Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2016-2020

 

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ

ШАҲРИ РОҒУН

    

Барномаи рушди иҷтимоию

иқтисодии ШАҲРИ РОҒУН

барои солҳои 2016-2020

 

     

Роғун – 2015


МУНДАРИҶА

 

Рӯйхати ихтисорот……………………………………………………………………………………………………….. 5

 

Пешгуфтор…………………………………………………………………………………………………………………… 7

 

БОБИ 1. ҲОЛАТИ УМУМӢ ВА

ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ВОҚЕИИ ШАҲРИ РОҒУН……………………………………………………….. 9

 

БОБИ 2. ИҚТИСОДИЁТ………………………………………………………………………………………….. 12

2.1 Соҳаи саноат………………………………………………………………………………………………………… 12

2.2. Соҳаи кишоварзӣ…………………………………………………………………………………………………. 17

2.3. Соҳаи соҳибкории хурду миёна…………………………………………………………………………… 28

2.4. Сохтмон……………………………………………………………………………………………………………….. 31

 

БОБИ 3. ИҶТИМОИЁТ……………………………………………………………………………………………. 33

3.1. Соҳаи маориф………………………………………………………………………………………………………. 33

3.2. Соҳаи тандурустӣ………………………………………………………………………………………………… 40

3.3. Соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ………………………………………………………………………………………….. 45

3.4. Соҳаи фарҳанг ва фароғат…………………………………………………………………………………… 51

3.5. Сайёҳӣ ва варзиш………………………………………………………………………………………………… 53

 

БОБИ 4. ИНФРАСОХТОР……………………………………………………………………………………….. 57

4.1. Таъминот бо оби нӯшокӣ ва хадамоти рифоҳӣ…………………………………………………… 57

4.3. Нақлиёт ва хоҷагии роҳ………………………………………………………………………………………. 61

4.4. Таъмини барқ ва газ…………………………………………………………………………………………….. 63

4.5. Алоқа ва фазои иттилоотӣ…………………………………………………………………………………… 64

 

БОБИ 5. ОМОДАГӢ БА ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА,

ПЕШГИРӢ ВА КАМ КАРДАНИ ҲОЛАТИ ХАТАРИ ОНҲО……………………………….. 66

 

БОБИ 6. ТАЪМИНОТ БО МАБЛАҒҲОИ ЗАРУРӢ……………………………………………….. 70

 

БОБИ 7. НИЗОМИ МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБӢ…………………………………………………. 73

 

Замимаҳо оид ба стратегияи рушди шаҳри Роғун аз рӯи соҳаҳо………………………………… 74

РӮЙХАТИ ИХТИСОРОТ

АТ                  Арзёбии таъсиррасон

АСМ              Агентии сохтмон ва меъморӣ

БУ                  Бонки умумиҷаҳонӣ

БДИ               Барномаи давлатииинвеститсионӣ

БРСММ        Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид

БРҶ                Барномаи рушди ҷомеа

Б/Ҷ                 Буҷети ҷумҳуриявӣ

Б/М                Буҷети маҳаллӣ

ВМҲИ           Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

ВРИС            Вазорати рушди иқтисод ва савдо

ВМЗО            Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об

ВМ                 Вазорати маориф

ВТ                  Вазорати тандурустӣ

ВН                  Вазорати нақлиёт

ВМ                 Вазорати молия

ВК                  Вазорати кишоварзӣ

ВЭС               Вазорати энергетика ва саноат

ГК                  Гурӯҳҳои кории секторӣ

ГФТ               Гурӯҳи фаъоли ташаббускор

ИМ                Идоракунии маҳаллӣ

ИҶ                 Иттиҳодияи ҷамъиятӣ

КДС               Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ

КАТС            Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ

МваА             Мониторинг ва арзёбӣ

МДҶ              Маркази дастгирии ҷамоат

МТС              Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ

М/Х               Маблағҳои худӣ

ТБМ              Ташкилоти байналмилалӣ оид ба муҳоҷират

МИМҲД      Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

МБҲ              Маркази барқии ҳароратдиҳанда

НБО               Нерӯгоҳҳои барқии обӣ

ПСМ             Партовҳои сахти маишӣ

РЕАКТ          Гурӯҳи зудбаҳодиҳандаи ҳолатҳои фавқулодда ва ҳамоҳангсоз

РИМ              Рушди иқтисодии маҳал

СВОТ            Паҳлӯҳои қавӣ, заиф ва имкониятҳою таҳдидҳо

СМ                 Созмонҳои маҳаллӣ

НМваА         Низоми мониторинг ва арзёбӣ

СМР              Стратегияи миллии рушд

СПКСК        Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ

СХМ              Соҳибкории хурд ва миёна

С/Х                Сармояи хориҷӣ

С/Д                Сармояи дохилӣ

ФҚХ              Фонди қарзии хурд

ФАО              Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид

ҲРҲ               Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола

 

 

 

Биниши шаҳри Роғун

(Тасаввуроти ояндаи шаҳр боназардошти иқтидорҳои мавҷуда)

 

Шаҳри Роғун бузургтарин манбаи асосии истеҳсоли нерӯи барқи обӣ дар Осиёи Миёна, дорои обанбори калонтарин ва табиати зебою дилангез дар кишвар буда, дар он соҳаҳои сайёҳӣ ва варзиш инкишоф ёфта, муҳити тозаи беҳдошти зиндагӣ ҳукмфармост. Барои рушди соҳибкорӣ ва ба роҳ мондани корхонаҳои хурду миёна тавассути захираҳои табиии мавҷуда тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Дар шаҳр мардуми гуногунмиллат ва аз ҷиҳати ақлониву зеҳнӣ ташаккулёфта истиқомат дошта, марказҳои фарҳангиву таърихӣ, инфрасохтори навин, хизматрасонии замонавии иҷтимоӣ бо кадрҳои баландихтисос фаъолият мекунанд.

 

ПЕШГУФТОР

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2016-2020 (минбаъд-Барнома) мувофиқи супориши Раиси шаҳр дар асоси “Дастурамали методӣ оид ба таҳия ва татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии рушди шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод шудааст, бо назардошти сиёсати давлат ва ҳуҷҷатҳои муҳимми стратегӣ, аз қабили Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015, барномаҳои миллӣ ва соҳавӣ аз тарафи гурӯҳи кории шаҳри Роғун дар ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳавӣ, ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва ҷамъиятӣ тарҳрезӣ шудааст.

Ҳадафи асосии Барнома дар натиҷаи рушди устуворонаи иҷтимоию иқтисодӣ ин беҳтар сохтани сифати зиндагӣ барои ҳамаи табақаҳои аҳолии шаҳр мебошад, ки он ба зиёдшавии даромад ва сатҳи шуғл ҳамчун натиҷаи рушди иқтисодӣ ва беҳтаршавии шароити зиндагии умумӣ ҳамчун натиҷаи болоравии боздеҳи захираҳо ва хароҷоти буҷет нигаронида шудааст. Ҳамзамон, Барномаи мазкур барои ноил шудан басе мақсади стратегии зерин замина мегузорад:

  • Муҳайё намудани фазои мусоид барои соҳибкорӣ (бизнес);
  • Ҳамгироӣ бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ;
  • Беҳшавии муҳити иҷтимоӣ.

Барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда дар соҳаҳои асосии хоҷагии халқи шаҳр чораҳои мушаххас пешбинӣ гардида, ҷалби сармояи дохилию ҳориҷӣ дар назар дошта шудааст. Воқеан, ҷалби ҳарчи зиёди сармояи хориҷӣ ва дохилӣ асоси амалӣ гардидани вазифаҳои дар барнома гузошташуда буда, дар ин самт аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тамоми имкониятҳо истифода мегарданд. Рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр барои солҳои 2015-2020 бо назардошти зиёдшавии имкониятҳои истеҳсолӣ пешбинӣ мешавад ва дар зиёдшавии маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ асос мегузорад.

Барномаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2016-2020 -176 лоиҳаро ба маблағи 252,6 миллинон сомонӣ дар бар мегирад, ки аз ин 124 лоиҳа маблағгузориаш муайян (бо маблағи 149,0 миллион сомонӣ) ва 52 лоиҳаи ба маблағи 103,6 млн. сомонӣ сарчашмаи маблағгузориаш номаълум мебошанд, ки барои онҳо фондрейзинг (дарёфти маблағ) гузаронидан лозим мешавад.

Аз шумораи умумии лоиҳаҳо 49-тои он ба маблағи 64,6 миллион сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 66 лоиҳа бо маблағи 73,9 миллион сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 53 лоиҳа бо маблағи83,1 миллион сомонӣ ба бахшиинфрасохтор ва 38 лоиҳа ба маблағи 31,0ба экология ва ҳифзи муҳити зист, пешгирииҳолатҳои фавқулодда ва оид ба беҳтар намудани иқтидори захиравии раванди идоракунии рушд тааллуқ дорад.

Сарчашмаҳои маблаггузории “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2016-2020” аз рӯи соҳаҳо (ҳаз. сомонӣ)

 

Соҳаҳо Ҳамагӣ Бучети ҷумҳуриявӣ Буҷети ноҳия Соҳибкорон ва аҳолӣ Сармояи хориҷӣ Маблағи ташкилоту корхонахо номуайян
Кишоварзӣ 24530 3100 750 3480 6800 2500 7900
Саноат 9650 4100 2250 1000 2300
Соҳибкории хурду миёна 30420 1320 3600 1079 2500
Ҳамагӣ, блоки иқтисодӣ 64600 3100 750 8900 12650 4579 35700
Маориф 31840 10150 3330 2610 7450 540 8300
Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 23260 1200 800 460 12000 540 5300
Соҳаи фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ 18790 4000 1200 620 5500 670 6800
Ҳамагӣ, блоки ҳифзи иҷтимоӣ 73890 15350 5330 3690 24950 1750 20400
Таъминот бо оби нӯшокӣ 10591,3 2358,3 495 595 3833 560 2750
Барқтаъминкунӣ 53690,6 7139,6 201 19400 1320 25630
Нақлиёт, роҳ ва алоқа 18800 1200 1750 1000 3300 1200 11550
Ҳамагӣ, инфрасохтор 83081,9 10697,9 2446 1595 26533 3080 39930
Экология ва ҳолатҳои фавқулодда 27045 12326 1439 1500 4200 7580
Таъминоти захиравӣ 4001 1315 875 976 976
Ҳамагӣ, арзиши БРШ шаҳри Роғун 252617,9 42788,9 10840 15685 69309 9409 104586

Барои татбиқи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2016-2020” аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 252,6 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла, аз ҳисоби:

Буҷети ҷумҳуриявӣ 43,0млн. сомонӣ;

Буҷети ноҳия 11,0 млн. сомонӣ;

Соҳибкорон ва аҳолӣ 15,7 млн. сомонӣ;

Сармояи хориҷӣ 69,3млн. сомонӣ;

Маблағҳои худии ташкилоту муассисаҳо 9,4млн. сомонӣ;

Лоиҳаҳои манбаи маблағгузориашон айни ҳол номуайян 104,6 млн. сомонӣ.

Шаҳри Роғун дорои Нақшаи генералӣ буда, мутобиқи он ҷойгиркуни иншоотҳо ва ободонии ноҳия амалӣ мегардад. Нақшаи генералии шаҳри Роғун дар замони Иттиҳодияи Шӯравӣ таҳия шудааст ва Нақшаи генералии шаҳраки Оби гарм аз ҷониби ҶСК «Шаҳрофар»-и шаҳри Душанбе таҳия карда шудааст.

 

Расми 1. Нақшаи генералии шаҳри Роғун

БОБИ 1.

ҲОЛАТИ УМУМӢ ВА ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ВОҚЕИИ ШАҲРИ РОҒУН

Маълумотҳои таърихӣ. Шаҳри Роғун дар қисмати шарқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳили дарёи Вахш ҷойгир аст. Масоҳати умумии шаҳри Роғун 661 км2– ро ташкил дода, бо ноҳияи Файзобод, шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Нуробод ва ноҳияи Балҷувон ҳамсарҳад аст. Масофа аз маркази шаҳр то шаҳри Душанбе 110 км ташкил медиҳад. Шаҳри Роғун 0,5 фоизи ҳудуди умумии ҷумҳуриро ишғол менамояд ба ҳайати шаҳр 3 ҷамоат шомиланд: шаҳраки Оби Гарм, деҳоти Қади Об, деҳоти Сичароғ.

Маълумоти фарҳангӣ ва таърихӣ. Таърихи ташаккули шаҳри Роғун ҳанӯз ҳам ба пуррагӣ омухта нашудааст. Бо назардошти он, ки дар ҳудуди ноҳияи Файзобод соли 1976 сохтмони НБО-и азими Роғун оғоз мегардад 25 декабри соли 1986 шаҳрчаи сохтмончиён бо номи Роғун ташкил гардида, шаҳраки Оби Гарм ҳамчун ҷамоат дар ҳайати он ворид шуд. Вале бозёфти олоту асбобҳои қадима аз ҷониби шаҳрвандон ва номи қадимаи баъзе деҳаҳо (Камари Муғул, Қалъаи Кофар) гувоҳи он мебошанд, ки диёри имрӯзаи Роғун таърихи қадима дорад.

Дар ибтидои таъсисёбиаш шаҳр ҳамчун ҷамоати шаҳраки Оби Гарм ном дошт, ки он шӯрои ҷамоат ва деҳаҳоро дар бар мегирифт. Аввалин маркази шаҳр интихоб гардида, баъдан марказ ба шаҳри навбунёди Роғун, ки дар пойгоҳи деҳаи Майдон бунёдгашта буд, кӯчонида шуд.

            Шароит ва захираҳои табииву иқлимӣ. Минтақаи кӯҳии шаҳри Роғунро аз қисмати шарқӣ- қаторкӯҳҳои Қаротегин ё худ қаторкуҳҳои Дарвоз ва аз қисмати ҷанубӣ бошад Сурхкӯҳи ноҳияи Файзобод иҳота намудааст, маркази шаҳр дар баландии 1460 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад Баландии қаторкӯҳҳо 3000-3500 метрро ташкил медиҳад.

Дар минтақа иқлими муътадил ҳукмфармост. Ҳарорати ҳаво зимистон ба ҳисоби миёна -5-15 С0, дар баландкӯҳҳо-10 то 20 С0, хунук ва тобистон аз + 20 С0 то +25 С0 гарм мешавад. Миқдори боришот баҳисоби миёна 700-1200 миллиметрро ташкил медиҳад. Дар фаслҳои тирамоҳу зимистон аз тарафи шимол ва ҷанубу шарқ бод бо суръати баланд мевазад.Иқлими мусоид ва заминҳои ҳосилхез имкон медиҳанд, ки соҳаҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ рушду нумӯ кунанд. Дар ноҳия себ, тут, чормағз, анор, зардолу, нок ва ангур парвариш карда мешаванд.

Ҳамзамон дар миқёси шаҳри Роғун обҳои шифобахши табии мавҷудан, ки дар заминаи онҳо аз соли 1947 осоишгоҳи Оби гарм фаъолият дорад.Оби маъдании осоишгоҳи Оби гарм барои муолиҷаи бемориҳои асаб, рагу пой, пӯст, гурда, ҷигар, касалиҳои занона, радикулит, осехандроз ва ғайра шифо мебахшад.

Олами набототи шаҳр бағоят ғанист. Дар минтақаи кӯҳӣ растаниҳои мавсимӣ ва буттаҳои гуногун месабзанд. Дар қисмати талу тепаҳо бошад, дарахтҳои пиставу бодом, буттаи дӯлона, дарахти шакунг, амрут, қаюм, себ, анҷир, олуча, гелос, нок, арғувон, арча, бушол, заранг, фарк, балар, орич, ирғай, чинор, тӯғ, санҷид, сафедор, шумтол, настаран, зирк ва ғайраҳо мерӯянд. Дар баландиҳои аз 3500 метр марғзорҳо мавҷуданд. Доманакуҳҳои шарқи чашмаҳои гарм доранд.

Шаҳри Роғун аз канданиҳои фоиданок низ бой аст. Мавҷудияти чунин сарватҳои табии аз ҷумла намак, ангиштсанг, мармар, сурма, мис, биринҷ, ва дигар фулузоти нодир

Вазъи демографии ноҳия. То 1 январи соли 2015 аҳолии шаҳри Роғун 41,1 ҳазор нафар ё 0,5 фоизи аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии аҳолии шаҳр 20,0 ҳазор нафар занҳо 48,6 фоизва 21,1ҳазор нафар мардҳо 51,4 фоиз ташкил медиҳад. Суръати афзоиши солонаи аҳолӣ 2,1 фоиз ва зичии аҳолӣ 123,5 нафарро дар 1 км2 ташкил медиҳад. Шаҳр аз рӯи хусусияташ саноатӣ буда, 49,7 фоизи аҳолӣ дар деҳот ва 50,3 фоизи онҳо дар шаҳр истиқомат доранд.

Дар давоми солҳои 2012-2014 аҳолии шаҳру деҳот 1,2 ҳазор нафар ё 3,0 фоиз афзоиш ёфтааст. Маълумоти ба рӯйхатгирии шумораи аҳолӣ дар соли 2012 нишон дод, ки шумораи аҳолӣ дар шаҳру деҳот 3,2 фоиз коҳиш ёфтааст (1600 ҳазор нафар). Сабаби коҳиш ёфтани аҳолӣ аз ҳудуди шаҳр ба дигар минтақаҳоӣ ҷумҳурӣ ва берун аз ҷумҳурӣ рафтани аҳолии шаҳр мебошад.

Ҷадвали№ 1. Шумораи аҳолии шаҳри Роғун ба ҳолати 1.01.2015.

 

Нишондиҳандаҳо Воҳиди ченак Шумораи умумӣ
2012 2013 2014
1 Хоҷагии хонавода адад 6470 6527 6612
2 Аҳолӣ нафар 40602 40853 41147
Аз ин, мард ҳазор 20,3 20,6 21,1
Зан ҳазор 19,7 19,9 20,0
Кӯдакони то синни 14 сола ҳазор 15,0 15,1 15,5
Гурӯҳи миёнасолон (15-62 (57 барои занон) сола) ҳазор 23,0 23,2 23,3
  Аз ҷумла, аз 15 то 18 сола нафар 3730 4097 4647
Гурӯҳи калонсолон (63 (58сола) ва боло) нафар 2070 2227 2304
Муҳоҷиронимеҳнатӣ нафар     2305
3 Аҳолии қобили меҳнат нафар 21300 21650 21970
4 Бекорони расман бақайдгирифташуда нафар 407 425 480
5 Аҳолии ба кор машғулбуда дар ташкилоту корхонаҳо нафар 4703 6205 7735
6 Шумораи коргарони дар иқтисодиёт машғулбуда нафар 20893 21225 21490
7 Шумораи ба соҳибкорӣ машғулбуда ҳазор 193 206 219

Аз шумораи умумии аҳолии қобили меҳнат 97,8 фоиз аҳолии дар иқтисодиёт машғулбуда, 10,5 фоиз дар муҳоҷирати меҳнатӣ ва 2,2 фоиз бекорони расман бақайдгирифташуда мебошанд. Таи се соли охир шумораи бекорони расман бақайдгирифташударуй ба афзоиш дорад, ки ин асосан аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатие, ки воридшавияшон ба Федератсияи Росия манъ карда шудааст.

