳои гуногуни шаҳр тааллуқ дошта, 320,7 ҳазор сомонӣ барои таъмири роҳҳои дохилии кӯчаҳои шаҳри Роғун пешбини шудааст. Бояд қайд намуд, ки иҷроиши корҳо дар 6 моҳи соли 2019 дар иншооти «Таъмири капиталии меҳмонхонаи нази МИҲД-и шаҳри Роuун» ба 659,2 ҳазор соминӣ «Сохтмони маxмааи ёдгории Исмоили Сомонӣ» ба маблаuи 1 525,7 ҳазор сомонӣ, «Таъмир ва рангубори намои берунаи осорхона» ба маблаuи 121,5 ҳазор сомонӣ ва «Сохтмони бинои КИ ҲХДТ дар шаҳри Роuун» ба маблаuи 450,0 ҳазор сомонӣ баробар мебошад. Дар 6 моҳи соли 2019 бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ аз ҳисоби иҷораи амволи давлатӣ 39,4 ҳазор сомонӣ маблағ ба буҷет ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад инчунин аз ҳисоби манзилҳои истиқоматии хусусигардонидашуда 4,4 ҳазор сомонӣ ба буxет ворид карда шуд. Лоиҳаҳои амалишаванда аз тарафи сармояҳои хориxӣ бошад 80,0 ҳазор доллари ИМА пешбини гардидааст. Хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар 6 моҳи соли 2019, 21 903,5 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018, 133,1 % дар бар мегирад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 6 моҳи соли 2019, 99 834,8 ҳазор сомонӣ буда, нисбат ба соли 2018, ба маблағи 60 320,1 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 252,7% зиёд мебошад. Аз ҷониби муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр дар давраи ҳисоботӣ корҳои таъмирӣ ба маблағӣ 115,0 ҳазор сомонӣ ва 3078м2 сиёҳу сафед намудани иншоотҳои бари роҳи байналмиллалӣ ба иҷро расонида шудаст. Ҳолати нигоҳдорию истифодабарии иншоотҳои инфрасохторӣ, назорат кардани ҳолати хонаҳои истиқоматӣ, кӯчаву хиёбонҳо ва дигар иншоотҳои дохили шаҳр ҳамарӯза ба роҳ монда шудааст. Дар корхонаи КВД “СОКО ва ХМК”-и шаҳри Роuун мувофиқи ҷадвали корбасти тасдиқшудаи вазифави 134 басти вазифа тасдиқ гардида, айнизамон ҳамагӣ 114 нафар коргарон кор карда истодаанд. Аз ҳисоби хизматҳои коммуналӣ барои баровардани партовҳо, пардохти оби нӯшокӣ аз аҳолӣ ва корхонаҳо ба маблағӣ 219,9 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 201,1 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Ҷиҳати кабудизоркунӣ ва ободонии кучаҳои шаҳр дар 6 моҳи соли 2019, як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд аз ҷумла; 202 адад дарахтони ороишии арчаи Меживелник, туя ва гулҳои ороишӣ, 408 адад садбаргҳои ҳархела дар кучаҳои маркази шаҳр шинонида шуд. Аз тарафи кормандони қитъаи кабудизоркунии корхона зиёда аз 7000 қаламчаҳои садбарг шинонида шудааст, ки айни ҳол афзоиши хуб доранд. Ҳамзамон барои зебогӣ дар марказ ва дигар кӯчаҳои шаҳр ба миқдори 34000 дона гулҳои мавсими шинонида шудаанд, инчунин зиёда аз 3350 дона гулҳои лола дар гардишгоҳи даромади шаҳр шинонида шуд. Ҳамчунин аз ҳисоби соҳибкорон барои дастгири баободонии шаҳр ба маблаuи 60,2 ҳазори сомонӣ ворид гардида ин маблаu сарф карда шудааст. Оид ба иҷроиши амри Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2018, №АП-1059 бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша чорабини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун аз 09.07.2018 иборат аз 124 банд тартиб дода то имрӯз чунин корҳои зерин ба анҷом расонида шудааст. Қайд намудан лозим аст, ки аз 124 банди накша–чорабиниҳо то ба имруз 55 банд ба иҷро расонида шудааст, ки ба соҳаҳои зерин рост меояд. Соҳаи маориф 5 банд, соҳаи тандурусти 2 банд, соҳаи кишоварзи 2 банд, соҳаи ҷавонон ва варзиш- 4 банд, рушди соҳаи саёҳи-8 банд, соҳаи фарҳанг 2 банд ва корҳои ободонию соҳаҳои дигар 30 банд ро дар бар мегирад. Дар маҷму ба маблаги 24211,5ҳазор сомонӣ аз он ҷумла маблағҳои