Зиёд шудани шумораи бекорон метавонад дар оянда ба иқтисодиёти шаҳр таъсири манфӣ расонад.Барои паст намудани сатҳи бекорӣ ва таъмини аҳолӣ бо ҷои кори доимӣ дар доираи Барномаи рушди шаҳр барқарор намудани корхонаи бофандагӣ ва дигар корхонаҳои саноатӣ дар назар аст.

Сохтори таркиби аҳолии шаҳри Роғун аз тоҷикон, русҳо ва дигар миллатҳо иборат аст.

Ҷадвали № Ҳайати иҷтимоии аҳолии шаҳри Роғун ба ҳолати 1.01.2015

 

Тамоюлҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ.Роғун асосан шаҳри саноатӣ буда, шумораи корхонаҳои саноатии он имруз зиёда аз 17 ададро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатӣ дар соли 2014 беш аз 51 миллиону 080,3 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбати соли 2013 – 45,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад, ки ин тамоюл асосан ба суръат гирифтани ҷараёни сохтмони НОБ-и “Роғун” вобаста мебошад.

Бояд қайд кард, ки дар шаҳри Роғун калонтарин нерӯгоҳи обии барқӣ бунёд мегардад, ки он аҳамияти минтақавӣ дорад.НОБ-и Роғун калонтарин нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар Осиёи Марказӣ буда, сохтмони он соли 1976 оғоз гардидааст. Иқтидори лоиҳавии ин нерӯгоҳ ба 3600 мегаватт соат баробар буда, нерӯгоҳ дорои 6 агрегат (иқтидори ҳар як агрегат 600 мегават соат) мебошад. Нерӯгоҳ бояд дар як сол ба миқдори 13,1 миллиард киловатт соат нерӯи барқ истеҳсол намояд.

Айни замон дар сохтмони НОБ-и Роғун 7286 нафар фаъолият мекунанд. Дар шароити имрӯза варианти асосии сохтмони НОБ-и Роғун ба кор даровардани навбати аввали нерӯгоҳро дар назар дорад, ки дар натиҷаи он ду агрегати аввал бо иқтидори умумии 800 мегаватт соат ба кор шурӯъ хоҳад кард. Арзиши умумии навбати аввали нерӯгоҳ бо назардошти таҷҳизоти мавҷуда, барои ба кор даровардани ду агрегат, 590,7 миллион доллари амрикоиро талаб мекунад. Истеҳсоли солонаи нерӯи барқ дар ин ду агрегат ба 4,5 миллиард киловатт соат баробар аст.

Мувофиқи баҳодиҳии мутахассисон барои ба анҷом расонидани сохтмони НОБ-и Роғун бештар 2,2 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намудан зарур мебошад. Дигар корхонаҳои саноатии миқёси ноҳия ин корхонаҳои хурду миёнае мебошанд, ки асосан барои сохтмони НОБ-и Роғун фаъолият мекунанд.

Дар соҳаи кишоварзӣ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳа ва иҷрои барномаҳои дар ин самт қабулгардида тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардиданд. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2014 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба 62 миллиону 614,1 ҳазор сомонӣ расид, ки ин ба 93,3 фоизи соли 2013 баробар мебошад.

Шумораи хоҷагиҳои хурду калони деҳқонӣ дар шаҳри Роғун аз 1098 адад расонида шуд. Майдони умумии кишти зироатҳои шаҳри Роғун дар соли 2014 – 2279 гектарро ташкил медиҳад, ки аз 1869 га. ғалладонагӣ, 186 га. картошка, 135 га. сабзавот, 49 га. зироатҳои техникӣ, 11 га. полезӣ ва 73 га. хуроки чорво мебошад. Ҳосилнокии ғалладонагиҳо 18,8 сентнер картошка 223,0, сабзавот 165,3, зироатҳои техникӣ 8, ва полезиҳо 162,7 сентнерро ташкил додааст.

Саршумори чорвои калони шохдор дар шаҳр ба 17888 сар, чорвои майда 63039 сар ва парранда ба 36765 сар расонида шуд.Барои зимистонгузаронӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳрдар ҳаҷми 4739 тонна хӯроки чорво захира карда шудааст.

Дар давоми солҳои 2012-2014 ванимсолаиаввалисоли2015азтарафибонкҳо, ташкилотҳоиқарзӣвасармоягузоронбарои рушди соҳаҳоииқтисодивуиҷтимоиишаҳриРоғун 24 миллионсомонӣқарздодашудааст.

БомақсадитаъмирвадарҳолатизарурӣнигоҳдоштанироҳҳоимошингардишаҳриРоғуназҳисобибуҷетидавлатӣдумиллионсомонӣравонакардашудааст. Инчунин, дар ин давра дар шаҳриРоғунпанҷлоиҳаисармоягузориидавлатӣдарсоҳаҳоимаорифукишоварзӣ, таъминиобинӯшокӣ, шуғлиаҳолӣваободониимаҳалбамаблағиумумиибешаз 57 миллионсомонӣбаанҷомрасидааст. ҲолодаршаҳриРоғун 7 лоиҳаисармоягузориидавлатӣ барои баланд бардоштани сатҳинекӯаҳволиимардумишаҳрамалӣшудаистодааст, кимаблағиумумиионҳобешаз 120 миллионсомонироташкилмедиҳад.

Айни замон дар шаҳри Роғун филиали омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ваҳдат, Колеҷе муҳандисию техникии шаҳри Роғун, 49 мактаб, 1 хона-интернати бачаҳо ба номи Т. Қодиров,2 кӯдакистон ва мактаб – интернати бачагони болаёқат, хонаикӯдаконваМаркази эҷодиикӯдаконунаврасонфаъолият менамоянд ва дар онҳо 9163 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 474 нафар омӯзгорон таълим медиҳанд.

 

Таҳлили ҳолати воқеии шаҳри Роғун (SWOT)

 

Тарафҳои қавӣ Тарафҳои заиф
·         Мавҷуд будани нерӯгоҳҳои обии барқӣ ва обанбори калонтарин дар ҷумҳурӣ;

·         Дар шароити хуби ҷуғрофӣ ҷойгир будан ва доштани табиати дилҷалбкунанда барои рушди соҳаи туризм;

·         Мавҷуд будани захираҳои табиӣ (сангҳи ороишӣ, қум, шағал ва дигар маводҳои сохтмонӣ);

·         Шароити хуби иқлимӣ барои боғпарварӣ ва растанипарварӣ;

·         Мавҷуд будани чарогоҳҳои васеъ барои инкишоф додани соҳаи чорводорӣ;

·         Мавҷуд будани захираҳои меҳнатӣ ва кадрҳои баландихтисос;

·         Мавҷуд будани инфрасохтори аввалия.

·         Самаранок истифода набурдани иқтидорҳои мавҷуда;

·         Коркард нашудани ашёи хоми маҳаллӣ, набудани таҷҳизот ва технологияи замонавӣ барои коркарди онҳо;

·         Паст будани сатҳи фаъолияти хадамоти байторӣ ва набудани нуқтаҳои бордоркунии сунъии чорвои хушзот;

·         Набудани ҷойҳои кори доимӣ ва нокифоя будани музди меҳнат;

·         Баромада рафтани кадрҳои баландихтисос аз ҳудуди шаҳр;

·         Дар ҳолати бад қарор доштани роҳҳои маҳаллӣ, иншоотҳои обтаъминкунӣ ва шабакаҳои барқтаъминкунӣ;

·         Баланд будани фоизи қарзи бонкӣ барои рушди соҳибкорӣ.

Имкониятҳо Хатарҳо
·          Мавҷуд будани барномаҳои соҳавӣ ва қарорҳои махсуси ҲҶТ ҷиҳати пешбурди соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқ;

·         Бунёди НОБ-и Роғун;

·         Таъсиси минтақаи туристӣ;

·         Сохтмони шоҳроҳои Душанбе –Рашт-Саритош;

 

·         Ба вуҷуд омадани офатҳои табиӣ (сел, ярч, жола, обхезӣ, заминларза, боронгарии зиёд);

·         Паҳн шудани ҳашаротҳои зараррасон ва дигар касалиҳо;

·         Авҷ гирифтани бӯҳрони молиявию иқтисодӣ ва таъсири он ба иқтисодиёти шаҳр;

·         Боло рафтани сатҳи таваррум;

 

БОБИ 2. ИҚТИСОДИЁТ

2.1. Соҳаи саноат

 

Таҳлили ҳолати кунунӣ. Соҳаи саноат дар шаҳри Роғун яке аз соҳаҳои асосӣ ба шумор рафта, дар пешрафти иқтисодиёти шаҳр нақши пешбаранда ва муҳимро иҷро мекунад. Дар шаҳр16 корхонаи саноатӣ дар пойгоҳи корхонаҳои саноатӣ ва дар бунёди НОБ-и «Роғун» фаъолият дорад. Дар корхонаҳои саноатии шаҳри Роғун зиёда аз 7286 нафар аҳолии шаҳр кор мекунанд.

Диаграммаи 1. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ

дар тӯли солҳои 2012- 2014 (ҳаз. сомонӣ)

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2014нисбат ба соли 2012 ба андозаи 113,7 фоиз зиёд шуда,дар маҷмуъ соли 2014- 2292,6 ҳазор сомониро ташкил додааст. Афзоиши маҷмӯӣ маҳсулоти саноатӣ асосан ба оғоз ёфтани сохтмони НОБ-и Роғун вобаста мебошад.

Ҷадвали №1. Ҳолати корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Роғун (ба 01.01.2015)

 

Номгӯи корхонаҳо Шакли фаъолият ва ё истеҳсоли маҳсулот Иқтидори Лоиҳавӣ/ солона Иқтидори ҳозира/ солона Ҳолати техникӣ Истифодабарандагони маҳсулот
1 ҶСК НБО «Роғун» Бунёди НОБ 300 270,2 қаноатбахш Ҷумҳурии Тоҷикистон
2 ҶДММ «Интерстрой» Сохтмонӣ 1,5 1,0 қаноатбахш Ҷумҳурии Тоҷикистон
3 ҶДММ «Тоҷиккухкан» Бунёди нақб 8,0 7,8 қаноатбахш Ҷумҳурии Тоҷикистон
4 ҶДММ «Гидромантаж» Корҳои сохтмонию васлгарӣ 5,0 4,6 қаноатбахш Ҷумҳурии Тоҷикистон
5 ҶДММ «ШШК» Корҳои куҳканӣ 5,0 4,6 қаноатбахш Ҷумҳурии Тоҷикистон
6 ҶСК «Тоҷикнақбсоз» Корҳои нақбканӣ 50 47,1 қаноатбахш Ҷумҳурии Тоҷикистон
7 ҶДММ «Вестрансстрой» Роҳсозӣ ва нақбканӣ 5,0 4,3 қаноатбахш Ҷумҳурии Тоҷикистон
8 ҶДММ «Хингоб» Сохтмон ва васлкунии системаи оби 2,0 0,7 қаноатбахш Ҷумҳурии Тоҷикистон
9 ҶДММ «Вашгирд» Сохтмону васлгарӣ 3,0 0,2 қаноатбахш Ҷумҳурии Тоҷикистон
10 ҶДММ «Нур81» Низоми барқ ва энергетика 15,0 12,9 қаноатбахш Ҷумҳурии Тоҷикистон
11 ҶДММ «Нурафшон» сохтмонӣ 4,0 2,3 қаноатбахш Ҷумҳурии Тоҷикистон
12 КФ КИЭ №3 Корҳои ҷустуҷӯии геологӣ 5,0 0,3 қаноатбахш Ҷумҳурии Тоҷикистон
13 ҶСП «Умрон морун» сохтмонӣ 200,0 104,4 қаноатбахш Ҷумҳурии Тоҷикистон
14 ҶСНК «Рогунгесстрой» Сохтмони нерӯгоҳ   0,1 қаноатбахш Ҷумҳурии Тоҷикистон
15 ҶДММ «Строител К» Сохтмонӣ   0,1 қаноатбахш Ҷумҳурии Тоҷикистон
16 ҶДММ «Биносоз» Сохтмонӣ 3,0 0,1 қаноатбахш Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мушкилии асоси корхонаҳои саноатии шаҳр ин норасоии воситаҳои гардон ва қисман кӯҳнаю аз ҷиҳати маънавӣ фарсуда гардидани таҷҳизоти мавҷуда мебошад. Аз сабаби гарон будани нархи таҷҳизоти ҳозиразамон ва набудани воситаҳои молиявӣ азнавсозии таҷҳизоти мавҷуда барои корхонаҳо мушкил аст.

Дар баробари корхонаҳои саноатие, ки дар сохтмони НОБ-и “Роғун” саҳм мегузоранд дар миқёси шаҳр корхонаҳои хурди саноатӣ аз ҷониби соҳибкорон бунёд гардида, ба истеҳсоли маҳсулоти гуногуни саноатӣ машғул мебошанд.

Бояд қайд, кард, ки фаъолияти корхонаҳои мазкур айни замон назаррас намебошанд. Бо мақсади самаранок ва оқилона истифода намудани қувваи корӣ, махсусан занон сехи дӯзандагӣ ташкил карда шудааст, ки айни замон фаъолияташ мавсимӣ мебошад.

Ҷиҳати бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2005, №373 “Дар бораи Барномаи азнавсозӣ ва барқарорнамоии таҷҳизоти асосии Нерӯгоҳи Роғун барои солҳои 2009-2015” тасдиқ гардид, ки мутобиқи он дар тӯли солҳои 2012 – 2015 ба анҷом расонидани корҳои зерин ба нақша гирифта шудааст:

  • Таъмири асосии дарбанди кӯравии гидроагрегати №8;
  • Ба анҷом расонидани корҳои ивазнамоии таҷҳизотҳои ОТК-220 кВ ба КРУЭ 220 кВ;
  • Иваз намудани таҷҳизоти ОТК-500 кВ ба КРУЭ 500 кВ;
  • Ивазнамоии чархи кории гидроагрегати №5;
  • Гузаронидани таҳлили пурраи ҳаҷми обанбори Нерӯгоҳ;
  • Дастрас намудани қисмҳои эҳтиётӣ барои хомӯшкунакҳои генератор;
  • Дастрас намудани 1 адад системаи танзими гидроагрегатҳо ЭГР – 2м 100 /4;
  • Дастрас намудани шитҳои «Н» ва «АН» барои Нерӯгоҳ;
  • Дастрас намудани АГП-60 барои гидроагрегатҳо;
  • Дастрас намудани маҳсулоти резинӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ барои дарвозаҳои ОС аз ҚО (КВсГВ);
  • Иваз намудани воридаҳои (ввод) баландшиддат барои трансформаторҳо.

Ҷадвали №3. Ҳаҷми истеҳсоли намудҳои асосии маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои саноатӣ тӯли солҳои 2012- 2014 (дар шакли пулӣ аз рӯи нархҳои ҷории соли 2014)

Нишондиҳандаҳо Воҳиди ченак 2012 2013 2014 с. 2014

нисбати с. 2012 бо %

1 ҶСК НБО «Роғун» млн. сомонӣ 270,2
2 ҶДММ «Интерстрой» млн. сомонӣ 3,0 0,4 1,0 33,3
3 ҶДММ «Тоҷиккухкан» млн. сомонӣ 6,3 2,4 7,8 123,8
4 ҶДММ «Гидромантаж» млн. сомонӣ 4,0 4,6 115,0
5 ҶДММ «ШШК» млн. сомонӣ 2,1 3,1 4,6 219,1
6 ҶСК «Тоҷикнақбсоз» млн. сомонӣ 51,4 30,1 47,1 91,6
7 ҶДММ «Вестрансстрой» млн. сомонӣ 9,5 3,2 4,3 45,3
8 ҶДММ «Хингоб» млн. сомонӣ 0,9 1,3 0,7 77,8
9 ҶДММ «Вашгирд» млн. сомонӣ 0,2  
10 ҶДММ «Нур81» млн. сомонӣ 12,9  
11 ҶДММ «Нурафшон» млн. сомонӣ 2,4 7,3 2,3 95,8
12 КФ КИЭ №3 млн. сомонӣ 0,3  
13 ҶСП «Умрон морун» млн. сомонӣ 104,4  
14 ҶСНК «Рогунгесстрой» млн. сомонӣ 600,3 410,9 0,1 0,02
15 ҶДММ «Строител К» млн. сомонӣ 0,9 0,6 0,1 11,1
16 ҶДММ «Биносоз» млн. сомонӣ 0,1  

Аз рӯи нақшаи нишондиҳандаи дурнамо бо назардошти таҷҳизонидани корхонаҳо бо технологияи нав ва пурра ба фаъолият даровадани иқтидорҳои мавҷудаи онҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2015 дар киёс ба соли 2012 қариб 4 фоиз зиёд мешавад.

Диаграммаи 3. Нақшаи дурнамои ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ

барои солҳои 2016- 2020 (млн. сомонӣ)

 

Дар сатҳи миллӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои хурду миёна қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Нақшаи амал оид ба таъсисёбии корхонаҳои саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2013” ба тасвиб расид (аз 21.04.12, №175), ки дар асоси он дар шаҳри Роғун бунёди як қатор корхонаи саноатӣ дар назар дошта шудааст.

 

Иқтидори мавҷуда. Манбаи асосии афзун гардонидани нишондиҳандаҳои ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотӣ дар шаҳр фаъолияти самараноки нерӯгоҳҳои мавҷуда мебошад. Илова бар ин дар шаҳр дигар иқтидорҳои калони саноатӣ низ мавҷуданд, ки ҳангоми ба кор даровадани онҳо имконияти гирифтани даромади иловагӣ ва бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани аҳолии шаҳр мавҷуд аст.

Дар шароити кунунӣ баланд будани фоизи қарзҳои бонкӣ ва мӯҳлати кӯтоҳи баргардонии онҳо, инчунин кам будани ҳавасмандгардонии моддию маънавӣ барои рушди минбаъдаи соҳаи саноат монеаҳои зиёд пеш меоварад.

 

Мушкилиҳои соҳа:

  • Аз кор боз мондани баъзе корхонаҳо баъд аз хусусӣ гардонидани онҳо;
  • Баланд будани фоизи қарзҳои бонкӣ ва мӯҳлати кӯтоҳи баргардонии онҳо;
  • Кам будани ҳавасмандгардонии моддию маънавӣ барои рушди минбаъдаи соҳаи саноат;
  • Маҳдуд будани буҷети маҳаллӣ барои дастгирии молиявии корхонаҳо;
  • Кӯҳнаю фарсуда шудани таҷҳизот ва сатҳи пасти таъмини инноватсионии корхонаҳо;
  • Истифодаи сусти усулҳои нави менеҷмент ва маркетинг дар корхонаҳо;
  • Набудани инвеститсияи дохилию берунӣ барои рушди соҳа;
  • Имкониятҳои маҳдуд ҷиҳати истифодаи самараноки такрористеҳсол.

 

2.2. Соҳаи кишоварзӣ

 

Хоҷагии кишоварзӣ дар баробари дигар соҳаҳо дар рушди иқтисодиёти шаҳр нақши муҳим мебозад. Гарчанде шаҳриРоғуншаҳрисохтмончиёнуэнергетикҳоаст, валеҳиссаисоҳаикишоварзӣ, махсусанбоғпарвариюрастанипарварӣ, чорводориюкартошкапарварӣвасабзавоткорӣдарсамтитаъмини қувваиқобилимеҳнатбоҷойикоридоимӣвамуассисаҳоитаълимиюнуқтаҳоихӯрокиумумиишаҳрбомаҳсулотитарутозаиистеҳсолихудӣхеленазаррасмебошадваметавонадбароирушдииқтисодиишаҳрнақшимуассирбозад.Зеро аҳолӣвамуассисаҳоихӯрокиумумии шаҳрбамаҳсулотизикршудаэҳтиёҷидоимӣдорандватабиист, киинталаботсолазсолафзоишмеёбад.

Ҳоҷагиҳои кишоварзии шаҳру деҳот бештар ба растанипарварӣ, боғдорӣ, чорвопарварӣ ва занбӯри асалпарварӣ шуғл доранд. Аз зироатҳои техникӣ зағир ва аз зироатҳои ғалладонагӣ: гандум, ҷав, нахӯд, ҷуворимакка барои дон парвариш карда мешавад. Зиёда аз 80 фоизи аҳолии қобили меҳнат (27,6 ҳазор нафар) дар деҳот зиндагонӣ дошта, дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият мекунанд.

Аз шумораи умумии аҳолии қобили меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ 8788 нафар (аз ин 5448 нафар зан), ё ки 40 % аҳолӣ машғул мебошанд. Аҳолии шаҳру деҳот қисми зиёди даромади худро аз ҳисоби фурӯши мева ва маҳсулоти чорводорӣ ба даст меоранд.

Истеҳсолкунандаи асосии маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳр хоҷагиҳои хонавода, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва хоҷагиҳои ёрирасони назди корхонаву муассисаҳои миқёси шаҳр ба ҳисоб мераванд. Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар истеҳсоли ғалладонагиҳо, мева, сабзавот, картошка, асал ва хоҷагиҳои хонавода бошад, дар истеҳсоли шир, гӯшт, тухм ва пашм назаррас мебошад.

Ҳаҷми маҷмӯӣ маҳсулоти кишоварзии шаҳр дар соли 2014 – 62,3 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ин ба 94,7 фоизи сатҳи соли 2013 баробар мебошад. Сабаби асосии паст шудани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ пез аз ҳама номусоидии боду ҳаво, паҳн шудани касалии байни чорво ва такмил додани низоми баҳисобгирии оморӣ арзёбӣ мегардад.

Аз рӯи маълумоти расмии соли 2014 ҳиссаи маҳсулоти истеҳсолкардаи хоҷагиҳои шаҳр, аз ҷумла, ғалладонагӣ – 0,16%, полезиҳо – 0,01%, сабзавот – 0,20%, картошка – 0,29%, меваҷот – 0,51%, шир – 1,8%, гӯшт – 0,4%, тухм – 2,2%, асал – 2,1% ва пашм – 0,4 фоиз нисбати соли 2013 кам истеҳсол шудааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳисилнокии зироатҳои кишоварзии шаҳри Роғун дар қиёс ба дигар шаҳру ноҳияҳо пасттар мебошанд, зеро бештари заминҳои киштшавандаи хоҷагиҳои ин минтақа лалмӣ ва дар баландкуҳҳо ҷойгир мебошанд.

Ҳадафи асосии Барномаи мазкур дар самти кишоварзӣ дар панҷ соли минбаъда ба васеъ намудани майдони заминҳои кишоварзӣ махсусан боғҳо аз ҳисоби чорогоҳҳо ва талу теппаҳо мебошад, Инчунин таъмини инкишофи мунтазами соҳаи чорводорӣ, занбури асалпарварӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии соҳаи кишоварзии шаҳри Роғунмаҳсуб меёбад.

Шакли фаъолияти соҳаи кишоварзӣ. Сохтори идоракунии кишоварзии шаҳри Роғун аз 4 хоҷагии ёрирасон, 1096 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 2213 хоҷагии хонавода иборат мебошад, ки сарварии 17 хоҷагиҳои деҳқонии миқёси шаҳрро занҳо ба уҳда доранд.

Таъминот бо техникаи кишоварзӣ. Бо техникаи муосир таъмин гаштани хоҷагиҳо дар рушди соҳаи кишоварзӣ нақши асосиро иҷро мекунад. Аз 122 адад техникаву таҷҳизоти дар тавозуни хоҷагиҳои кишоварзӣ мавҷудбуда 61,5 фоизаш коршоям (75 адад) ва 39 фоизаш (47 адад) дар ҳолати корношоям қарор доранд. Аз шумораи умумии техника ва таҷҳизот 10% трактори шудгоркунанда (12 адад), 12% трактори чархдор (15 адад), 19% ядаки тракторӣ (23 адад), 5% чизелҳои тракторӣ (5 адад), 48% испори говӣ (59 адад) ва 6% испори аспӣ (8 адад) мебошанд. Дар заминҳои лалмӣ ва санглохи миқёси шаҳри Роғун кишоварзон бештар аз чорвои корӣ истифода мебаранд (гов ва асп). Барои таъмир ва барқарорсозии техникаю таҷҳизоти мавҷуда маблағи зиёд лозим аст ва таъмири онҳо аз ҳисоби хоҷагиҳои миқёси шаҳр ғайримкон мебошад.Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби паст шудани даромаднокии хоҷагиҳо нарасидани техника мебошад. Таи 20 соли охир дар ноҳия ягон адад трактори муқаррарии кишоварзӣ ворид шудааст, ки ба ҳар як трактори воридшуда 782 гектар замини корам, 147 гектар майдони боғ ва умуман ба ҳар трактор 929 гектар рост меояд.

Бо мақсади таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ (феомерӣ) ва аҳолӣ дар давоми 5 соли охир зиёда аз 50 адад тракторҳои хурд ва дигар таҷҳизотҳои хурди кишоварзӣ махсусан дар ҷамоати деҳоти Қади об ва ҷамоати шаҳраки Оби гарм ворид карда шудааст.

Омили дигаре, ки ба пешрафти истеҳсоли кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад, ин маълумоти кифоя надоштани сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад (зиёда аз 80 %-и онҳо таҷрибаи корӣ ва маълумоти кишоварзӣ, 90% таҷрибаи роҳбарикунӣ надоранд ва 92 фоизи хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкили дурусти ҳисобу китоби хоҷагидориро ба роҳ намондаанд).

Мушкилиҳое, ки ба он истеҳсолкунандагони хоҷагиҳои кишоварзӣ рӯ ба рӯ мешаванд, аз ин иборат аст:

  • Дар ҳолати ногувор қарор доштани базаи моддию техникӣ ба сабаби кофӣ набудани вазъи молиявии хоҷагиҳо, дастрас набудани қисмҳои эҳтиётӣ, камчинӣ ва гаронии нархҳои сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ;
  • Бинобар аз ҳад зиёд фарсуда шудани бештари техникаю таҷҳизоти кишоварзӣ қобилияти самаранокии истифодаи хешро гум кардаанд ва кишоварзон ба техникаю таҷҳизоти нав ниёз доранд;
  • Сатҳи пасти маълумотнокӣ ва набудани таҷрибаи кофии кишоварзӣ;

Истифодаи заминҳо. Аз рӯи маълумоти расмӣ то 31.12 соли 2014 ҳамаи заминҳои дар ҳудуди марзи маъмурии шаҳр мавҷудбуда 63265 гектар ва шумораи ифодабарандагони замин бошад, 4158 нафарро ташкил дод. Ҳамаи заминҳои қобили истифодаи корхонаҳои кишоварзӣ 25938 гектарро (аз ин 636 га обӣ) ташкил медиҳад, ки аз ин 11726 га бевосита заминҳои кишоварзӣ (372 га обӣ), 632 га замини наздиҳавлигӣ (249 га обӣ), 115 га замини ёрирасони шахсӣ (15 га обӣ), 54 га фонди захиравӣ, 29 га ҷангалу бешазор, 1278 га буттазор, 3 га ботлоқзор, 228 га замини зери об, 114 га заминҳои зери роҳҳо ва роҳҳои чорвогузар, 165 га замини зери иморату иншоот, кӯчаҳо ва майдонҳо ва 11648 га дигар заминҳо мебошанд.

Бояд қайд кард, ки заминҳои корами обӣ тавассути шабакаҳои обтаъминкунӣ обёрӣ карда мешаванд. Аз масоҳати умумии заминҳо 65 фоиз (25938 гектар) марбут ба корхонаҳои кишоварзӣ, 2,5 фоиз (632 гектар) замини наздиҳавлигӣ, 1,2 фоиз замини шахсӣ ва 31,8 фоиз дигар заминҳо мебошанд. Аз 11726 га замини дар истифодаи кишоварзибуда 62,6 фоизи он ба хоҷагиҳои деҳқонӣ вобаста карда шудааст.

 

Ҷадвали №1. Майдони заминҳои кишоварзӣ

Нишондодҳо Замини корам Аз ҷумла обӣ Дарахтони бисёрсола аз ҷумла обӣ Чарогоҳ
Ҳамаи заминҳои кишоварзӣ 34466 599 682 207 31225
Аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) 28461 258 115 27 26203
Ба ҳисоби фоиз (%) 82,6 43,1 17,0 13,0 83,9

 

Майдони умумии боғҳои шаҳр, ки 442 га-ро ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 32 га боғҳои обӣ мебошанд. Заминҳои корами обӣ асосан барои кишти картошка, сабзавот, полезӣ, ғалладонагӣ ва зироатҳои хӯроки чорво истифода бурда мешаванд

 

Диаграммаи №1. Сохтори истифодаи умумии замини кишоварзӣ (ба ҳисоби %)

Соли 2014дар майдони 2279 га.кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки нисбати соли 2013 – 39га. кам мебошад, ки ин асосан ба кучонидани аҳолии минтақаҳои зириобмонда вобаста аст.

 

Диаграммаи №2. Истифодаи замин аз рӯи кишти зироатҳо

дар соли 2014 (бо ҳисоби%)

 

 

Маҳсулоти кишоварзӣ ва даромади он. Соли 2014 хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия бо назардошти ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 62,6 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки аз ин 28,3 млн. сомонӣ ба соҳаи растанипарварӣ (45,2%) ва 34,0 млн. сомонӣ ба соҳаи чорводорӣ (54,4%) рост меояд. Ҳиссаи хоҷагиҳои хонагӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёдтар аст. Аз рӯи маълумоти расмӣ соли 2014 ба як нафар 85,5 кг ғалладонагӣ, 54,2 кг сабзавот, 100 кг картошка, 23,3 кг мева, 15,2 литр шир, 17,4 кг гӯшт рост омад.

 

Диаграммаи №3. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ аз

рӯи ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар солҳои 2012-2014

(млн. сомонӣ)

Новобаста аз болоравии ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ даромаднокии хоҷагиҳо таи ин солҳо кам шудааст. Маҳсулоти истеҳсолшуда наметавонад талаботи дохилии ноҳияро қонеъ гардонад.

Бо назардошти истифодаи имкониятҳои мавҷудаи соҳаи кишоварзии шаҳри Роғун ва мутобиқи нақшаи дурнамо соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои амалӣ 52,9 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки аз ин 25,2 млн. сомонӣ ба соҳаи растанипарварӣ ва 27,7 млн. сомонӣ ба соҳаи чорводорӣ рост меояд. Аз рӯи нақшаи дурнамо суръати афзоиши ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ соли 2020 дар қиёс ба соли 2015-28,0% пешбинӣ шудааст.

 

Диаграммаи №4. Дурнамои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таи

солҳои 2012-2015 бо нархҳои амалӣ (млн. сомонӣ)

 

Дурнамои рушди соҳаи кишоварзии шаҳри Роғун бо назардошти ба истифода додани НОБ-и Роғун ва афзоиши аҳолии шаҳр пешбинӣ карда шудааст.

Растанипарварӣ. Растанипарварӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзии шаҳр ба ҳисоб рафта, ҳиссаи он дар истеҳсоли маҷмӯи умумии маҳсулоти кишоварзӣ 48,7 фоизро ташкил медиҳад. Инкишофи соҳа дар афзоиши даромади хоҷагиҳо нақши калон дорад ва аз ин сабаб ба ин соҳа бештар аҳамият дода мешавад. Хоҷагиҳои ноҳия ба парвариши ғалладонагӣ (гандум, ҷав, нахӯд, ҷуворимакка барои дон) зироатҳои техникӣ (зағир, кунҷит), картошка, савзавот (карам, сабзӣ, пиёз, помидор, бодиринг ва ғ.), полезӣ (тарбуз ва харбуза) ва хӯроки чорво машғуланд. Таи панҷ соли охир аз ҳисоби кам шудани майдонҳои кишти ғалладонагӣ ва хӯроки чорво кишти картошка 12%, сабзавот 15,2%, полезӣ 70,6 маротиба васеъ ва дар майдони 45 га боғи нав бунёд карда шуд.

 

Ҷадвали №2. Истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ

 

Номгӯи нишондиҳандаҳо Ченак Солҳо 2015 нисбат ба 2011(бо %)
2011 2012 2013 2014 2015
1.Майдони кишт га 850 856 936 962 921 108,3
Fалладонагӣ тонна 736 780 1405 1463 1374 186,7
Ҳосилнокӣ с/га 8,7 9,0 14,9 15,1 14,9 171,3
2.Майдони кишт га 46 49 53 55 58 126,1
 Зироатҳои техникӣ (зағир) тонна 2,8 3,1 3,7 3,9 4,1 146,4
Ҳосилнокӣ с/га 6,1 6,3 6,9 7,0 7,1 116,4
3.Майдони кишт га 87 85 79 80 91 104,6
Сабзавот тонна 1575 1576 1585 1600 1703,0 108,1
Ҳосилнокӣ с/га 169,5 169,6 180,8 182,3 187,0 110,3
4.Майдони кишт га 69 69 69 70 77 111,6
 Картошка тонна 299 300 303 332 358,0 119,7
Ҳосилнокӣ с/га 43,3 43,5 43,9 47,4 47,0 108,5
5.Майдони кишт га 21 37 17 25 29 138,1
 Полезӣ тонна 120 134 135 168 174 145,0
Ҳосилнокӣ с/га 57,1 34,5 73,5 60,4 60,0 105,1
6.Майдони мевагӣ га 433,3 475,7 700 791 739 170,5
 Мевагӣ тонна 1976 2036 2046 2156 2171,5 109,9
Ҳосилнокӣ с/га 45,6 42,8 44,2 41 43,5 95,4
7. Майдони ангур га 106,7 119,4 137 127 128 120,0
 Ангур тонна 426 554 555 559 567,0 133,1
Ҳосилнокӣ с/га 39,9 46,4 48,2 51,0 46.8 122,3
8.Майдони кишт га 92 52 68 56 60 65,2
Зироатҳои х/чорво тонна 555 591 643 693 746 134,4
Ҳосилнокӣ с/га 60,3 113,6 94,5 123,7 124,3 2,1м

Гарчанде истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ таи се соли охир 60 фоиз афзоиш ёфта бошад ҳам, вале талаботи бозори дохилии шаҳрро бо маҳсулот қонеъ карда наметавонад. Дар шаҳри Роғун имконияти зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисоби васеъ намудани майдони боғҳова беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обӣ мавҷуд аст. Таи солҳои охир аз сабаби нарасидани оби полезӣ, бад шудани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда, хушкшавии боғҳо ва фарсуда шудани пойгоҳҳои обкашӣ дар мавзеи Қалъаи нав ва Чашмаи куло ҳосили дилхоҳ гирифта намешавад. Дар ҳолати таъмиру барқарор намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзии шаҳримконияти то 15-20 фоиз зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳр пайдо мешавад. Сабаби дигари паст шудани ҳосили зироатҳо ин набудани тухмии хушсифат, гаронии нархи сӯзишворию равғанҳои молиданӣ, сари вақт истифода набурдани нуриҳои минералӣ, заҳрхимикатҳо ва умуман риоя накардани қоидаҳои агротехникӣ аст.

Таҳлилҳо собит месозанд, ки дар ҳолати 20 сентнер зиёд истеҳсол намудани ғалладонагиҳо аз 1 гектар хоҷагиҳо имконият пайдо мекунанд, ки хароҷоти худро пӯшонида даромади иловагӣ ба даст оранд.

Ғалладонагӣ. Аз майдони умумии кишт 71,1 фоизи он барои парвариши маҳсулоти ғалладонагӣ, аз ҷумла гандум, ҷав, нахӯд, ҷуворимакка пешбинӣ мешавад. Дар сохтори майдони кишти ғалладонагӣ 92,5 фоизро кишти гандум ташкил медиҳад (834 га). Дар ҳудуди шаҳр ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар парвариши ғалла 80 фоизро ташкил медиҳад.

Истеҳсоли ғалладонагӣ таи 20 соли охир тадриҷан зиёд шуда бошад ҳам, вале талаботи аҳолиро пурра қонеъ карда наметавонад. Роғун минтақаи кӯҳистон буда, кишти ғалладонагӣ дар заминҳои лалмӣ гузаронида мешавад ва аз ин сабаб ҳосилнокии он дар қиёс ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хело паст аст. Солҳои охир аз ҳисоби кам кардани кишти ғалладонагӣ дар заминҳои обӣ майдони кишти сабзавот, полезӣ ва картошка васеъ карда шудааст. Дар баробари ғаллакорӣ барои шаҳр сабзавоткорӣ, полезӣ ва боғдорӣ низ соҳаҳои афзалиятнок мебошанд.

Сабзавоткорӣ. Дар ноҳия кишти сабзавот барои таъмини бозори дохилӣ ба роҳ монда шудааст. Ба парвариши сабзавот асосан хоҷагиҳои хонагӣ ва деҳқонӣ шуғл доранд, ки аз маҳсулоти кишткардашуда 18,6 фоиз ба сектори хоҷагиҳои деҳқонӣ, 67,0 фоиз ба аҳолӣ ва 14,4 фоиз ба сектори ҷамъиятӣ рост меояд. Истеҳсоли маҳсулоти сабзавоткорӣ 33 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти растанипарвариро ташкил медиҳад.