буҷети 8 201,1 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон 16 010,4 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида шудааст. Нисбати иҷроиши боқимода бандҳои нақша чорабиниҳо корҳо рафта истодааст. Соҳаи кишоварзӣ. Заминҳои корами хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр новобаста аз шакли моликияташон дар масоҳати умумии 2336 гектар тул кашида аз он 1281 гектар дар заминҳои марзи маъмурии ноҳияи Фархор 96 га дар ноҳияи Файзобод ва 1048 га дар ҳудуди шаҳр ҷойгир мебошад, ки майдони боғзорҳо бошад 763 гектаро ташкил медиҳад. Барои рушди ин соҳа дар қаламрави шаҳр 1059 адад хоxагиҳои деҳқонии инфиродӣ, 4 адад хоxагии ёрирасон, 2 адад кооперативи истеҳсолӣ ва 1 адад хоxаги давлатиии xангал фаъолият менамоянд. Кишти баҳорӣ дар майдони 997 га нақшабанди гардида, ки аз он 498 га uаладонагиҳо, зағир 30 га, сабзавот 40 га картошка 140 ва 287 га хуроки чорво мебошанд. То имруз дар майдони 1012 га ё 101,5% нақшаи кишт иҷро гардидааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки xамоварии ҳуроки чорво дар шаҳр оuоз гардида то имруз 629 тонна xамовари карда шуда, кор дар ин самт бо маром идома дорад. Инчунин дар шашмоҳи соли 2019 зиёда аз 25 маротиба ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо иштироки хоxагиҳои деҳқонӣ, ва соҳибкорон ба сокиноин шаҳр ва инчунин сохтмончиёни НБО Роuун маҳсулотҳои кишоварзӣ бо нархи нисбатан арзон дастрас карда шуда, инчунин ду маротиба дар назди бинои ШВКД дар шаҳри Душанбе, дар саннаи 2 июни соли 2019 дар бозори “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ярмаркаи фурӯши асал бо иштироки хоxагиҳои занбурпарварӣ шаҳри Роғун доир гардида зиёда аз 2700 килограм асал пешниҳоди меҳмонону сокинони пойтахт гардонида шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки хоxагиҳои кишоварзии шаҳр дар мавсими тирамоҳ дар майдони умуми 1122 га кишти uаладона гузарониданд. Дар 6 моҳи соли 2019 зиёда аз 28,7 га боғи нав бунёд гардида барқароркуни боғҳои куҳна бошад ба миқдори 26,7 га аз тарафи замин истифодабарандагон ба иҷро расонида шуд. Дар 6 моҳи соли 2019 саршумори чорвои калони шохдор 18728 сарро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 157 сар зиёд мебошад. Саршумори моли майда 72595 сар ба ҳисоб гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1893 сар зиёд мебошад. Инчунин саршумори паранда 26552 сарро ташкил намудааст, ки нисбат ба соли гузашта 190 сар кам мебошад, асп 682 сар нисбати сои гузашта 11 сар кам, замбури асал 3671 оила нисбат соли гузашта 651 оила кам ба қайд гирифта шудааст. Сабаби кам шудани нишондодҳои дар боло зикргардида аз ҳисоби хоxагиҳои аҳолӣ мебошад. Дар 6 моҳи соли 2019 истеҳсоли маҳсулоти соҳаи чорводорӣ аз ҷумла, гушт 406,0 тонна, шир 843,7 тонна, тухм 516,9 ҳазор дона мебошад. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ дар 6 моҳи соли 2019, 11 648,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018, 7,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Бобати пешгирӣ намудани қонувайронкуниҳо нисбати истифодабарандагони замин аз тарафи кумитаи идораи замини шаҳр ҷамъ 42 ҳолати қонувайронкунӣ оиди ҳолат ва истифодаи замин дар майдони 5,56 га ошкор карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 адад кам мебошад, ва нисбати 39 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ки ба маблағи 17 020 сомонӣ xаримабанди карда шудаааст, нисбати ҳамин давраи соли 2018, 3 адад кам мебошад. Дар маxмуъ 35 ҳолати қонунвайронкунӣ дар масоҳати 2,05 га замин дар маҳал бартараф карда шудааст. Дар 6 моҳи соли 2019, 68 