Таи панҷ соли охир майдони кишти сабзавот қариб 6 фоиз васеъ карда шуда, истеҳсол ва ҳосилнокии он мунтаносибан 1,6 – 11 фоиз афзоиш ёфтааст.

Аҳолӣ асосан ба парвариши сабзӣ, пиёз, помидор, бодиринг, қаламфур, карам, картошка ва каду шуғл дошта, сарчашмаи даромад барои қисми аҳолӣ аст. Сабзавот асосан дар ҷамоатҳои шаҳраки Оби гарм, Қади об ва Сичароғ ва маҳсулотҳои полезӣ бошад, дар маҳаллаҳои доманкӯҳи ҷамоати деҳоти Қади об бештар парвариш карда мешавад. Шароити иқлимии шаҳри Роғун барои васеъ намудани гармхонаҳо мусоид аст ва дар оянда бунёди гармхонаҳо барои парвариши сабзавот яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷаи Барномаи рушди шаҳр маҳсуб меёбад.

Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти худӣ ва пешгирӣ намудани нарх дар бозор сол аз сол болоравии истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ дар назар аст. Аз рӯи нақшаи нишондиҳандаи дурнамо дар солҳои 2016-2020 майдони кишти сабзавот аз 10 то 15 фоиз васеъ шуда, истеҳсоли сабзавот 8-10 фоиз афзоиш меёбад. Аз ҷумла, соли 2020 дар қиёс ба соли 2016 истеҳсоли сабзавот 21,5%, картошка 20,0%, ва мева 21,0% зиёд хоҳад шуд.

Диаграммаи №5. Нақшаи дурнамои истеҳсоли

маҳсулоти растанипарварӣ таи солҳои 2016-2020 (тонна)

 

Мутобиқи нақшаи дурнамо соли 2020 дар қиёс ба соли 2016 майдони кишти умумӣ 15,7%, аз ҷумла ғалладона 5,3%, сабзавот 6,5% ва картошка 3,9% васеъ карда шуда, истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ 10,0 фоиз зиёд хоҳад шуд.

Дар сатҳи кофӣ инкишоф наёфтани соҳаи кишоварзӣ, бахусус соҳаи растанипарварӣ дар солҳои охир ба омилҳои зерин вобаста аст,

  • дахолати мақомоти давлатӣ ба фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзӣ оид ба нақшагирӣ, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти он;
  • набудани корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ;
  • маҳдуд будани дастрасии хоҷагиҳои фермерӣ ба қарзҳои камфоизу дарозмӯҳлат;
  • паст будани хизматрасониҳо ва ҳолати бади инфрасохтор дар хоҷагиҳои кишоварзӣ, бахусус дар мавриди таъминот бо оби полезӣ ва роҳҳои маҳаллӣ;
  • набудани кафолати озод барои хоҷагиҳои деҳқонӣ дар интихоби кишти зироат.

 

Диаграммаи №6. Нақшаи дурнамои майдони кишти заминҳо

дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар солҳои 2016-2020

 

 

Боғпарварӣ. Боғпарварӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва даромадноки шаҳр аст. Ин соҳа хусусияти стратегӣ низ дорад, зеро дар афзун гардонидани бозори дохилӣ ва берунӣ бо меваи тару тоза нақши муҳим бозида, манбаи содиротӣ ва ба кори доимӣ таъмин намудани аҳолии шаҳр мебошад.

Иқлими шаҳри Роғун имконият медиҳад, ки майдони боғҳоро аз ҳисоби ниҳолҳои серҳосил (дар доманакӯҳҳо себ, нок, зардолу, шафтолу, чормағз, олу, олуча, бодом ва дигар меваҳои донакдор), васеъ намуда, талаботи бозори дохилӣ ва беруниро пурра бо меваи тару тоза таъмин кард. Дар солҳои охир аз сабаби нарасидани об ва нагузаронидани корҳои агротехнологӣ бисёр дарахтони себ, зардолу, шафтолу хушк гардида, дар ҷамоатҳои шаҳраки Оби гарм, деҳоти Қади об ва Сичароғ боғҳо қисман хушк шудаанд. Дар ҳолати ба об таъмин намудани ин боғҳо эҳтимолияти гирифтани даромади иловагӣ мавҷуд аст, вале аз сабаби дастрасӣ надоштан ба оби полезӣ хоҷагиҳо хисороти зиёд дида, ҳосилнокӣ сол то сол паст шуда истодааст. Талаботи рӯзафзун ба меваю масолеҳи сохтмонӣ, бахусус чӯбу тахта (аз ҳисоби шинондани дарахтони бемева) дар суръатбахшии ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр ҳиссаи худро мегузорад ва ин тақозо ба он дорад, ки боғдорӣ дар оянда ривоҷ дода шавад. Тайи солҳои 2012-2015 дар хоҷагиҳои шаҳр зиёда аз 324 га боғи нави дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан бунёд карда шудааст, ки барои дар оянда зиёд намудани истеҳсоли меваҷот ва таъмини аҳолӣ ба масолеҳи сохтмонӣ имконияти калон аст.

Мутобиқи нақшаи нишондиҳандаи дурнамо то соли 2020 майдони боғҳо аз ҳисоби замини корами обӣ васеъ карда шуда, майдони умумии онҳо 494 га. чашмдошт шудааст.

Таи солҳои охир барои амалӣ гардонидани «Барномаи мақсадноки давлатии рушди соҳаи боғдорӣ ва тадриҷан зиёд намудани истеҳсоли мева, парвариши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» зиёд намудани майдони боғҳо ва истеҳсоли мева дар солҳои оянда ба нақша гирифта шудааст.

Солҳои охир истифода набурдани заҳрхимикатҳо ва нагузаронидани дигар чорабиниҳои агротехникӣ ба муқобили ҳамагуна ҳашаротҳои зараррасон боиси нест шудани боғҳо гардида, ба паст шудани ҳосилнокӣ оварда расонидааст. Дуруст ба роҳ мондани муҳофизати боғот аз касалиҳо ва ҳашароти зараррасон метавонад дар баланд шудани ҳосилнокӣ ва зиёд шудани истеҳсоли меваҷот кӯмак расонад.

Дар панҷ соли оянда дарёфти маблағ барои ҳимояи маҳсулоти кишоварзӣ бо истифодаи усулҳои агротехникӣ, механикӣ, биологӣ ва кимиёвӣ яке аз ҳадафҳои асосии Барномаи мазкур аст.

Системаи обёрӣ. Обёрӣ ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо яке аз мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳаи кишоварзии шаҳр аст. Ҳалли мушкилиҳои мазкур метавонад ба болоравии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мусоидат намояд.

Дар ҳудуди шаҳри Роғунтанҳо 111 га заминҳои обӣ тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ карда мешаванд ва аз сабаби 45 фоизи онҳо кӯҳнаву фарсуда шуданашон солҳои охир қариб 25 га замини обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд.

 

Ҷадвали №4. Ҳолати пойгоҳҳои обкашӣ дар соҳаи кишоварзӣ

 

Номгӯи

ҷамоатҳо

Ҳамагӣ Омодаи кор Таъмирталаб Миқдори заминҳое, ки об медиҳанд, га
1 Деҳаи Қалъаи нави Ҷамоати деҳоти Қади Об 1 1 1 111
  Ҳамагӣ дар шаҳр: 1 1 1 111

Соҳаи чорвопарварӣ. Чорводорӣ дар баробари дигар соҳаҳо яке аз бахшҳои асосӣ ва афзалиятнок буда, вазни қиёсии он дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 54,4фоизро ташкил медиҳад. Соли 2014 хоҷагиҳои чорводории шаҳр 34,0 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки аз ин 80 фоизи он дар хоҷагиҳои хонагӣ ва 20 фоизаш дар хоҷагиҳои фермерӣ истеҳсол шудааст.

 

Ҷадвали №3. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ

дар солҳои 2012-2014

 

Номгӯи маҳсулот Воҳиди ченак Солҳо Соли 2014 нисбат ба соли 2012 (%)
2012 2013 2014  
Гӯшт бо вазни зинда тонна 651 687 719 110,4
Шир тонна 6215 6333 6267 100,8
Тухм ҳаз.дона 1268 1299 1331 104,9
Асал тонна 24 25 25 104
Пашм тонна 56 64 66 117,8

Аз рӯи маълумоти расмии оморӣ дар ноҳия то 1 январи соли 2015 ҳамагӣ 81047 сар чорвои калону майда ба қайд гирифта шудааст.

 

Ҷадвали№4. Саршумори чорво дар солҳои 2012-2014 (ҳаз.сар)

Номгӯй С о л ҳ о
2012 2013 2014
Ҳамагӣ Хоҷагиҳои деҳқонӣ Аҳолӣ Ҷамъиятӣ Ҳамагӣ Хоҷагиҳо и деҳқонӣ Аҳолӣ Ҷамъиятӣ Ҳамагӣ Хоҷагиҳои деҳқонӣ Аҳолӣ Ҷамъиятӣ

 

Чорвои калони

шохдор

15989 1634 14340 15 17312 1684 15610 18 17888 257 17613 18
аз он ҷумла модагов 6028 143 5880 5 6418 143 6270 5 7278 78 7195 5
Бузу гӯсфанд 50324 13414 36910 56777 17107 39670 63039 21589 41450  
Асп 579 154 420 5 630 185 440 5 674 220 449 5
Парранда 39800 7700 32100 40665 8455 32210 36765 9580 27185  
Занбӯри

асал (оила)

1905 40 1835 30 2097 40 2027 30 2162 40 2092 30

Маълумоти расмӣ нишон медиҳад, ки 86,7% саршумори чорво ба сектори аҳолӣ, 13 фоиз ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 0,3 фоиз ба бахши ҷамъиятӣ рост меояд. Дар шаҳри Роғун барои рушди соҳаи чорводорӣ ва ташкили базаи хӯроки он шароити хуб мавҷуд аст (28,2%-и майдони умумии заминҳои кишоварзиро чарогоҳҳо 11220 га), вале чарогоҳҳо самаранок истифода бурда намешаванд. Аз 56 хоҷагие, ки ба чорводорӣ машғул аст, танҳо ба 12 хоҷагӣ чарогоҳи зимистонаю тобистона вобаста шудааст ва дигар хоҷагиҳои чорводор бошанд, ба чарогоҳ дастрасӣ надоранд.

Мушкилии асосӣ барои хоҷагиҳои чорводор набудани корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти ширӣ аст. Таъсиси корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ ва пашм бо назардошти истифода аз манбаи мавҷудаи ашёи хоми маҳаллӣ яке аз самтҳои асосии Барномаи рушди шаҳр дар ояндаи наздик аст. Ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти чорводорӣ дар таъмини аҳолӣ ба ҷойи нави корӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ноҳия мусоидат менамояд.

Коркарди пӯст ва пашм. Рушди соҳаи коркарди ашёи чорво (пӯст ва пашм) бо назардошти истифода аз манбаи мавҷудаи ашёи маҳаллӣ ҷиҳати пайдо намудани арзиши иловашудаи маҳсулоти истеҳсолӣ, аз ин ҳисоб ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ, таъмини бозори дохилӣ ва баланд бардоштани истеҳсоли содиротии ноҳия, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ки барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд, аҳамияти иқтисодӣ дорад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки миқдори зиёди пӯсту пашми мавҷуда бинобар набудани нуқтаҳои қабул ва коркард нашудани онҳо бекор хобидаанд. Бо ин мақсад дар сатҳи миллӣ «Барномаи коркарди пурраи ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015» ба тавсиб расидааст, ки дар доираи он ташкили нуқтаҳои ҷамъоварии ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм) тӯли солҳои 2009-2015, зиёд кардани истеҳсол ва ҷамъоварии ашёи хоми чорво дар ноҳияҳои чорводори ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар назар дошта шудааст. Тайи 20 соли охир дар ноҳия ҷамъоварии пӯсту пашм ба роҳ монда нашудааст, ки ин бар зарари хоҷагиҳои чорводор мебошад.

Асалпарварӣ. Асалпарварӣ яке аз соҳаҳои камхарҷу сердаромади соҳаи кишоварзӣ мебошад. Шароити иқлими Роғун барои инкишофи соҳаи занбӯри асал ва асалпарварӣ хело мусоид аст. Захираҳои маҷудаи растаниҳои шаҳддиҳанда имкон медиҳад, ки шумораи оилаи занбӯри асал зиёд карда шуда, истеҳсоли он дучанд карда шавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар тӯли панҷ соли охир оилаи занбӯри асал қариб 14фоиз ва истеҳсоли он 25 маротиба зиёд шуда, истеҳсоли асал аз 20 тоннаи соли 2011 ба 25 тонна дар соли 2014 расонида шуд. Барои минбаъд рушд додани соҳа ташкили курси бозомӯзӣ барои хоҷагиҳои асалпарвар ва ташкил намудани ассотсиятсияи асалпарварон дар маркази шаҳр ба мақсад мувофиқ аст.

Ташкили чунин марказ метавонад мушкилии соҳаро, аз ҷумла барои безарар гардонидани ангезаҳои бемории сироятӣ, таъмини маводҳои зарурӣ барои занбӯрпарварон ва дар хариду фирӯши маҳсулоти тавлишуда мусоидат намояд.

Дар панҷ соли оянда зиёд намудани истеҳсоли асали аз нигоҳи экологӣ тоза яке аз самтҳои асосии Барномаи рушди шаҳр аст.

Моҳипарварӣ. Дар шаҳри Роғун шароити табии мусоид барои парвариши моҳӣ мавҷуд мебошад. Ҷиҳати ба роҳ мондани моҳипарварӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии (фермерӣ) ба номи Мансур, Талбак ва Суҳбатулло корҳои аввалия анҷом дода шуда, дар ояндаи наздик парвариши васеи моҳӣ дар миқёси шаҳр пешбинӣ карда шудааст.

Паррандапарварӣ. Ба роҳ мондани соҳаи паррандапаварӣ дар оянда метавонад дар рушди иқтисодёти шаҳр мусоидат намояд, зеро барои парвариши парранда дар шаҳри Роғун шароити хуб мавҷуд аст. Ба роҳ мондани парвариши парранда дар хоҷагиҳои махсусгардонидашуда метавонад дар оянда бозори дохилиро бо тухм ва гӯшт таъмин намояд. Дар айни ҳол шумораи парранда дар ҳамаи хоҷагиҳои ноҳия 36885 сарро ташкил медиҳад, ки аз ин 73,7фоиз ба аҳолӣ ва 26,3 фоиз ба хоҷагиҳои деҳқонӣ рост меояд. Бисёр хоҷагиҳо тасмим гирифтаанд, ки парвариши паррандаро ба роҳ монанд, вале аз сабаби дарёфт нашудани маблағ соҳаи мазкур рушд наёфтаст. Барои инкишофи соҳа додани қарзҳои имтиёзнок тавассути бонкҳо бомаврид аст.

Бойторӣ. Рушди соҳаҳои чорводорӣ, паррандапарварӣ, занбӯри асалпарварӣ ва моҳипарварӣ аз хадамоти сифатноки бойторӣ ҷиҳати сари вақт пешгирӣ намудани касалиҳои сирояткунанда вабастагӣ дорад. Бинобар ин, дар шаҳри Роғун идораи байторӣ, лабораторияи замонавӣ, дорухонаи бойторӣ мавҷуд мебошад, ки ба аҳолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) хизмати бойторӣ мерасонад.

Дар байни чорвои калон ва моли майда ҳолатҳои алоҳидаи касалиҳои карасон (эмкар), зардкасал (лентоспироз), хорӣ (бешенства), вабои сумдарди ҳайвонот ва ҳамзамон вабои мурғҳои хонагӣ (псевдочума) ба мушоҳида мерасад. Маводи биологии пешгирии касалиҳои сирояткунанда, сӯхтанӣ -100%, вабои сумдард 17%, гули моли майда 10-15 %, хорӣ-20% ва барои ташхиси касалии сил туберкулини ППД-20 % аз ҳисоби маблағҳои эпизоотии ҷумҳурӣ ҷудо карда мешавад.

Мушкили асосие, ки дар ин самт ба мушоҳида мерасад, ин набудани таҷҳизот ва техникаҳои замонавӣ, мутахассисони баландихтисос, баланд будани нархи доруворӣ ва дастрасӣ надоштан ба ваксинаҳо мебошад. Барои беҳтар намудани зотнокӣ, маҳсулнокӣ ва солим нигоҳ доштани чорвои зотӣ аз бордоркунии сунъӣ бо ваксинаи тейлериоз таъмин намудани хоҷагиҳои чорводор лозим аст, вале хоҷагиҳои чорводор бо ин ваксина пурра таъмин нестанд ва ин ваксина аз дигар давлатҳо оварда мешавад.

Барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонии бойторӣ, роҳ надодан ба талафшавии чорво ва парранда аз ҳисоби касалиҳои гузаранда, инвазионӣ, паразитӣ ва хунӣ дар байни чорвои ҷамъиятӣ ва шахсӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидан зарур аст. Ташкили ҷойҳои махсус барои забҳ (ҷиҳати нест кардани хуну дигар партовҳои нолозим), гӯронидан ва сӯзонидани чорвои талафёфтаи шубҳанок, дорои касалии сироятӣ (яма бекри) ва дар ин замина нигоҳ доштани тозагӣ аз ифлосшавии муҳити атроф яке аз самтҳои асосии Барнома дар панҷ соли оянда мебошад. Дар ҷамоатҳо барои безарар гардонидани чорвои фавтида ҷои махсус (яма бекри) вуҷуд надорад.

Маҳдуд будани маблағгузорӣ ба соҳаи мазкур имконият намедиҳад, ки мушкилоти ба миён омада вобаста ба пешгирии касалиҳои сирояткунанда дар байни чорвои ҷамъиятӣ ва шахсӣ, беҳтарсозии насли чорво, ташвиқу тарғиби таҷрибаҳои пешқадам ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илмии соҳаи бойторӣ чораҳои саривақтӣ андешида шавад.

Соҳаи хоҷагии ҷангал. Ҷангал комплекси илмию истеҳсолӣ буда, ба парвариш, нигоҳубин, азнавбарқароркунӣ ва муҳофизат эҳтиёҷ дорад.

Масоҳати умумии замини ҷангали дар ҳудуди шаҳр ва берун аз он мавҷудбуда 21531гектарро ташкил медиҳад. Заминҳои корхонаҳои хоҷагии ҷангали дар ҳудуди шаҳр ҷойгирбуда аз он 5 гектар дар мавзеи Кичироғ замини обӣ мебошад ва қайд кардан ба маврид аст, ки мавзеи мазкур ба минтақаи зериобмонӣ НОБ-и Роғун дохил мешавад.