адад Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, (Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин), Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ биноҳои xудогона 21 адад, хонаҳои истиқоматӣ 59 дигар намудҳо 1 дар маxмӯъ 81 адад, иқтибос аз варақаи бақайдгирӣ 147 адад, бақайдгириии шартномави гарав 26 адад, Шиносномаи техникии ҳавлидорӣ 81 адад ба шахсони воқеи ва ҳуқуқи ба маблаuи 64,0 ҳазор сомонӣ хизматрасонӣ карда шудааст. Тибқи Протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.11.2016 №793 ва қарори Раиси шаҳр аз 11.02.2019 «Дар бораи гузаронидани чорабиниҳои кабудизоркунӣ ва ободонӣ маҳаллаҳои шаҳр» дар ҳудуди шаҳр дар мавсими кабудизоркунӣ ва ободонӣ ба миқдори 14200 бех ниҳолҳо ба нақша гирифта шудааст, ки то ба имрӯз ҷамъ 19410 (136,7%) бех ниҳолҳои мевадиҳанда ва сояафкан шинонда шудааст. Аз он ҷумла 2454 бех ҳамешасабз, 4181 бех мевадиҳанда, 12775 бех сояафкан ва зиёда аз 81407 бех гулу буттаҳо дар ҳудуди шаҳри Роғун шинонида шудааст, ки ҳолати сабзишӣ ниҳолҳо пайваста зери назорат қарор дорад. Тибқи нақша дар қаламрави шаҳри Роғун 43 га бунёд ва барқарор кардани боғҳо ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин 17 га боuҳо барқарор ва 26 га бунёди боuҳо мебошад, ки то ба имруз 17 га барқарор ва 26 га боuҳо бунёд гардидааст. Дар қаламрави шаҳри Роғун аз 9 м3 то 12 м3 дар як руз партовҳои истеъмолию истеҳсоли ва сохтмонию сахти маиши xаъмовари карда мешавад, ки дар давоми 6 моҳи соли равон 1575 м3 ҳолсилшавии партовро ташкил медиҳад. Тибқи Қарори Ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон дар бораи тадбирҳо оид ба иxрои Қарори Ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон аз 3 марти соли 2019, №97 оид ба ташкил намудани системаи безараргардони, xамовари, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор кормандони бахш дар байни аҳоли корҳои мақсаднок мегузаронанд. Барои xамовари лампаҳои каммасраф дар назди корхонаи КВД «СОКО ва ХМК»-и шаҳр анбори махсус xудо карда шудааст, ки дар шашмоҳи соли 2019 аз аҳоли 218 дона ва аз авали xамовари 4050 дона лампаҳои каммасрафи аз истифода баромада xамовари карда шудааст ва ба шаҳри Душанбе барои безарар гардони равон карда шудааст. Аз тарафи муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи Л. Каримов дар мавсими баҳори соли ҷорӣ бунёди ҷангал дар майдони 5,30 гектар ба миқдорӣ 1630 бех ниҳоли мевадиҳанда шинонида шудааст. Даромади ҷангал бошад дар давоми сол дар хоҷагӣ 21,2 ҳазор сомонӣ, ба хазина ворид шудааст. Дар 6 моҳи соли 2019 бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2019» ба 228 нафар шаҳрвандон мақоми бекорӣ дода шудааст. Тибқи нақша 6 маротиба ярмаркаи умумишаҳрии ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод доир гардидааст. Инчунин, ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ 625 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуда, аз ин шумора 330 нафар шаҳрвандон ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуд. Аз ин шумора ба ҷойи кор 231 нафар таъмин гардидаанд, ки аз онҳо: 30 нафар тавассути квота, 23 нафар ба корҳои фардӣ сафарбар карда шудаанд. Инчунин, 128 нафар шаҳрвандон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, ба 44 нафар кӯмакпулӣ барои бекорӣ дода шудааст. Дар 6 моҳи соли 2019 аз ҳудуди шаҳри Роғун 2119 нафар шаҳрвандон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориxа қарор доранд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 679 нафар зиёд мебошад. Аз ин шумора 103 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018, 49 нафар зиёд мебошад. Кӯмакҳои моддӣ. Аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, ташкилоту муассисаҳои шаҳр, шахсони саховатпеша ва соҳибкорон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз-2019, ба кӯдакони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, ятимони кулл, собиқадорони xангу меҳнат ва оилаҳои эҳтиёxманд ба маблағӣ 467,9 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои моддӣ расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 266,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз маблағҳои мазкур 25,9 ҳазор сомонӣ аз тарафи мақомоти иxроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роuун, садақаи фитр 50,2 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби ташкилоту корхонаҳои XСК НБО-и Роuун ва соҳибкорони шаҳр 318,5 ҳазор сомонӣ, аз маблаuҳои мазкур 96,0 ҳазор сомонӣ барои таъмири 8 хона ва 63,0 ҳазор сомонӣ барои соҳтмони 3 хона равона гардидааст. Инчунин дар давраи ҳисоботи 2-аробачаи маъюби ва 3-асобаuал ба шахсони маъюбу ниёзманд расонида шуд. Дар давраи ҳисоботӣ 2722 нафар нафақахӯр ба қайд гирифта шудааст, ки (аз онҳо 1598 нафарашон занҳо мебошанд) нисбати ҳамин давраи соли гузашта 118 нафар зиёд мебошад. Аз шумораи умуми нафақахурон; 1471 нафар нафақаи меҳнатӣ, 888 нафар нафақаи иҷтимоӣ ва 363 нафар нафақаҳои суғуртавӣ мебошанд. Ҳамин тариқ дар ҳамин давра талаботи нафақахурон бо назардошти иловапулиҳо маблаuи 5 782,4 ҳазор сомонро ташкил дода, мутаносибан ба ҳисоби миёна ба маблаuи 354,05 сомонӣ дар як моҳ ба ҳар як нафақахур рост меояд. Соҳаи маориф. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлат дар соҳаи маориф дар шаҳри Роғун 42 муассиса аз он xумла 17-муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 3-муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 22-муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми мебошад. Ҳамчунин ду боғчаи бачагона бо фарогирии 291 нафар кӯдак, як хонаи кӯдакон бо фарогирии 36 нафар (духтарон 9 нафар) хонанда, як маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон бо фарогирии 327 нафар кӯдакону наврасон, як мактаби бачагонаи мусиқӣ бо фарогирии 106 нафар наврасон, гурӯҳи мақсадноки омӯзишгоҳи тиббии Ваҳдат дар шаҳри Роғун бо ҷалби 72 нафар донишҷӯ ва як коллеҷи муҳандисию техникӣ бо ҷалби 384 нафар донишҷӯ кор ва фаъолият менамоянд. Дар муассисаҳои таълимии шаҳр ба таълиму тарбия 9553 нафар хонанда фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 4872 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Ба кори таълиму тарбия 541 нафар муаллимон машғуланд, ки аз ин шумора 225 нафарашон занон мебошанд. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта шумораи омӯзгорон 12 нафар кам гардидааст. Дар 6 моҳи соли 2019 зиёда аз 360 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Роғун дар нуқтаҳои бақайдгирии Маркази милли тестӣ оид ба қабули довталабон ҳуҷҷат супориданд. Дар доираи таъмини иxрои Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умуми xумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муxаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020, соли 2019 таxҳизонидани 10 кабинети фаннӣ ба нақша гирифта шуд. Дар нимсолаи аввал 3 кабинети фаннӣ таxҳизонида шуд. Аз он xумла, дар МТМУ №1 кабинети фаннӣ суруд ва мусиқӣ бо маблаuи 9930 сомонӣ, дар МТМУ №20 кабинети фаннӣ суруд ва мусиқӣ бо маблаuи 9930 сомонӣ, дар МТМУ №21 кабинети технологияи иттилоотӣ бо маблаuи 10 000 сомонӣ таxҳизонида шуд. Дар умуму 3 кабинети фаннӣ бо маблаuи 29 920 сомонӣ таxҳизонида шуд. Бо мақсади таъмини хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси ягонаи мактабӣ бо XДММ «Фариза и