Шумораи кормандони асосии хоҷагии ҷангали шаҳр 26 нафарро ташкил медиҳанд. Илова бар ин, зимни иҷрои корҳои мавсимӣ аҳолии шаҳр тариқи шартнома барои иҷрои корҳои муайян ҷалб карда мешаванд.

Ҳамасола хоҷагии мазкур тавассути иҷоракорон зиёда аз 1 тонна хуч, 3-4 тонна чормағз, то 5 тонна меваи хушк, 1,5 тонна пиёзи анзур ва 10 тонна гандум истеҳсол карда, 250-300 куб ҳезум ба фурӯш мебарорад. Дар садҳо гектар ҳудуди хоҷагӣ гиёҳҳои кокутӣ, ҷамилак, пудина, ширинбия, испанд, аҷиқ, ниҳолҳои хуч, ангат ва дигар растаниҳои худрӯй мавҷуданд, ки истифодаи онҳо дар соҳаи дорусозӣ имконпазир аст. Ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти ҷангал, аз қабили ангат, хуч, пиёзи анзур, гиёҳҳои шифобахш, чормағз ва ғайра усули пешқадам дар ин соҳа хоҳад буд. Зеро дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 30-40 намуди гиёҳҳои шифобахш мерӯянд, ки ба роҳ мондани истифода ва коркарди онҳо дар соҳаи дорусозӣ метавонад ба аҳолӣ даромади иловагӣ дода, буҷети маҳаллиро ғанӣ гардонад.

Дар хоҷагии ҷангали ноҳия 30 оила занбӯр парвариш карда мешавад ва имконияти то 40 оила расонидани он мавҷуд аст.

Дар доираи Барномаи рушди хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 масъалаҳои ҳалталаби соҳаи ҷангал ва самтҳои асосии он бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёт ва беҳбуд бахшидан ба ҳолати муҳити зист пешбинӣ шудааст. Дар шаҳри Роғун мутобиқи Барномаи мазкур тӯли солҳои 2006-2015 барои бунёди дарахтони сояафкан ва бунёди ҷангалзор бо мақсади истеҳсоли чӯби сохтмонӣ 2 га пешбинӣ шудааст. Мушкили соҳаин набудани техника, аспҳои корӣ ва камбуди роҳҳои дурусти байни хоҷагии ҷангал мебошад.

Мушкилиҳои соҳа:

  • Фарсудавакорношоямгаштанитехникаҳоимавҷудадархоҷагиҳоикишоварзӣ, набуданибазаимоддиютехникӣватехникаиҳозиразамон;
  • Саривақттаъминнагардиданитухмиихушсифат, баландшуданинархисӯзишворӣ, нуриҳоиминералӣ, заҳрхимикатҳовадигартарифҳоихадамотӣ;
  • Маҳдудбуданидастрасиихоҷагиҳоифермерӣбақарзҳоикамфоизударозмӯҳлат;
  • Пастбуданихизматрасониҳоваҳолатибадиинфрасохтордархоҷагиикишоварзӣ, бахусусдармавридитаъминотбообиполезӣвароҳҳоимаҳаллӣ;
  • Қарздорбуданихоҷагиҳоидеҳқонӣазандозвабонкҳо;
  • Дастгирӣнакарданитасмимгириидеҳқононҷиҳатиистеҳсолимаҳсулот;
  • Набуданикафолатиозодбароихоҷагиҳоидеҳқонӣдаринтихобикиштизироат;
  • Набудани корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ (мева, сабзавот ва ширу гӯшт);
  • Риоя накардани қоидаҳои агротехникӣ ва истифода набурдани системаи киштгардон;
  • Паст шудани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ;
  • Зиёд шудани ҳашароти зараррасон, касалиҳои гуногун ва дастрас набудани маводи дорувории заҳркимиёҳо барои тоза намудани боғҳо;
  • Таъмин набудани хоҷагиҳои чорвопарвар бо ваксинаҳо ва мушкилии хизматрасонии бойторӣ дар сатҳи ҷамоатҳо;
  • Таъмин набудан бо техника ва таҷҳизоти бойтории замонавӣ;
  • Набудани нуқтаҳои қабули пӯсту пашм ва коркарди он;
  • Набудани ҷойҳои махсуси забҳи чорво ва ҷойҳои махсус барои безараргардонӣ аз касалиҳои сирояткунанда;
  • Набудани нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ дар сатҳи ҷамоатҳо.

2.3. Соҳаи соҳибкории хурду миёна

Таҳлили ҳолати мавҷуда. Соҳибкории хурду миёна (СХМ) дар рушди иқтисодиёти шаҳр, бахусус барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ғанӣ гардонидани сатҳи даромади буҷаи маҳаллӣ нақши калон мебозад. Ҳаҷми маҳсулоте (хизматрсонӣ), ки аз ҳисоби соҳибкории хурду миёна истеҳсол мешавад, сол то сол тамоюли болоравӣ дорад.Дар диаграммаи зерин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба истиснои ширкат дар сохтмони НБО-и Роғун нишон дода шудааст.

 

Ҳаҷмиистеҳсолимаҳсулотвахизматрасонии СХМ (млн.сомонӣ)

 

Таҳлил нишон медиҳад, ки таи солҳои 2012-2014мунтазам ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасонии СХМ афзоиш ёфтааст. Дар соли 2014 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нисбат ба соли 2012 ба андозаи 20,7 фоиз ва нисбат ба соли 2013 ба андозаи 8,3 фоиз зиёд шудааст. Рушди соҳибкории хурду миёна бештар дар соҳаҳои саноат, тиҷорат, хизматрасонии маишӣ, сохтмон, нақлиёт ва коммуникатсия бештар ба назар мерасад.

Ҳиссаи истеҳсоли маҳсулоти СХМ аз рӯи соҳаҳо (млн. сомонӣ)

Ташкил ва ба кор даровардани корхонаҳои нави саноатӣ ба афзоиши ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ таъсири мусбӣ расонид.

СХМ дар таъмини аҳолӣ бо ҷои корӣ, бахусус дар самти тиҷорат ва сохтмон нақши беандоза мебозад. Ҳиссаи умумии шуғл дар бахши хусусӣ 42,3 фоизи шумораи умумии ба кор таъминшудагонро ташкил медиҳад.

 

Ҷадвали №1. Нақши СХМ дар таъмини ҷои корӣ аз рӯи соҳаҳо

 

Соҳаҳоииқтисодӣ Шумораисубъектҳои

бақайдгирифта

Шуғл
Шахсониҳуқуқӣ Шахсонивоқеӣ Шумораиҷоикорӣ Ҳисса дар шуғлиумумӣ
Кишоварзӣ бо назардошти коркард 21 886 1705 7,9
Нақлиёт ва коммуникатсия 12 47 515 2,4
Тиҷорат 75 50 2913 13,6
Соҳаи хизматрасонӣ ва савдо 25 59 1034 4,8
Сохтмон 56   2184 10,2
Хизматрасонии молиявӣ 3   117 0,6
Саноат 16   624 2,9
Ҳамагӣ: 208 1042 9092 42,3

Соли 2014 ҳиссаисоҳибкоронихурдумиёна дар қисматидаромадибуҷетимаҳаллӣ57,6 фоизроташкилдод.

Ҷадвали №2. Воридотба буҷетимаҳаллӣ аз СХМ (ҳазорсомонӣ)

 

Соҳаҳо 2012 2013 2014
1 Кишоварзӣ 74,5 272,1 386,6
2 Савдо ва хизматрасонӣ 125,4 269,8 575,2
3 Сохтмон 7450,0 47771,1 84237,7
4 Соҳибкорон 78,2 342,8 742,3
5 Бонкҳо 81,5 129,3 580,1
6 Дигарҳо 525,7 1440,4 2442,3
Ҳамагӣ: 8335,3 50225,5 88964,2

Саҳмисоҳибкориихурдумиёна дар истеҳсолимаҳсулотисаноатӣсол то сол афзоишёфта, таи солҳои 2012-2014 зиёда 90,6 фоизболорафтааст.

Пешниҳодихизматрасонӣбароирушди СХМ. Бароидастгириибахшихусусӣ дар ҳудудишаҳрфилиалҳои «Амонатбонк», «Агроинвесбонк», «Ориёнбонк» амалмекунанд. Дар тӯли се соли охир (солҳои 2012 -2014) аз ҷонибибонкҳоимазкурбароимизоҷон ба андозаи 14,1 млн. сомонӣқарзҳоикӯтоҳмуддатвадарозмуддатбароирушдисоҳаҳоикишоварзӣ (8,6%), ниёзииҷтимоӣ (22,4%), саноат (5,3%), сохтмон (30,6%), соҳибкорӣ (33,0 %) пешниҳодгардидааст.

Диаграммаи №3. Пешниҳодиқарзҳо аз рӯисоҳаҳоиасосӣ

дар тӯли солҳои 2012-2014 (%)

 

 

Ҷадвали №2. Маълумот оид ба фаъолияти қарзӣ

дар тӯли солҳои 2012-2014 (ҳаз.сомонӣ)

 

Номгӯи ташкилот Сол Маблағи умумии қарзҳои пешниҳодгардида Шумораи қарз исфодабарандагон Бахшҳо
Кишоварзӣ Сохтмон Соҳибкорӣ Ниёзи иҷтимоӣ
Филиали БДА «Амонатбонк»

 

Ҳамагӣ

2012 1199,7 500 210,0     989,7
2013 1161,1 620 66,0     1095,1
2014 2370,6 735        
  4731,4 1855 276,0     2084,8
ФилиалиҶСКМ

«Ориёнбонк»

 

Ҳамагӣ

2012 257,2 200     181,3 75,8
2013 454,8 234   97,0 160,2 197,6
2014 478,0 257   50,0 129,9 298,2
  1190,0 691   147,0 471,4 571,6
Филиали ҶСП

«Агроинвестбонк»

 

Ҳамагӣ

2012 1003,3 350 57,5   547,2 398,6
2013 2325,8 420     1 874,0 451,8
2014 2113,1 475 398,4   975,2 739,5
  5442,2 1245 455,9   3396,4 1589,9
Ҳамагӣ: 2012-2014 11 363,6 3791 731,9 147,0 3867,8 4246,3

Ҳамзамонтавассутибонкҳо аз хориҷӣкишварвамуҳоҷирони меҳнатӣ ба андозаи 395147,6 млн.сомонӣ, 164,0 млн. доллари ИМА ва 117,6 млн. рубли русӣ, 115,3 млн. эвро маблағворидшудааст.

Ҳолосоҳибкоронишаҳр ба кӯмакимашваратиипрофессионалӣоид ба масъалаҳоиташкилварушди бизнес (бахусус ба масъалаибаромадан ба бозориҷаҳонӣ), таҷҳизотилизингӣва техника, дастрасӣ ба ахбор, ҳамчуниндастрасӣ ба сохторҳоикӯмакрасон (бизнес инкубатор, марказибизнесӣ) ниёздоранд.

Соҳибкорон дар шаҳр яке аз нерӯҳои бузург ва созанда маҳсуб меёбанд, ки аз дуруст ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо рушди минбаъдаи иқтисодиёти шаҳр вобастагии калон дорад. Айни замон дар шаҳр имкониятҳои зиёди ҳамкорӣ, иқтидорҳои калони истеҳсолӣ ва қувваи кории арзон мавҷуд мебошад, ки дар ин самт соҳибкорони ватанию хориҷӣ метавонанд фаъолияти худро самараноктар ба роҳ монанд. Илова бар ин ҳоло аксари занон ва духтарон дар хона бе кор мебошанд, ки метавон онҳоро тавассути ташкили корхонаҳои нав, барқарор ва ё ба кор даровардани корхонаҳои аз кор бозмонда ва ё васеъ намудани доираи фаъолияти корхонаҳои мавҷуда ба кор ҷалб намуд.

Ҷадвали 3. Ҷараёни шумораи соҳибкоронсолбасол.

 

Шумораиумумисоҳибкорон

Аз ҷумла ба солҳо Фарогирии аҳолӣ ба соҳибкорӣ, бо%дар солҳои
2012 2013 2014
2012 2013 2014
Аз

ҷумла

Бо патент 194 96 147 0,13 0,06 0,09
Бо шаҳодатнома 99 113 114 0,07 0,08 0,09
Хоҷагиҳоидеҳқонӣ 775 815 848 5,1 5,4 5,7
Ҳамагӣ 1068 1024 1109 7,12 6,83 7,4
Аз ҷумла занҳо 7 11 17

Мушкилиҳои асосии соҳа. Мушкилиҳои асосие, ки ба рушди соҳибкорони хурду миёнаи шаҳри Роғун таъсири манфӣ мерасонад, ин набудани маблағҳои иловагӣ барои соҳибкорӣ ва тиҷорат, сатҳи баланди фоизи қарзҳо, мӯҳлати кӯтоҳи баргардонидани қарз, монеаҳои маъмурӣ, набудани иттилооти зарурӣ барои ташкил ва идоракунии тиҷорат, бахусус дар байни занҳо мебошад.

 

2.4. Сохтмон

Соҳаи сохтмон яке аз соҳаҳои асосӣ ба шумор рафта, дар ободонию рушди шаҳри Роғун саҳми арзанда дорад. Дар назди мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун шуъба сохтмони асосӣ фаъолият дорад, ки дар он панҷ нафар кормандон кор мекунанд.

Бояд қайд кард, ки шуъбаи сохтмони асосӣ худмаблағгузор мебошад. Мутобиқисметаихароҷотии тасдиқгардидаишуъбабароихароҷоти дохилаи шуъба соли 2014 -72280 сомонӣ пешбинӣ шуда аст. Дар асл дар соли 2014 аз фурӯши лифофаҳоитендерӣ ва назорати техникӣ149894сомонӣдаромад шуд.

Соли 2014 дар тамоми ҳудудишаҳриРоғуназҳисобимаблағҳоиҳамаи сарчашмаҳо корҳоитаъмирӣ, барқарорсозӣ, азнавсозӣ ва тармими як қаториншоотҳобанақшагирифташудааст, кимаблағиумумии59037,7ҳазорсомониродарбармегирад.

Аз ин маблағ23704,2ҳазорсомониашбароисохтмониасосӣ, аз ҷумлааз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 5009,8 ҳазорсомонӣ(«Сохтмони мактаб барои 372 талаба дар деҳаиҶавонӣ(толори варзишӣ)», «Идомаи сохтмони бинои маъмурии Ҳукумати шаҳри Роғун (панҷарадевор, анбор)», «Сохтмони китобхона, осорхона ва бойгонӣ» ва «Корҳои лоиҳакашӣва азнавсозии толори маҷлисӣ барои 425нафар дар шаҳри Роғун», «Сохтмони роҳҳои дохилии шаҳри Роғун»)пешбини шудааст.

Дар соли 2014 иҷроиши корҳоба4258,5 ҳазорсомонӣ баробар аст. Иҷроиши корҳои сохтмонӣдар«Осорхона, китобхонавабойгонӣ»955,5ҳазор сомонӣ, дарсохтмони«Мактаббарои 5-синфхонадардеҳаи Абдулбобиён гузаронидани шабакаҳои гармидиҳӣ» бо маблағи36,16ҳазор сомонӣ, дар«Биноимаъмурии Ҳукумати шаҳри Роғун (панҷарадевор, анбор)» – 609,4ҳазор сомонӣ, барои«Сохтмонироҳҳои дохилии шаҳри Роғун» -1975,55 ҳазор сомонӣ.

Дар шаҳри Роғун айни замон 2 корхонаи сохтмонӣ фаъолият менамояд. ҶСШК “РоғунИБОсоз” корхонаи бузурги сохтмонӣ буда, дар сохтмони НОБ-и “Роғун” саҳми худро мегузорад. Баъди ба охир расидани сохтмони нерӯгоҳи Сангтуда-1 боз дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун фаъолият дорад. Дар ин корхона шумораи коргарон сол то сол зиёд шуда, ҷойҳои нави корӣ ташкил карда мешавад. Корхонаи мазкурасосан корҳои пудратии сохтмонию васлкунии нерӯгоҳро иҷро менамояд.

Ҳамзамон, дар бунёди НОБ-и Роғун 16 корхонаҳои сохтмонии дорои таҷрибаи бойи сохтмонӣ ҷалб карда шудааст. Маълумот дар бораи корҳои иҷрокардаи корхонаҳои сохтмонии мазкур дар тӯли солҳои 2012-2014 ҷиҳати бунёди НОБ-и «Роғун» дар ҷадвали зерин оварда шудааст.

 

Ҷадвали № .Фаъолияти корхонаҳои сохтмонӣ дар солҳои 2012-2014

 

р/т Номи корхона Воҳиди ченак 2012 2013 2014
1 ҶСК «Тоҷикнақбсоз» ҳаз.сомони 51441,5 26905,0 3728,6
2 ҶДММ «Торгови дом Гидроэнергострой» ҳаз.сомони 974,1
3 ҶДММ «Вестранссрой» ҳаз.сомони 9532,6 2368,5 196,5
4 ҶММ «Энергострой ЛТД» ҳаз.сомони 1323,6 9344,0 725,8
5 ҶММ «Асри нур» ҳаз.сомони 335,7 5659,4 934,4
6 ҶДММ «Нур 81» ҳаз.сомони 2825,9
7 ҶДММ «Дакспецстройсервис» ҳаз.сомони 251,0
8 ҶСШП «Умрон морун» ҳаз.сомони 9409,7 17115,0
9 ҶДММ «ШШК» ҳаз.сомони 478,1 3112,9 277,9
10 ҶДММ «Тоҷиккуҳкан» ҳаз.сомони 6258,0 1537,6 704,5
11 ҶСКА «НБО-и Роғун» ҳаз.сомони 31070,1
12 ҶДММ «МГТС Нурафшон» ҳаз.сомони 3834,0 6822,3 233,3
13 ҶММ «Хингоб» ҳаз.сомони 1077,3 1189,2  
14 ҶДММ «Файзсоз» ҳаз.сомони 348,8  
ҲАМАГӢ ҳаз.сомони      

Мушкилоти ташкилотҳои сохтмонӣ ин нарасидани технологияи муосири сохтмонӣ ва мутахассисони сохтмончии муосирба монанди хиштчин, рангуборчӣ кафшергар, кафшергари газ ва васлгар мебошад. Дигар мушкилот дар ин самт набудани бозори масолеҳи сохтмонӣ дар шаҳрмебошад ва масолеҳи сохтмони аз дигар минтақаҳо кашонида мешавад, ки арзиши онро дучанд мегардонад.

Ҳамчунин ба сабабидар сатҳи зарури набудани малакаи мутахассисони соҳаи сохтмон ҷиҳати омода намудани ҳуҷҷатҳо дар озмунҳои (тендерҳо) барои бунёди иншоотҳо дар дохил ва берун аз шаҳр иштирок карда наметавонанд.

БОБИ 3. ИҶТИМОЁТ

3.1. Соҳаи маориф. Соҳаи маориф яке аз омилҳои муҳимест, ки барои рушди ҷомеа ва ноил гардидан ба як қатор ҳадафҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нақши муҳим мебозад. Таъминоти маълумоти босифат омили муҳимми расидан ба рушди устувор ва одилона аст. Системаи маориф дар сатҳи маҳаллӣ бо мақсади ба даст овардани маълумоти хушсифат идора шуда истода, айни замон ҷиҳати ноил гардидан ба баробарии гендерии ҳамаи табақаҳои аҳолӣ ба ислоҳоти бунёдӣ эҳтиёҷ дорад.

Сатҳи умумии маълумотнокӣ. Таркиби аҳолии ноҳия мутобиқи нишондиҳандаи маълумотнокӣ ба ҳолати 31 декабри соли 2014 табақаҳои зеринро дар бар мегирад:

-шумораи аҳолии дорои маълумоти оли 3678нафар (аз ин 568 нафар зан);

-шумораи аҳолии дорои маълумоти миёнаи касби 2893 нафар (аз ин 607 нафар зан);

-шумораи аҳолии дорои маълумоти ибтидоии касби 3897 нафар (аз ин 1238 нафар зан);

-шумораи аҳолии дорои маълумоти миёнаи умуми 28790 нафар (аз ин15156 нафар зан);

-шумораи аҳолии дорои маълумоти миёнаи асоси 10582 нафар (аз ин 6868 нафар зан);

-шумораи аҳолии дорои маълумоти ибтидоӣ 2136 нафар (аз ин 1119 нафар зан).

Фаъолияти асосӣ барои ҳалли тамоми вазифаҳои Барномаи рушди шаҳр дар соҳаи маориф аз инҳо иборатанд: а) барқарорсозии инфраструктураи мактабӣ, таъмини мактабҳо бо гармӣ ва ҳоҷатхонаҳои алоҳида барои писарон ва духтарон; б) таъмини хонандагони ҳамаи мактабҳо бо китобҳои дарсӣ; в) сохтани мактабҳои нав; г) ҷалби ҷомеа- волидайн, омӯзгорон, талабагон ва намояндагони ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ оид ба идоракунии мактабҳо, ташкили таълими босифат ва таъмини фаъолияти хуби онҳо.

Дар системаи маорифи шаҳри Роғун 2 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 19 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ (аз ҷумла, 1 мактаб-интернати бачагони болаёқат), 3 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 23 мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 1 гуруҳи мақсадноки тиббӣ (филиали Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат), 1 Коллеҷи муҳандисию техникӣ  ва 1 маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият доранд.

Маълумоти томактабӣ. Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 12 гурӯҳ бо теъдоди 292 нафар кӯдак (аз ин 133 нафар духтар) ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Кӯдакон дар гурӯҳҳо вобаста ба синну сол чунин ҷойгир карда шудаанд: гурӯҳи тифлон, гурӯҳи хурди дуюм, гурӯҳи миёна, гурӯҳи калонсолон, гурӯҳи тайёрӣ ба мактаб ва гурӯҳи русӣ. Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 16 нафар кормандон ба таълиму тарбия машғул буда, аз ин 4 нафар дорои таҳсилоти олӣ, 5 нафар дорои таҳсилоти миёнаи омӯзгорӣ ва 7 нафар таҳсилоти миёнаи умумӣ доранд.

Ҷадвали №2. Шумораи кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ

Нишондодҳо Сол
2012 2013 2014
Ҳамагӣ Аз ҷумладухтарон Ҳамагӣ Аз ҷумладухтарон Ҳамагӣ Аз ҷумладухтарон
Муассисаи таҳсилоти томактабии “Парасту” 160 48 164 53 207 91
Муассисаи таҳсилоти томактабии “Офтобак” 64 28 78 33 85 42
   Ҳамагӣ : 224 76 242 86 292 133

Сабаби кам будани кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ин дар ҳолати таъмир талаб қарор доштани кӯдакистонҳо ва бо таҷҳизоти лозимӣ эҳтиёҷ доштани  муассисаи томактабии зикргардида мебошад.

Бояд қайд кард, ки дар миқёси ноҳия аз ҷониби мақомоти дахлдор ҷиҳати фарогирии кудакони синни томактабӣ ба марказҳои инкишофи кӯдакон чораҳои зарури андешида нашудааст.

Мушкилии дигар ин аст, ки дар аксар маҳаллаҳои калон ва миёнаи аҳолинишин умуман муассисаҳои таълимии томактабӣ вуҷуд надорад. Яке аз омилҳои набудани муассисаҳои томактабӣ набудани бино маҳсуб меёбад.

Маълумоти миёна. Шумораи умумии хонандгон дар соли хониши 2014- 20158555 нафарро ташкил дода, аз ин 199 нафар дар як баст, 8456 нафар дар ду баст таҳсил менамоянд.

Ҷадвали 3. Шумораи хонандагон дар муассисаҳои таълимии шаҳри Роғун (нафар)

 

  2012-2013 2013-2014 2014-2015
Синфҳо Ҳамагӣ Писар Духтар % духтарон Ҳамагӣ Писар Духтар % духтарон Ҳамагӣ Писар Духтар % духтарон
I 893 458 435 48,7 891 463 428 48,0 857 436 421 49
II 891 440 451 50,6 853 430 423 49,6 851 430 421 49
III 833 414 419 50,3 890 455 435 48,9 827 435 392 47
IV 830 416 414 49,9 842 411 431 51,2 861 433 428 50
ҲамагӣI-IV 3447 1728 1719 49,9 3476 1759 1717 49,4 3396 1734 1662 49
V 837 441 396 47,3 762 385 377 49,5 802 416 386 48
VI 909 496 413 45,4 814 420 394 48,4 771 391 380 49
VII 816 435 381 46,7 893 513 380 42,5 817 414 404 49
VIII 880 473 407 46,3 811 441 370 45,6 897 502 395 44
IХ 753 412 341 45,2 822 439 383 46,6 796 418 378 47
ҲамагӣV-IХ 4195 2257 1938 46,2 4102 2198 1904 46,4 4084 2141 1943 48
Х 541 352 189 34,9 516 313 203 39,3 582 362 220 38
ХI 560 378 182 32,5 467 317 150 32,1 493 317 176 36
Ҳамагӣ Х-ХI 1101 730 371 33,7 983 630 353 35,9 1075 679 396 37
Ҳамагӣ: 8723 4694 4028 46,2 8561 4587 3974 46,4 8555 4554 4001 47

 

Таҳлил нишон медиҳад, ки шумораи қабули хонандагон соли хониши 2014-2015 дар қиёс ба соли хониши 2012-2013 ба андозаи 168 нафар коҳиш ёфтааст.Сабабҳои асосии коҳиш ёфтани шумораи хонандагони синфҳои болоӣ ин ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани қисме аз писарбачагон аз оилаҳои камбизоат, идома додани таҳсили қисми дигари писару духтарон дар коллеҷи тиббӣ, ҳамроҳи падару модарон берун аз ҳудуди шаҳру деҳот рафтан ё ба шавҳар баромадани духтарон (дар ҳолатҳои махсус), касод будани буҷаи оилавӣ барои таъмини хонандагон бо сару либосу таҷҳизоти мактабӣ ва дур будани роҳи мактаб аз маҳалли истиқомат мебошад.

Натиҷаҳои кори солҳои охир нишон дод, ки қисми зиёди духтарони берун аз мактабмонда ҳавасманданд, ки онҳоро ба курсҳои миёнамӯҳлати таълимӣ равон намоянд. Онҳо хоҳиши идомаи таҳсил дар курсҳои омӯзишии компютерӣ, ҳисоби муҳосибӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷиро доранд.

 

Диаграммаи № Коҳиш ёфтани шумораи хонандагон ҳангоми аз синфи 9 то синфи 11 гузаштан

 

Бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи фарогирии кӯдакони оилаҳои камбизоат ба мактаб мутобиқи маълумоти расмӣ дар шаҳри Роғун соли 2014 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба 1122 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба маблағи умумии 42426 ҳазор сомонӣ ё ба ҳар як хонанда 20 сомонӣҷубронпулӣ дода шудааст, аз ҷумла:

Аз сабаби нарасидани синфхона дар аксари мактабҳои шаҳру деҳоти Роғун шумораи хонандагон дар синфҳо аз меъёри муайяншуда зиёд буда, ҳатто дар як синф то 40-45 нафар хонандагон таҳсил менамоянд, ки ин ба сифати хониши онҳо таъсири манфӣ мерасонад.Аксарияти мактабҳо дар деҳаҳои атрофи шаҳр ҷойгир шудаанд, ки ба зиёд будани аҳолӣ алоқаманд аст.

 

Ҷадвали № Тақсимоти муассисаҳои таҳсилоти миёна асосӣ ва ибтидоии шаҳри Роғун

Аз рӯи диаграммаи мазкур бармеояд, ки 41 мактаб дар деҳаҳои гирду атрофи шаҳр ҷойгир аст.Дар деҳаҳои калон 16 мактаби таҳсилоти 11-сола, 3 мактаби таҳсилоти 9- сола ва дар деҳаҳои хурд 23 мактаби ибтидоӣ ҷойгир шудаанд.

Таҳлил нишон медиҳад, ки шумораи хонандагон сол то сол дар муассисаҳои таълимии наздик ба маркази шаҳр афзоиш ёфта истодааст. Сабаби зиёд шудани хонандагон дар маркази шаҳр ин сохтмони НБО-и Роғун мебошад. Ин ба норасогии ҷойҳои нишаст дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 оварда расонидааст. Аз сентябри соли 2015 ба фаъолият оғоз намудани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 норасойи ҷои нишаст, фаъолият накардани маҳфилҳои мактабӣ аз байн бардошта мешавад.

Айни замон дар шаҳри Роғун 22 кумитаи падару модарон ва омӯзгорон (КПМО) фаъолият менамояд. Ҳадафи асосии ташкили чунин кумитаҳо ин ҷалби бештари падару модарон ба ҳалли мушкилиҳои мавҷудаи соҳаи маориф мебошад. Мушкилии асосие, ки дар ин самт ба назар мерасад, ин суст будани робитаи мактабҳо бо кумитаҳо мебошад.

Мушкилии ҷойдошта, аз қабили нокифоягии китобҳои дарсӣ ва маводи методии замонавӣ вазъи соҳаи маорифро боз ҳам мушкилтар гардонида, барои рушди он садди роҳ мегарданд. Сифати таълим, дараҷаи дониш ва маҳорати хонандагон моро имрӯз қаноатманд кунонида наметавонад. Барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ва ба тақозои кунунӣ мутобиқ намудани шароити таҳсил ва сифати дониши хонандагон корҳои зиёдеро ба анҷом расонидан зарур аст.

Таъминот бо омӯзгорон. Ба 01.01.2015 шумораи умумии омӯзгорон 442 нафарро ташкил дод, ки 179 нафар нафарашро занон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 246 нафар (95 нафар зан) дорои маълумоти олӣ, 17 нафар (1 нафар зан) дорои маълумоти олии нопурра, 126 нафар (59 нафар) дорои маълумоти миёнаи махсус, 53 нафар (24 нафар зан) дорои маълумоти миёнаи умумӣ мебошанд.

Ҷадвали №4. Шумораи омӯзгорон дар тӯли солҳои 2012-2014 (нафар)

 

Нишондиҳандаҳо Солҳо
2012 2013 2014
Шумораи умумии омӯзгорон 404 442 446
аз ҷумла занҳо 158 181 179
Бо маълумоти олӣ 178 176 246
аз ҷумла занҳо 88 90 95
Олии нопурра 24 18 17
аз ҷумла занҳо 4 3 1
Миёнаи махсус 122 124 126
аз ҷумла занҳо 64 60 59
Миёнаи умумӣ 58 55 53
аз ҷумла занҳо 30 28 24
Муаллимони аз коррафта 26 15 10
аз ҷумла занҳо 4 2 1
Нарасидани кадрҳо 26 35 48

Мушкилии асосие, ки дар ин самт ба назар мерасад, ин аз кор рафтани муаллимони баланд ихтисос мебошад. Ин мушкилиро асосан дар деҳот мушоҳида намудан мумкин аст.

Сабаби асосии аз кор рафтани мутахссисони соҳа ин мушкилотҳои зиндагӣ, суст будани дастгирии моддию маънавӣ, ба дигар корҳои даромадноктар ва ё ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани онҳо мебошад. Дар тӯли солҳои 2012 -2014 аз мутахассисони маҳаллӣ 60 нафар (аз ҷумла 15 нафар духтарон) мактабҳои олии кишварро хатм намудаанд, ки аз онҳо танҳо  ба маҳалли худ бар гашта бо ҷои кори доимӣ таъмин шудаанд.

Бинобар паст будани музди меҳнат ва кам будани ҳавасмандгардониҳои моддию маънавӣ кадрҳои маҳаллӣ аз ҳисоби хатмкунандагони мактабҳои олӣ барои ба мактабҳо ба кор омадан завқманд нестанд.

Маълумоти фарогир.Дар шаҳри Роғун ба 01.01.2015 – 20 нафар кӯдакони маъюб (аз ҷумла 6 нафар духтарон) ба қайд гирифта шудаанд. Айни замон аз ин шумора 20 нафарашон (аз ҷумла 9 нафар духтар) ба таълим фаро гирифта шудаанд. Сабаби асосии пурра ба таълим фаро гирифта нашудани кӯдакони маъюб ин набудани мутахассиссони баландихтисос дар ин самт, шароити вазнини оилавӣ ва ҷорӣ нагардидани низоми таълимоти фарогир дар мактабҳои шаҳру деҳот мебошад.

Маълумоти олӣ ва миёнаи махсус.Ба ҳисоби миёна ҳар сол 265 нафар, ё худ 50 фоизи хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳр  ба мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппа,Роғун ва ноҳияҳои Файзобод,Раштҳамчунин шаҳрҳои Федератсияи Россия барои азхуд кардани ихтисосҳои гуногуни хоҷагии халқ дохил мешаванд.

 

Ҷадвали №3. Шумораи кватаи Президентӣ дар тӯли солҳои 2012 -2014

 

Соҳаҳо Солҳо
2012 2013 2014
Писар 9 8 9
Духтар 9 9 9
Ҳамагӣ 18 17 18

Мутобиқи нақшаи корӣҳар сол аз рӯи квотаи президентӣ хонандагони болаёқат ба мактабҳои олии ҷумҳурӣдохил мешаванд. Тӯли солҳои 2012 – 2014 тибқи квотаи президентӣба мактабҳои олии ҷумҳурӣ 60 нафар дохил шуданд, ки 30 нафар писар ва 30 нафарашон духтарон мебошанд. Мутобиқи нақшаи соли 2015 қабули 21 нафар хонандагон ба мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси кишвар дар назар дошта шудааст, ки аз ин 11 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Барқарорсозии инфрасохтори мактабӣ. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2008 №436 «Дар бораи Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008 – 2015, ки дар хонаҳои шахсӣ, вагонхонаҳо, биноҳои маъмурию ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгиранд» як қатор корҳо ба иҷро расонида шуд. Новобаста аз ин, баъзе масъалаҳои ҳалталаб, ба монанди аз вагонхонаҳо баровардани мактабҳо боқӣ мондааст. Бо мақсади бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта дар доираи барномаи мазкур баровардани мактаби таҳсилоти ибтидойи №12 (бинобар садамавӣ будани деҳаи Сесанга) аз вагонхонаҳо дар назар дошта шудааст.

Бо назардошти он, ки ҳоло дар аксар мактабҳои шаҳру деҳот хонандагон аз меъёри муқарраргардида зиёд қабул гардидаанд, талабот ба сохтмони мактабҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ сол то сол зиёд мегардад. Дар шароити кунунӣ дар аксари мактабҳо, махсусан мактабҳои деҳот норасогии кабинетҳои фаннӣ, устохонаҳо, ошхонаҳо, китобхонаҳо ва толорҳои варзишӣ ба назар мерасад. Мушкилоти дигари соҳа ин нарасидани мизу курсӣ мебошад.

Дастрасӣ ба технологияи компютерӣ. Айни замон дар мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Роғун  255 адад компютер, 74 адад принтер мавҷуд аст, ки 1 компютер ба 14,5 нафар хонанда рост меояд, ки барои таълими хонандагон нокифоя аст. Дар асоси «Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» ва барномаи қабулнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғунбарои 15 нафар хонандаи синфҳое, ки аз фанни технологияи информатсионӣ таълим мегиранд, бояд бо 1 адад компютер таъмин карда шаванд. Нарасидани нерӯи барқ дар фасли зимистон дар мактабҳои деҳот барои гузаронидани дарсҳои амалии фанни технологияи информатсионӣ монеа пеш меоварад. Бинобар ин зарурати таъмини мактабҳо бо хати озоди барқ ва батареяҳои офтобӣ ба миён омадааст.

Бо назардошти сол то сол зиёд гардидани талабот ба осоишгоҳҳо ва ташкили фароғат барои хонандагон сохтмон ва эҳёи истироҳатгоҳ дар кучаи Лоиқ Карим зарур аст.

Шаклҳои нави идоракунӣ.Гузаштан ба системаи нави маблағгузории соҳа, яъне маблағгузории сарикасӣ бо мақсади таъминоти нисбатан самарабахши истифодаи маблағҳои буҷетӣ, ташкили шароит барои устувории фаъолияти муассисаҳои таълимоти умумӣ ва баланд бардоштани сифати таълим дар дабистон равона карда шудааст. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2007 таҳти № 505 «Дар бораи марҳилаҳои гузариши муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба шакли нави идоракунӣ ва маблағгузорӣ” аз 1 январи соли 2009 дар шаҳри Роғун 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (19 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 мактаби таҳсилоти умумӣ, 23 мактаби таҳсилоти ибтидоӣ) ба шаклҳои нави идоракунӣ ва маблағгузорӣ гузаронида шудаанд.

Баҳри татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф мақсаднок ҷорӣ намудани шаклҳои нави идоракунӣ ва маблағгузорӣ, назорат ба рафти иҷрои ислоҳот аз рӯи дастурамали хароҷот ба як хонанда аз ҷониби Лоиҳаи омӯзиши босифати USAID таи ин солҳо чандин чорабиниҳо гузаронида шуд.

Аз моҳи январи соли 2009 сар карда бевосита ба шуъбаи маориф, раёсати молия ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои гузаштан ба шаклҳои нави идоракунӣ ва маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) кӯмаку дастгирии техникӣ намуда, мутахассисон ва муҳосибони ин муассисаҳоро бо маводи корӣ (қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону дастурҳои Вазорати маорифу молия, низомномаи баҳисобгирии муҳосибавӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва бо дигар маводҳои зарурӣ) таъмин намуд.