КОМ» ба миқдори 4875 xуфт либос шартнома баста шуд, ки миқдори 4000 xуфт либос оварда шуд. Ҳамзамон маблаuи 310 000 сомонӣ xамоварӣ ва ба суратҳисоби xамъияти номбурда гузаронида шуд, ки иxроиши нақшаи либоса ва пардохти маблаuи он 80%-ро ташкил медиҳад. Соли таҳсили 2018-2019 зинаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9)-ро 771 нафар, аз он xумла духтарон 378 нафар ва зинаи таҳсилоти миёнаи умуми (синфи 11)-ро 631 нафар, аз он xумла 270 нафар духтарон хатм намудаанд. Дар асоси қарои Ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон аз 1 марти соли 2019, №103 ва қарори раиси шаҳри Роuун аз 28 марти соли 2019 №74 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2019, бо дарназардошти шароит ва имкониятҳои мусоид, майдончаҳои солимгардонии назди мактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1 баро 50 нафар, №2 барои 50 нафар, №3 барои 50 нафар, МИББ №4 барои 25 нафар, №5 барои 25 нафар, №6 барои 25 нафар, №14 барои 15 нафар, №17 барои 25 нафар, №20 барои 20 нафар, №22 барои 20 нафар, №28 барои 25 нафар, №37 барои 15 нафар», xамъ барои 345 нафар кӯдакону наврасон ба роҳ монда шуд. Бо ин мақсад аз буxети маҳали ба маблаuӣ 66 750 сомонӣ xудо карда шуд. Соҳаи тандурустӣ. Дар ҳудуди шаҳри Роғун бо мақсади таъмини ҳифзи саломатии шаҳрвандон Беморхонаи марказии шаҳрӣ бо 175 кат, 2 маркази саломатии шаҳрӣ бо 480 қабул дар як баст, 4 маркази саломатии деҳотӣ, 11 бунгоҳҳои саломатӣ, маркази саломатии сохтмончиён, маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, маркази эмтаъминкунӣ, маркази мубориза алайҳи ВИЧ-СПИД, ҳуҷраи боварӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигарҳо хизмат мерасонад. Дар беморхонаҳои шаҳри Роғун 62 нафар табиб, 236 нафар кормандони миёнаи тиббӣ ва ҳамшира кору фаъолият менамоянд. Дар шуъбаҳои беморхонаҳои шаҳр 2324 нафар беморон муроҷиат намуданд, ки аз онҳо 289 нафарашон дар шуъбаҳои беморхонаҳо бистарӣ карда шудаанд. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 541 муроҷиати шаҳрвандон зиёд гардидааст. Нишондиҳандаи фавт дар беморхонаҳо дар 6 моҳи соли 2019, 4 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 нафар кам мебошад. Аз тарафи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр дар ин давра 1334 бемории сирояти ба қайд гирифта шуда, нисбати ҳамин давраи соли 2018, 426 беморӣ кам бақайд гирифта шудааст. Инчунин оиди иҷроиши қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012 таҳти рақами №890 (дар бораи бехатари маҳсулоти хурока) дар мағозаҳои ҳудуди шаҳр санҷишҳои санитарию гигиени гузаронида шуда дар натиҷа маҳсулотҳои паст сифат ва муҳлати истеъмолаш гузашта ба миқдори 220 кг 452 гр, ки маблағи умумиашон 2773 сомонию 60 дирамро ташкил дод аз муомилот гирифта шуда тибқи тартиботи муқарар шуда маҳсулотҳо безарар гардонида шуд. Барои риоя накрдан ба қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ фаъолияти 8 иншоот муввақатан боздошта шудааст. Дар шаҳри Роuун 14 муассисаҳои фарҳангӣ аз xумла 8-адад китобхона, 1-осорхона, 2-хонаи фарҳанг, 2-боuи фарҳангӣ-фароuатӣ ва 1- қасри фарҳанг фаъолият карда истодааст. Бахши фарҳангӣ шаҳр зиёда аз 51 номгуи чорабиниҳоро давоми 6 моҳи соли равон баргузор намудааст, ки нисбат ба мамин давраи соли 2018 16 номгу зиёд мебошад. Инчунин бахшида ба эълон гардидани соли 2019 ҳамчун «Соли рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» зиёда аз 28 маротиба чорабиниҳои фарҳангӣ дар маркази шаҳр ва дар xамоату деҳаҳо дурдасти шаҳр гузаронида шуд. Дар соли xорӣ фонди умумии китобхонаи муттамарказии шаҳри Роuун ба 60615 нусха китоб расидааст, ки аз ин миқдор китобҳо 13173 адад китоб бо забони тоxикӣ, 47115 нусха китоб бо забони русӣ ва 327 адад китоб дигар забонҳоро ташкил медиҳад. Дар 6 моҳи соли 2019 бахши фарҳанг ба маблағи 23770 сомонӣ сарулибоси саҳнавӣ, матоъҳои гуногун ва маводу таҷҳизот барои корбарӣ харидорӣ намудааст. Соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Роғун, баҳри дар амал татбиқ намудани санадҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахсус Барномаи маxмӯи рушди тарбияи xисмонӣ ва варзиш дар шаҳр барои солҳои 2017-2020 ва нақшаи чорабиниҳо оид ба эълон гардидани соли 2019 ҳамчун соли “Рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” ва дигар санадҳои танзимкунандаи соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш тадбирҳои зарӯриро амалӣ карда истодааст. Аз ҷониби бахш дар маҷмуъ 35 маротиба чорабиниҳои гуногуни варзиши ва солимгардонӣ, 55 маротиба мулоқоту вохӯриҳо бо аҳолии Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ҷавонони шаҳр, хонандагону донишҷуён ва варзишгарон бо иштироки зиёда аз 6000 нафар ҷавонон баргузор карда шуд. Бахш ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мусобиқаи бошукуҳи дави Наврӯзи, гӯштини миллӣ дар маркази шаҳр, Ҷамоатҳои деҳоти Сичароғ, чорабинии варзиши бо теъдоди 1387 нафар ҷавонон дар сатҳи баланд доир кард. Бо мақсади сазовор таxлил намудани Рӯзи xавонон, Рӯзи олимпӣ ва xашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳр мусобиқаҳои оммави варзишии дави миллӣ ва веломарафони хурд бо иштироки 1384 нафар, чорабинии гуштини зюдо, мусобиқаҳои волейбол ва бозиҳои футбол миёни наврасону xавонон дар деҳаҳои ҳудуди шаҳр баргузор карда шуда, дар ин чорабиниҳо зиёда аз 1000 нафар xавонон xалб карда шуданд. Бо мақсади иҷрои талаботҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010 «Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» тибқи шумораи оморӣ 22 309 нафар занон зиндаги менамоянд, ки нисбат ба соли гузашта 382 нафар зиёд мебошад, алҳол 2524 нафар фаъолзанон дар мансабҳои гуногуни мақомоти иҷроия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳои шаҳр кору фаъолият доранд, ки аз ин шумора 148 нафарашон дар мансабҳои роҳбарикунанда кору фаъолият мекунанд. Имрӯзҳо намояндагони занон дар маҷлиси вакилони халқи шаҳр 7 нафар ва дар маҷлиси вакилони шаҳраку деҳот 10 нафарро муайян намудааст. Дар донишкадаҳои олии пойтахт айни ҳол 96 нафар духтарон тавассути квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд. Дар 6 моҳи соли 2019, тибқи Барномаи давлатии мусоидат бо шуғли аҳолӣ 51 нафар занон ва ҷавондухтарони бекор ба курсҳои кутоҳмуддати касбомӯзӣ ҷалб карда шудаанд. Теъдоди заноне ки аъзои ҳизби ҲХДТ мебошанд 3321 нафарро ташкил медиҳанд. Қобили қайд аст, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани «Рӯзи модар» ба куҳансолон, маъюбон ва фаъолзанони шаҳр ба маблағи 35,8 ҳазор сомонӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдони карда шуданд. Имрӯзҳо корҳои хонагӣ аз ҳисоби занон рушд ёфта сатҳи зиндагии аҳолӣ хубтар гардида истодааст. Зиёда аз 62 нафар занон ба корҳои либосдӯзӣ, нону кулчапазӣ, самбуса ва кулчақанд, бофтани ҷуробу жемперҳо, заргарӣ, муҳракашӣ, тайёр кардани гарданбандҳои бадахшонӣ, кокулҳои муҳрадор, адрасбофӣ, қороқдӯзӣ ва гулдӯзии миллӣ машғул мебошанд. Баҳри иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» оиди таҷлили баргузории маъракаҳо нишон дод, ки дар 6 моҳи соли 2019, 166 маърака ба қайд гирифта шудааст, ки аз он маъракаи тӯйи домодию арусӣ 149, ҳолатро ташкил медиҳад ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018, 64 маърака