Аз соли 2009 дар назди муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Роғун ассотсиатсияҳои падару модарон, омӯзгорон ва комитети падару модарон (ташкилотҳои ҷамъиятӣ) фаъолият менамоянд, ки ин вазъи таълиму тарбияро беҳтар намуда, имкониятҳои ин муассисаҳоро васеъ мекунад. Маблағҳо аз ҳисоби ташкилотҳои байналмиллалӣ, шахсони алоҳида ва корхонаю ташкилотҳои хайрхоҳ тавассути ин ташкилотҳо ба мактаб ворид карда мешаванд, онҳо инчунин дуруст сарф карда шудани ин маблағҳоро мунтазам назорат менамоянд.

Диаграммаи № . Маблағгузории соҳаи маорифи шаҳр дар солҳои 2012-2014 (ҳаз. сомонӣ)

Гуруҳи мақсадноки тиббии Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат дар ш.Роғун. Коллеҷи мазкурсоли 2009 ташкил гардида, шумораи умумии донишҷуёни он дар соли 2012-60 нафарро ташкил медод, ки аз ин 52 нафар ва ё 87 фоизашро духтарон ташкил медиҳад. 52 нафар таҳсил дорад.Шумораи умумии омӯзгорон 18 нафарро ташкил дода, аз ин 18 нафар дорои дорои маълумоти олии тиббӣ ва 8 нафари дигар дорои маълумоти олии омӯзгорӣ мебошанд. Мушкилоти асосие, ки дар ин муассиса ба назар мерасад ин нарасидани бино ва синфхонаҳою мизу курсӣ мебошад.

Ҷадвали № Мушкилиҳои соҳаи маорифи шаҳри Роғун

  Номгӯи мушкилот Ном, рақами муассисаҳои таълимӣ ва мавзеъҳои ҷойгиршавии он
1 Бад будани базаи моддиву техникии мактабҳо
  Таъмирталаб будани бинои мактабҳо МТМУ-и №№ 1,4,5,6,19,20,21,30
  Нарасидани синфхонаҳо Дар мактабҳои №6,7,14,27,37
  Сохтмони устохонаҳои мактабӣ №6,7,9,14,17,18,19,20,21,22,27,28,29,30,33,37
   Сохтмони бино Шуъбаи маорифи шаҳр
  Сохтмони толорҳои варзишӣ №4,6,7,9,14,18,19,20,21,22,27,28,29,30,33,37
  Сохтмони ошхонаҳо №6,7,9,14,18,19,20,21,22,27,28,29,30,33,37
  Сохтмони як бинои литсейи давлатӣ Дар маркази шаҳр
2 Шароити номусоид барои таҳсили хонандагон
  Набудани таҷҳизотҳои замонавӣ (мизу курсӣ, асбобҳои аёнӣ, бозичаҳои кӯдакона, расмҳо вағайра) Дар аксарияти мактабу кӯдакистонҳо
  Нарасидани таҷҳизоти мактабӣ, мизу курсиҳо барои хонандагон Дар мактабҳои шаҳру деҳот
  Таъмини мактабҳо бо компютер ва принтер Дар мактабҳои шаҳру деҳот
  Набудани ҳуҷраҳои фаннӣбо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳазонидашуда, нарасидани китобҳои дарсӣ Дар мактабҳои шаҳру деҳот
  Аз кор баромадани таҷҳизоти гармидиҳии мактабҳо Дар мактабҳои деҳот
  Набудани барқи доимӣ дар мактабҳо Дар мактабҳои деҳот
  Нарасидани таҷҳизот барои маркази таҳсилоти иловагӣ ва маркази технологияи информатсионӣ Дар маркази шаҳр
3 Дастрас набудани хонандагон ба таҳсил
  Ба талабот ҷавобгӯ набудани роҳҳои пиёдагард Дар ҷамоатҳои деҳоти Сичароғ
4 Ҷалби сусти диққати падару модарон ба мушкилоти мактабҳо
  Суст будани робитаи мактабҳо бо АВО (Ассотсиатсияи волидону омӯзгорон) Дар мактабҳои деҳот
5 Нокифоя будани фаъолияти беруназмактабӣ
  Пурра дастрас набудани Марказҳои таҳсилоти иловагӣ дар деҳот Дар мактабҳои деҳот
6 Ба талабот ҷавобгӯ набудани кӯдакистонҳо
  Таъмирталаб будани ҳуҷраҳои  кӯдакистонҳо Кӯдакистонҳои «Парасту» ва «Офтобак»
  Набудани таҷҳизоти нав Кӯдакистонҳои «Парасту» ва «Офтобак»

 

 

Соҳаи тандурустӣ.

 

Ҳолати умумӣ. Тандурустӣ соҳаи муҳим ва афзалиятнок барои беҳбудии саломатии аҳолӣ аст. Дар фасли мазкур самтҳои афзалиятноки сиёсатро дар бахши тандурустӣ ва талаботи молиявие, ки барои ба эътидол омадани асосҳои системаи ёрии тиббию беҳдоштии аввалия ногузиранд, равшан сохта, чунин зерсохторҳоро, аз қабили миқдори марказҳои саломатӣ, ҳолати саломатии аҳолӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, мушкилии бахши тандурустӣ ва роҳҳои ноил шудан ба беҳдошти соҳаи марбута фаро мегирад.

Дар бахши тандурустӣ равандҳои асосии дастёбӣ ба ҳалли масъалаҳои ҲРҲ аз инҳо иборат аст:

  • сохтану барқарор кардани бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ дар деҳот;
  • бо таҷҳизоти тиббӣ ва доруҳои асосии шифобахш таъмин намудани муассисаҳои тандурустии шаҳр;
  • ба васоити пешгирикунадаи ҳамл таъмин намудани ҳамаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ;
  • зиёдкунии мутаносибии ДОТС;
  • дар сатҳи шаҳр пурқувват намудани чораҳои мубориза бо бемориҳои сирояткунанда;
  • ташкили чорабиниҳои самарабахш дар заминаи пешгирӣ ва мубориза ба ВНМО дар байни аҳолӣ бахусус ҷавонон;
  • ба роҳ мондани маъракаи мубориза бо бегичагардонӣ (гелминтозҳо) дар байни кӯдакони то 14-сола;
  • таъмини муассисаҳои тандурустии шаҳр (бахусус дар сатҳи деҳот) бо мутахассисони маълумоти олидор ва миёна.

Давомнокии миёнаи умр. Ташаккули тарзи солими зиндагӣ яке аз омилҳои муҳимми беҳбуд ёфтани нишондиҳандаҳои марбут ба шеваи дурусти ҳаёт мебошад. Чорабиниҳои иттилоотию тавзеҳӣ дар миёни аҳолӣ, ки ба дарки мафҳумҳое чун танзими оила, талқини малакаҳои гигиенӣ ва тағйирёбии меъёрҳои ахлоқӣ мусоидат мекунад, унсурҳои асосии ташаккули тарзи солими зиндагӣ дар шаҳр аст.

Мувофиқи арзёбиҳо ҳоло нишондиҳандаҳои миёнаи дарознокии умр 62- 56 сол аст, аз ҷумла барои мардон 55- 62 сол ва барои занон 66 – 73 сол.

Бемориҳои паҳншуда. Бемориҳои аз ҳама бештар паҳншуда дар байни аҳолии шаҳр ин фишорбаландӣ, бемориҳои дил, диабети қанд, сил, зардпарвин, буғумдард, кирми рӯда (гелминтоз байни кӯдакон ва наврасони то 14-сола), ҷоғар, дарунравии шадид дар байни кӯдакон, гестозҳо, апендисит, санги талха, гурда, бемории меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта ва латхурӣ (травма), аворизи баъди таваллуд дар байни навзодон мебошад. Сабаби паҳн шудани чунин бемориҳо байни аҳолӣ саривақт аз ташхис нагузаштан, сатҳи пасти иттилоотнокӣ, камбизоатӣ ва дигар омилҳо мебошад.

Саломатии модар ва кӯдак, Саломатии аҳолӣ самти муҳимми соҳаи иҷтимоии шаҳри Роғун  ба ҳисоб рафта, ҳадафи асосии он ба  дастрасии пурраи аҳолӣ ба хизматрасониҳои сифатноки  тиббӣ  нигаронида шудааст.

Ҷадвали № Таваллуд дар муассисаҳои тиббӣ ва хона, сатҳи фавти модар

 

Нишондод 2012 2013 2014
Ҳамагӣ таваллуд 1063 1020 1272
Таваллуд дар муассисаҳои тиббӣ 725 663 997
Ба ҳисоби фоиз (%) 68,2 65 78,4
Таваллуд дар хона 338 357 275
Ба ҳисоби фоиз (%) 31,8 35 21,6
Фавти модарон (барои 100,0 ҳазор зинда таваллуд) 2 0 0

Дар беҳдошти солимии модарон татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба солимии репродуктивӣ, танзими оила ва ҳамзамон фаъолияти хуби муассисаҳои КАТС, хадамоти патронажӣ ва тибби оилавӣ нақши калон мебозад. Айни замон дар миқёси шаҳр зиёда аз 10 ҳаз. нафар занҳои қобили таваллуд мавҷуд мебошад, ки аз онҳо 3500 нафарашон истифодабарандагони маводҳои контрасептӣ мебошанд.

Ҳамасола аз ҷониби Маркази солимии репротуктивӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни занҳои қобили таваллуд оид ба пешгирии ҳамли номатлуб, танзими оила ва солимии модару кудак гузаронида мешавад.

 

Ҷадвали № Камхунӣ ва норасоии йод дар организми занҳое,ки аз ҳомилагӣ баромадаанд

 

Нишондод 2012 2013 2014 2014/2012
Шумораи занҳои ҳомила ва аз ҳомилагӣ баромада 1063 1020 1298 122,1
Камхунӣ (анимия) 576 499 789 136,9
Бо ҳисоби фоиз (%), 54,2 48,9 60,8  
Касалиҳои гирифтори ҷоғар 128 211 391 3 мар.
Бо ҳисоби фоиз (%), 12,04 20,7 30,1  
Мурда таваллуд 16 12 8 50

 

Дар давоми соли 2013 ва 2014 шумораи занҳои гирифтории бемории камхунӣ дар байни занҳои қобили таваллуд мунтазам афзоиш ёфтааст, ки сабаби асосии он ба масъалаи дуруст ба роҳмонданифаъолиятиомори соҳаи тандурустии шаҳрмарбутаст. Дарбаробариинсабабиасосиизиёдшуданимиқдориинбеморӣпешазҳамабариоянакарданифосилаибайнитаваллудвабаинобатнагирифтанимасъалаҳоитанзими оила, норасоии хӯрокаҳоисерғизо, гирифторибабемориҳоиэкстрагенеталӣ (пелионефритимузмини (хронический) гурда, вайроншавии мувозинаи мубодилаи моддаҳодарорганизм, гирифторӣбабемориҳоизахмимеъдаюрӯда, илтиҳобимеъдаюрӯдавағайра) марбут мебошад, ки дар бисёр ҳолатҳо ин ба гирифтори оризаи ҳомиладории занҳо (хунравӣ, бемориҳоивобастабабаландшавиифишорихун) оварда мерасонад ва ин ба оқибатҳои вазнин, то ҳаттоба фавти модар ва кӯдак оварда мерасонад.

Солҳои охир дар шаҳр коҳишёбии индекси солимии модарон ба назар мерасад. Сабаби ин гирифтор будани занони ҳомиладор ба бемориҳои экстрагенеталӣ (аз ҷумла бемориҳои гурда, камхунӣ, ҷоғар), саривақт муроҷиат накардан ҳангоми аломатҳои ҳомиладорӣ, риоя накардани фосилаи байни таваллуд, таваллуд дар шароити хона, зоиш дар синни бармаҳал, дастрасӣ надоштан ба маводи пешгирикунандаи ҳамл, сатҳи пасти иттилоотнокии занон дар масъалаҳои саломатии репродуктивӣ ва камбизоатии занон мебошад.

 

Ҷадвали№3. Сатҳи фавти кӯдакон дар солҳои 2012 – 2015

 

Нишондод 2012 2013 2014 2014/

2012

Фавти кӯдак аз 1 то 5 сола (аз рӯи 1000 з/т) 0 0 0  
Бо ҳисоби фоиз (%)  
Фавти кӯдакони то 1 сола (аз рӯи шумора 1000 з/т) 23 27 33  
Бо ҳисоби фоиз (%) 2,2 2,6 2,5  

Фавти кӯдакони то яксола ва мурдатаваллуд таи се соли охир мутаносибан 57 ва 13,3 фоиз афзоиш ёфтааст. Сабаби асосии он аз омилҳои зерин мебошад:

  • Баланд будани нишондоди фавти перенатали (06 рӯза) бинобар ғайриқаноатбахш будани солимии занҳои ҳомила.
  • Баланд будани бемориҳои роҳи нафас, дарунрави, варами шуш (гарчанде фаъолияти марказҳои ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона ва эмкуни дуруст ба роҳ монда шудааст), паст будани маърифатнокии модарон ва шароити пасти иҷтимоии оилаҳои камбизоат.
  • Набудани таҷҳизоти тибби (катҳои кӯдаконаи эҳёгари)ва нарасидани мутахассисони соҳаи неонатологӣ ва эҳёгарӣ.
  • Баланд будани бемориҳои радифи, аз ҷумла камғизоги, нуқсонҳои модарзоди, камхуни ва ғайраҳо

Оид ба фавти кудакони аз 1 то 5 сола бинобар сабаби ба қайд нагирифтани кудакон аз ҷониби волидон (шаҳодатномаи таваллуд), дар дигар минтақа ба амал омадани фавт ва пешниҳод нашудани маълумотнома оид ба фавт ба ҷои истиқомат дар се соли охир дар миқёси шаҳри Роғун ба қайд гирифта нашудааст.

Бемориҳои сироятӣ. Мубориза ба муқобили бемориҳои сироятӣ яке аз масъалаҳои умдаи шаҳр ба ҳисоб рафта, аз сабаби коҳиш ёфтани маблағгузорӣ ва кӯҳнаю фарсуда шудани таҷҳизоти озмоишгоҳи маркази санитарию эпидемиологии шаҳр имкониятҳои пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ мушкил шудааст.

 

Ҷадвали № 4. Динамикаи тамоюли бемориҳои сироятӣ

 

Намуди бемориҳои сироятӣ 2012 2013 2014
Бемории сил 26 21 23
(ба 100 ҳаз.аҳолӣ) 0,26 0,21 0,23
Газидан, оболудшавӣ, харошидан аз тарафи ҳайвонҳо 6 10 15
(ба 100 ҳаз.аҳолӣ) 2,5 4,1 6,2
Исҳоли хунин (Дизентерия) 21 10 10
(ба 100 ҳаз.аҳолӣ) 8,6 4,1 4,1
Сироятҳои шадиди рӯдаву меъда 2244 2382 2166
(ба 100 ҳаз.аҳолӣ) 920,0 976,6 888,0
Бемории ВИЧ/СПИД 7 13 8
(ба 100 ҳаз.аҳолӣ) 2,8 5,3 5,7
Ҳамагӣ аҳолӣ: 38600 39300 40100

Солҳои охир шумораи нафарони гирифтори бемории сил, бемориҳои шадиди рӯдаву меъда,гелментоз ва ВИЧ/СПИД зиёд шудааст. Гирифтори бемории ВИЧ/СПИД дар соли 2013 нисбати соли 201285,7% зиёд шуда, дар соли 2014 53,8 фоиз кам шудааст. Сабаби асосии кам шудани гирифторони бемории ВИЧ (СПИД) ин фавти 6 нафар бемор мебошад. Сабаби асосии афзоиши дигар бемориҳои сироятӣ ин сари вақт ташхис нашудани бемориҳо бахусус дар оилаҳое, ки ба хизматрасонии тиббӣ дастнорас мебошанд (муҳоҷирони меҳнатӣ), хизматрасонии пасти рифоӣ (коммуналӣ) дар деҳот, паст будани маърифатнокии аҳолӣ доир ба масъалаҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, камбизоат будани аҳолӣ, гарон будани арзиши доруворӣ ва хизматрасонии тиббӣ алоқамандаст.

Бинобар сабаби дар миқёси шаҳри Роғуннабудани мутахассиси озмоишгоҳи барои муайян намудани кирми рудаю меъда бемориҳои гелменти муайян карда нашудааст ва беморони шаҳри Роғун ба ноҳияи Файзобод ва шаҳри Душанбе барои муайян ва табобати кирми рудаю меъда бемориҳои гелментӣ мераванд.

Бемориҳои ғайрисироятӣ. Дар шаҳри Роғун бемориҳои захми меъда, газаки меъда, газаки гурда, тарбод, ғадуди дарунӣ, камхунӣ, ҷоғар ва бемории ишемияи дил солҳои охир афзоиш ёфтааст. Сабаби афзоиши ин бемориҳо паст будани маърифатнокии аҳолӣ доир ба пешгирии бемориҳо, камбуди тарзи ҳаёти солим, саривақт муроҷиат накардан ба муассисаҳои тиббӣ, камбизоатӣ, баланд будани нархи доруворӣ ва дар сатҳипастқарордоштани шароити иҷтимоӣ мебошад.

Сохтори соҳаи тандурустӣ ва раванди ислоҳот. Системаи тандурустии шаҳри Роғун аз муассисаҳои бистарикунонӣ ва КАТС иборат аст.

 

Ҷадвали №5. Муассисаҳои тиббии шаҳри Роғун

Сохтори шабакаҳои КАТС Ҷамъ 15 муассисаҳои КАТС
Маркази саломатии шаҳрӣ 1
Амбулаторияи тиббии оилавии шаҳраки Оби Гарм 1
Марказҳои саломатии деҳот 2
Бунгоҳҳои тиббӣ 11
Маркази мубориза бар зиддӣ бемории сил 1
Маркази солимии репродуктивӣ 1
Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим 1
Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакон 1
 Маркази эмгузаронии 1
маркази СПИД 1
Шӯъбаи ёрии таъҷилии 2
Сохтори бистарикунони 2
Беморхонаи маркази шаҳри Роғун 1
Беморхонаи минтақави шаҳраки Оби Гарм 1
Маркази назоратии давлатии санитарию-эпидемиологӣ 1-адад

Барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ дар шаҳр як қатор мушкилиҳои инфрасохторӣ мавҷуданд, ки ҳалли онҳо дар панҷ соли оянда яке аз самтҳои асосии Барномаи мазкур аст. Аз ҷумла:

набудани автоклави мутамарказонидашуда (фарсуда);

бад гардидани заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ;

набудани таҷҳизоти муосир дар муассисаҳои тиббии шаҳр (дастгоҳи нафасгирии сунъи (ИВЛ), дастгоҳи эҳёгари, дастгоҳи рентгенӣ, флюрография, дезкамера, гастроскоп, Кювез ва ғайра).