кам ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра нисбати 5 нафар ҷаримаи маъмури ба маблағи 16,5 ҳазор сомонӣ xарима татбиқ намуд. Хароxоти маъракаҳо дар ин давра 499,1 ҳазор сомонро ташкил дода, хароҷотҳои ҳар як маърака ба ҳисоби миёна ба маблағӣ 3350 сомонӣ рост меояд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта хароxоти ҳар як маърака ба ҳисоби миёна 410 сомонӣ зиёд мебошад. Аъзоёни комиссияҳои доимии танзими анъана ва xашну маросими xамоатҳо дар 6 моҳи соли 2019 ба мақсади таблиuу ташвиқ ва фаҳмондадиҳии моҳияти Қонуни мазкур ва риояи талаботҳои он 62 адад мулоқоту вохӯриҳо доир гардид ва мувофиқи нақшаи гуруҳи таблиuотию ташвиқотии назди мақомоти иxроия вохуриҳо идома доранд. Дар 6 моҳи соли 2019, дар ҳудуди шаҳр таваллуд 595 адад, вафот 52, никоҳ 164, муқаррар намудани падарӣ 141, барқарор намудани сабти таваллуд 212, иваз намудани ном ва номи падарӣ 129, бекор намудани никоҳ 35, ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018, таваллуд 118 адад зиёд, вафот 12 адад зиёд, никоҳ 8 адад кам, муқаррар намудани падарӣ 43 адад зиёд, ивази намудани насаб, ном ва номи падарӣ 18 адад зиёд, барқарор намудани сабти таваллуд 30 адад зиёд, ба қайд гирифта шудааст. Дар ин муддат 35 xуфт ақди никоҳ бекор карда шуд, ки аз ин шумора 29 адад дар асоси ҳалномаи суд 6 сабт дар асоси аризаи якxояи зану шавҳар, ки фарзанди умумии ноболиu надорад бекор гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 адад зиёд мебошад. Сабабҳои бекор гардидани ақди никоҳи оилаҳо; мувофиқ наомадани хислатҳо, муддати дароз фарзандор нашудан, ба муҳоxирати меҳнатӣ рафтан, дахолати дигар аъзоёни оила, телефони мобилӣ, беҳунарӣ ва uайра мебошад. Дар ҳудуди шаҳри Роuун никоҳи хешутабори ба қайд гирифта нашудааст. Инчунин никоҳ байни шаҳрвандони Тоxикистон ва шаҳрвандони хориxа ба расмият дароварда нашудааст. Аз тарафи қисми мустақили 45-уми Ҳарбикунонидашудаи Хадамоти Давлатии Оташнишонии шаҳри Роғун дар 3883 хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон ва 165 иншоот, ки дар ҳудуди маҳаллаҳои аҳолинишин ва ошёнаҳои авали бинои истиқоматии баландошёна фаъолият доранд, мавриди санҷиш қарор дода шуд. Дар натиҷа санҷиш аз рӯи ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор 44 адад (2018-308) протоколҳои ҳуқуқвайронкунии мармури тартиб дода шуда, бо қарорҳои мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор ҳуқуқвайронкунандагон ба намуди ҷарима ба маблағи 12570 сомонӣ ба ҷавобгарии маъмури кашида шудаанд. Дар натиҷаи санҷиши ҳолати бехатарӣ аз сӯхтор 188-адад минтақаҳои носози қувваи барқ, ки дар ҳолати хавфи сар задании сӯхтор қарор доштаанд безарар гардонида шуда, ба 12308 нафар сокинони маҳаллаҳои истиқомати оиди риояи талаботи қоидаҳои бехатари аз сухтор суҳбатҳо гузаронида шудааст. 26 ҳодисаҳои рӯх додани сӯхтор пешгирӣ карда шудааст. Дар 6 моҳи соли 2019 дар ҳудуди шаҳри Роғун, 2-ҳодисаи нохуши сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо ба маблағӣ 45,4 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расонида шудааст. Дар рафти санҷиши вазъи бехатари аз сухтори иншоотҳои хоҷагии халқ 68 маротиба доир ба риояи қоидаҳои бехатари аз сухтор суҳбату вохуриҳо гузаронида шуданд. Дар давоми 6 моҳи соли 2019, 10 ҳолати фавқулоддаи табии ва техногени дар ҳудуди шаҳр ба амал омадааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳодиса кам мебошад. Аз тарафи шуъбаи ВКД дар шаҳри Роғун нисбати ошкор намудани ҷиноятҳо, пешгирии онҳо ва ба низом даровардани тартибот дар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр чорабиниҳои зиёдеро амалӣ намудааст. Дар 6 моҳи соли 2019, аз тарафи шуъба ҳамагӣ 52 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 10 ҷиноят кам шудааст. Кушодашавии ҷиноятҳо дар ҳама самтҳои хизматӣ 84,45%-ро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботи аз тарафи ноболиғон 2 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта содиршавии ҷиноятҳо аз тарафи ноболиғон 1 адад кам мебошад. Бахши шиноснома ва бақайдгирии шуъбаи ВКД-и шаҳри Роғун дар 6 моҳи соли 2019, ба аҳолӣ ба миқдорӣ 1877 адад шиносномаҳои миллӣ додаст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 641 адад зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ 236 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 227 нафар кам мебошад. Аз ин шумора 22 нафари онҳо бо корҳои шахсӣ ва 214 нафари онҳо бо корҳои хизмати дар сохтмони НБО-и Роuун фаъолият менамоянд. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар роҳҳои автомобилгарди шаҳри Роғун 2 садамаи нохуши нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 3 нафар ҳалок (соли 2018-0) ва 3 нафар маҷруҳ (соли 2018-0) гардидаанд. Қайд намудан зарур аст, ки яке аз масъалаҳои асосӣ ин амалӣ гардонидани муроҷиати шаҳрвандон мебошад. Бо ин мақсад дар 6 моҳи соли ҷорӣ ба унвонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 адад аз Маxлиси намояндагони Маxлиси олии Xумҳурии Тоxикистон 3 адад ва аз мақомоти иxроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 1 адад ариза ворид шудаанд. Аризаҳои аз ҷониби шаҳрвандон ворид гардида бошад, 1193 ададро ташкил медиҳад, ки 834 ададаш муроҷиатҳои хаттӣ мебошанд, аз ҷумла: барои ҷудо намудани замини назди ҳавлигӣ 176 адад, оиди ҷудо намудани замин барои сохтмон 118 адад, барои хусуси намудани манзили истиқоматӣ 24 адад, барои кӯмаки моддӣ 32 адад, барои ҳуxxатгузори намудани замин 62 адад, оид ба зиёрати Каъба 29 адад, оид ба таъмин бо манзили истиқоматӣ 62 адад ва 45 адади дигар ҷиҳати ташкил намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ ва бунёди боғ мебошанд, 286 адади дигар масъалаҳои гуногунро дар бар мегиранд. Аз ин миқдор 774 тоаш мавриди иҷроиш қарор дода шуда, 60 аризаи дигар низ дар арафаи баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор доранд. Дар муқоиса ба соли гузашта 452 адад аризаҳои хаттии шаҳрвандон зиёд мебошанд. Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ 359 шаҳрванд ба қабули Раиси шаҳр ташриф овардаанд, ки муроҷиати шифоҳии онҳо пурра дар доираи қонунҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор дода шуда истодааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 233 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон зиёд гардидааст. Дар доираи нақша чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар марказҳои худфаъолиятии ҷамъиятии ҳудуди шаҳр дар 6 моҳи соли 2019, зиёда аз 66 вохӯриҳо доир гардид, ки аз ин теъдод, 37 вохӯрӣ дар асоси Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ва 29 маротибаи дигар бо ҷавонон ва фаъолон мебошанд. Мавзӯъҳои вохӯриҳо масъалаҳои нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористӣ ва экстремистӣ, риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», тарбияи ҳарбии ватандӯстии ҷавонон, ҷалби занон ба корҳои хонагӣ, ба шуғл фаро гирифтан, истифодаи мақсадноки замин ва дигар масъалаҳои шаҳрдориро дар бар мегиранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун минбаъд низ тамоми имкониятҳо ва саъю кӯшиши худро барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намуда, соли ҷориро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст хоҳад кард.
Добавить комментарий