Бо маблағгузориишариконирушдсохтмони бунгоҳитиббӣдардеҳаиЧашмаиКулловатаъмирибунгоҳҳоитиббиидеҳаҳоиҚандак, Деҳқонобод ваФаррухамалӣгардидааст.Инчунин,амалисозии 10 лоиҳа, азҷумлатаъмирибунгоҳҳоитиббиидеҳаҳоиҚалъаиНавваҚадиОбидомадошта, тоохирисоли 2015 баанҷомрасонидамешавад.

Бахши тандурустии шаҳр мувофиқи ислоҳоти системаи идоракунии соҳа азнавсозӣ карда шуда, бахши махсуси тандурустӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таъсис дода шуд, ки вазифаи асосии он идора ва ҳамоҳангсозии умумии фаъолияти муассисаҳои тиббӣ аст.

 

Сатҳи маълумотнокии кормандони КАТС ва сохтори госпитали шаҳри Роғун

 

Муассисаҳои тиббӣ Шумораи кормандон Маълумоти миёнаи махсус Маълумоти олӣ Дигар кормандон
Муассисаҳои КАТС 174 82 20 72
Бо ҳисоби фоиз (%) 71,6 84,9 27,4 98,6
Хадамоти бистарӣ 148 63 18 107
Бо ҳисоби фоиз (%) 57.9 75 43.1 82.5

Муассисаҳои тиббии шаҳр аз нарасидани кормандони тиб, бахусус табибони маълумоти олидор танқисӣ мекашанд. Муассисаҳои тиббии шаҳр ба 53 нафар духтурон ниёз доранд. Мувофиқи равандҳои нави ислоҳоти тандурустӣ ва татбиқи самараноки «Стратегияи солимии аҳолии Ҷумҳарии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» дар назди Вазорати тандурустӣ Институти такмили ихтисос ташкил дода шудааст. Дар муассисаи мазкур барои тайёр намудани кормандони соҳаи тиб модули нави тарзи идоракунӣ ва маблағгузорӣ тартиб дода шудааст, ки тавассути он кормандони соҳа омӯзонида мешаванд.

Иштироки ҷомеа дар беҳтар намудани саломатӣ.

Дар шаҳри Роғун ҳалли масоили солимӣ иштироки ҷомеа кам мушоҳида мешавад ва ташаббусҳои аҳолӣ оид ба беҳтар намудани вазъи санитарию гигиенӣ на чандон хуб ба назар мерасад. Фаҳмиши аҳолӣ доир ба масъалаҳои бурдани тарзи ҳаёти солим хуб ба роҳ монда нашудааст.

 

Мушкилии соҳаи тандурустӣ шаҳри Роғун :

Номгӯи мушкилотҳо Мавзеъ
1 . Бад гардидани заминаю моддию техникӣ  
А. Аз навсозии муассисаҳои тандурустӣ аз сабаби дар хонаҳои шахсӣ, вагонхона, мактаб, ҷойгир будан ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштанашон. Бунгоҳи саломатии деҳаҳои Луғур, Камари Муғул, Ковокдара  Беморхонаи марказии шаҳрӣ,

Беморхонаи минтақавӣ

  Таъмир талаб будани муассисаҳои тиббии шаҳр ва гирду атрофии он шӯъбаи ҷарроҳӣ, як қисми шӯъбаи таваллудхона, шӯъбаи эҳё ва мадҳушкунӣ, шӯъбаи касалиҳои сироятӣ, шӯъбаи муоинаи тиббӣ, шӯъбаи касалиҳои кӯдакона, беморхонаи минтақави шаҳраки Оби Гарм
Б Фарсуда ва ё набудани таҷҳизоти муоинаи тиббии рентгенӣ-2 адад, таҷҳизоти ФГС-1 адад, таҷҳизоти УЗИ-3 адад, бронхоскоп-2 адад, гастраскоп – 1 адад, таҷҳизоти автоклав-3 адад, таҷҳизоти ЭКГ -5 адад, дефибрилятор-2 адад, таҷҳизоти нафасисунъӣ (ИВЛО – 9) -2 адад, УВЧ-4 адад, Кювез-4 адад электроотсос -5 адад, таҷҳизоти ФЭК -3 адад, аппарат Дорсанвал– 2 адад, таҷҳизоти рентгении стомотологӣ-1адад, микроскопи электронӣ 4 адад, сентрофуга -2 адад, термостат -4 адад, таҷҳизот (набор) барои озмоишгоҳи клиникӣ-2 адад, отоларинглогический набор-3-адад, шкафи хушкақонунӣ(шкаф-сухожар) – 4 адад, операционнӣй набор  хурд ва калон -3 адад, камера Гараева-2 адад, мизи чаррохи – 2 адад. Ҳамаи муассисаҳои тиббии шаҳр
В Нарасидани таҷҳизоти инвентарӣ, катҳои беморхонавӣ-160 адад, тарозу ва катченкунакҳо барои кӯдакони навзод ва то 1-сола 5 адад, миз барои печони даникӯдак -5 адад, миз барои асбобҳои тиббӣ – 22 адад, шкафҳо-24 адад, катҳо (кушетки) 23-адад, диван-15 адад, миз – 70 адад, кӯрсӣ -200 адад,матрас – 200 адад, курпа – 200 адад, болишт – 200 адад, болопуши чои хоб – 200 адад. Беморхонаи марказии шаҳрӣ, Бунгоҳҳои саломатӣ, Маркази ҳамбастагии бемориҳои кудакона, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, нуқтаи  тиббии дар муассисаҳои шаҳри Роғун
Г Норасоии таҷҳизоти ёридиҳанда, компютер – 20 адад, видеокамера-1 адад Суратгираки рақамӣ – 2 адад, Проектор-2 адад, камерахои назоратии баландикдидор – 22 адад. Маъмурияти сохтори госпиталӣ ва муассисаҳои КАТС, Шуъбаи қабулгоҳ, Маркази солимии репродуктивӣ, маркази ташакули тарзи ҳаёти солим марказҳои саломатии деҳот
  Норасогии автомошинаи хизматӣ -3 адад, автомошинаи махсусгардонидаи ёрии таъҷилии(реамабил)-2 адад, автомашинахои санитари – 4 адад. Бахши тандурустии шаҳри Роғун, Маркази эмтаъминкунии шаҳрӣ, шуъбаҳои ёрии таъҷилӣ, МСШ
  Норасогии дорувориҳои бепул барои шахсони имтиёзнок Беморхонаи марказии шаҳрӣ, маркази саломатии шаҳрӣ
2 Сатҳи пасти тахассусии кадрҳои тиббӣ; Муассисахои тандурустӣ
  Сатҳи пасти тахассусии табибони ҷавон Дар тамоми муассисаҳои тиббии шаҳр
  Нарасидани кормандони соҳаи тиб дар

шаҳр, алалхусус

табибони маълумоти оли дошта

Дар тамоми муассиса-ҳои тиббии шаҳр
3 Суръати сусти ислоҳоти соҳаи тандурустӣ
  Номутаносибии маблағҳои ирсолшуда барои зинаи аввал ва дуввуми хизматрасонии тиббӣ Соҳаи тандурустӣ

 

Соҳаи сайёҳӣ. Сайёҳӣ дар шаҳри Роғун яке аз соҳаҳои асосӣ ва афзалиятнок ба ҳисоб меравад.Рушди соҳаи туризм баҳри паст кардани сатҳи бекорӣ дар ноҳия замина ва имкониятҳои муфидро фароҳам меоварад.

Барои пешбурди сиёсати соҳа ва татбиқи самараноки он дар шаҳр бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ амал намуда истодааст, ки дар он 3 нафар кормандон ва аз он 1 мутахассиси пешбар дар самти сайёҳӣ фаъолият менамоянд.

Дар сатҳи ҷумҳурӣ сол то сол ба рушди соҳаи сайёҳӣ диққати махсус дода шуда, дар ин замина «Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017» қабул карда шудааст, ки дар доираи он то соли 2017 дар дар шаҳри Роғун ҳам корҳои назаррас барои фароҳам овардани рушди туризм дар назар дошта шудааст.

Мушкилии асосие, ки дар ин самт ба назар мерасад, норасогии шарити молиявӣ мебошад. Бинобар маҳдуд будани буҷети маҳаллӣ ва воситаҳои молиявӣ аксар чорабиниҳое, ки дар барнома пешбинӣ гардидааст, сари вақт маблағ гузорӣ ва иҷро карда намешаванд.

Илова бар ин барои боз ҳам беҳтар гардонидани хизматрасонии соҳа ва қабули бештари меҳмонон ва ё заминаи мусоид фароҳам овардан барои рақобати солим дар ин самт дар соли 2015 дар маркази шаҳр сохтмони меҳмонхонаи  нави замонавӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати сохта ба истифода дода шуд. Инчунин, аз тарафи соҳибкорон тарабхонаҳо сохта шудааст.

Дар мавзеи деҳаи Чормағзак роҳе, ки ба самти зиёратгоҳи Хоҷа Ҷунайди Бағдоди меравад, сохтмони меҳмонхона ва ошхонаҳо барои ҷалби меҳмонони ҳориҷӣ мувофиқи мақсад мебошад.

То охири соли ҷорӣазнавсозииҚасрифарҳанг, бунёдибоғиистироҳатиибаномиИсмоилиСомонӣ, барқарорсозиинуқтаҳоиравшанидиҳандаимайдониасосӣвакӯчаҳоишаҳриРоғунбанақшагирифташудааст.

Мутаассифона, дар шаҳр ташкилоту муассисаҳои муаррифи кунандаи туризм фаъолият намекунад.

Варзиш. Бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи соҳаи варзиш дар доираи «Барномаи маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Чумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» аз 7 октябри соли 2011, №606 ва «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016» аз 17 марти соли 2012, № 205 дар шаҳр нақшаи чорабининиҳои рушди соҳаи мазкур тартиб дода шудааст дар доираи он гузаронидани як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла ташкили дастаи яккачини футболи “шаҳри Роғун” дар лигаи якуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва дар назар дошта шудааст.

Ҳоло дар шаҳр 12 адад майдончаҳои варзишии футбол 24 адад майдончаҳои волейбол, 7 адад толорҳои варзишӣ дар назди мактабҳо, 1,3,5 ва як толор дар маркази шаҳр ва деҳаи Ҷавононӣ дар шаҳр мавҷуд буда, ба ҳаводорони варзиш ва мардум барои истифода пешкаш гардидааст.

Дар шаҳр 1 адад мактаби варзишӣ фаъолият намуда, барои пешбурди соҳа 8 нафар мураббиёни варзида аз руи 8 намуди варзиш, футбол, волейбол, шашка, шоҳмот, тенниси рӯи миз, гуштини миллӣ, варзиши сабук, як ҳарбаи шарқӣ ба 220 нафар шогирдон машқу тамрин медиҳанд.

Дастовардони варзишгарони шаҳр бештар дар намудҳои гуштини милли, футбол, варзиши сабук дастболо гаштаанд. Аз мураббиёни боло  1 нафар Устодони Варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 нафар номзади Устоди Варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи гуногун, аз ҷумла мусобиқоти ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.

Ҷадвали № Иштироки варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳо тӯли солҳои 2010- 2014

 

№.

 

Солҳо Мусобиқаҳои дохили шаҳри Мусобиқаҳои минтақави Ҷумҳуриявӣ Байнал-милалӣ Ҳамагӣ
1 2010 18 10 4 32
2 2011 24 12 4 40
3 2012 28 14 8 50
4 2013 32 16 12 60
5 2014 43 16 14 1 73

 

Ҷадвали № Ҷоизаҳоиварзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳо тӯли солҳои 2010- 2014

№. Солҳо Медали тилло Медали нуқра Медали биринҷӣ Ҳамагӣ
1 2010 1 1 2
4 2011 2 3 2 7
3 2012 3 2 4 9
4 2013 3 3 4 10
5 2014 3 5 7 15

Иншоотҳои варзишии шаҳр дар бисёр мавридҳо ба талаботи ҳозиразамон ҷавобгӯ намебошанд ва ба таъмир ниёз доранд. Дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳр норасогии толорҳои варзишӣ, майдончаҳои варзишӣ ва майдонҳои футболбозӣ, дар ҳолати ногувор қарор доранд.

Лозим ба зикр аст, ки баъзе аз деҳаҳои шаҳр аз марказ дар масофаи дур воқеъ мебошанд ва дар қаламрави онҳо танҳо дар мактабҳо майдонча ё толори варзишӣ мавҷуд асту халос. Бинобар дурии роҳ кӯдакони ин деҳаҳо аз иштирок дар ҳама чорабиниҳои варзишӣ маҳрум мебошанд. Дар деҳаҳои гирду атрофи шаҳр ҳамчунин норасоии лавозимоту таҷҳизотҳои варзишӣ ба назар мерасад ва иншоотҳои варзишӣ ба таъмир эҳтиёҷ доранд. Хуб мешуд, ки дар марази шаҳр сохтмони як майдони варзишии футбол ва як толори варзиши сохта ба истифода дода мешуд.

Дар самти ҷавонон дар шаҳр то 31.12.2014 шумораи умумии ҷавонон 15668 нафар мебошад, ки 37,5 фоизи аҳолиро ташкил медиҳад. Хуб мебуд, ки дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти қаламрави шаҳр марказҳои ҷавонони ҳозиразамон ташкил мегардид, то ҷавонон ба омӯзиши курсҳои кӯтоҳмуддат ҷалб мегардиданд.

3.3. Соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Ҳолати кунунии соҳа. Соҳаи иҷтимоии шаҳри Роғун аз системаи суғуртаи давлатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, таъминот бо нафақа, шуғл, муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқи оила, кӯдакон, расонидани кӯмаки суғуртавии иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои осебпазир ва камбизоат иборат мебошад. Марҳилаи кунунии рушди шаҳри Роғун бо мавҷудияти бекорӣ, тафриқаи намоёни вазъи иҷтимоӣ, имконияти то андозае маҳдуди иқтисодии қисми асосии аҳолии деҳот вазифаи ташкили ҷойҳои кории навро гузоштааст.

Мувофиқи маълумоти расмӣ шумораи аҳолии шаҳри Роғун то 1 январи соли 2015 41,1 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз он 27,0 ҳазор нафарашон захираҳои меҳнатӣ мебошанд.

Гурӯҳи осебпазири аҳолӣ.Ба гурӯҳи осебпазири аҳолии шаҳр нафақхӯрон, маъюбон, кӯдакони маъюб ва оилаҳои камбизоат дохил мешаванд.

 

Ҷадвали №1. Шумораи нафақахӯрон

аз рӯи категорияҳо дар тӯли солҳои 2012-2014

 

Гурӯҳҳои осебпазир Солҳо с 2012 нисбат

ба с. 2014 бо %

2012 2013 2014
Нафақахӯрон 1023 1135 1121 91,25
Маъюбон 626 646 596 -105
Маъюбони модарзод 121 115 112 -108
Бесаробонмондагон 322 314 296 -91,9
Ҳамагӣ нафақахӯрон 2092 2210 2225 94,0
Оилаҳои камбизоат, ки ҷубронпулии пардохти истифодаи қувваи барқмегиранд. 140 179 131 106

Дар шаҳр 8 нафар маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 11нафар маъюбони Чернобил ва 618 нафар маъюбони гурӯҳҳои 1, 2 ва 3 истиқомат доранд.

Дар давоми се соли охир афзоиши шумораи умумии нафақахӯрон ва маъюбон ба назар мерасад, ки ба афзоиши умумии аҳолӣ, аз меъёри муқарраргардида зиёд будани таъсири майдони магнитӣ, вазнин будани шароити оилавӣ ва истеъмоли ғайрисаривақтӣ ва дурусти ғизо ва риоя нагардидани талаботи санадҳои меъюрию ҳуқуқӣ оид ба таъмини шароит ва ҳифзи меҳнат алоқаманд аст. Шумораи маъюбон 27 фоизи шумораи умумии нафақахӯронро ташкил медиҳад. Соли 2014 дар шаҳр 4 нафар кӯдакони аз падару модар маҳрумгашта ва 526 нафар ятимоне, ки яке аз волидайнашонро гум кардаанд, ба қайд гирифта шудааст.

Бояд қайд кард, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ба маъюбони Чернобил дар солҳои 2012-2014 дар ҳаҷми 74,9 ҳаз.сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонида шудааст.

Талаботи умумии моҳонаи нафақа ба ҳолати 01.04.2015 -649,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба соли 2012 ба андозаи 171,3 ҳазор сомонӣ ва ё 7,4 маротиба афзоиш ёфтааст.

 

Ҷадвали № Ҳаҷми пардохти кӯмакпулиҳо ва ҷубронпулиҳо дар солҳои 2012-2014 (бо ҳаз. сомонӣ)

Яке аз омилҳои асосие, ки дар афзоиши ҳаҷми пардохти нафақа таъсири мусбӣ расонидааст, ин дар заминаи рушди иқтисодиёти кишвар ва зиёдшавии имкониятҳои молиявӣ интишор гардидани Фармони Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2010, № 923 “Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақаҳо ва стипендияҳо” мебошад.

 

Диаграммаи № Талаботи моҳонаи нафақа дар солҳои 2012-2014

 

Талаботи умумии моҳонаи нафақа ба ҳолати 01.04.2015 -649,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба соли 2012 ба андозаи 171,3 ҳазор сомонӣ ва ё 7,4 маротиба афзоиш ёфтааст.

Айни замон ШуъбаиАгентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғундар бинои истиқоматии кӯчаи Ҷавонон №34 фаъолият дорад, ки барои пешбурди кор ҷавобгу намебошад, утокҳои хурди кори барои 1 нафар ҷой аст, ки дар он мутахассисон дар як уток дунафари кор ва фаъолият доранд.

Бинобар ин бо назардошти ташкили шароити мусоиди корӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти кори кормандони шуъбаи мазкур, сохтмони бинои ШуъбаиАгентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ба мақсад мувофиқ мебошад.

Шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ.Шӯъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Роғун дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ бо назардошти вазъ дар шуғли аҳолӣ ва бозори меҳнати байналмилалӣ низоми доимоамалкунандаи мониторинги бозори меҳнатро дар сатҳи шаҳр ташкил менамояд, таҳлили ҳолати он, ояндабинии талаботу пешниҳодҳоро ба қувваи корӣ амалӣ месозад.

Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо ҷои кор дар давоми солҳои 2012-2014 аз ҷониби шӯъбаи мазкур дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор 6769 ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шуд, ки аз ин 752 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидаанд. Аз сабаби паст будани музди меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ, соҳаҳои буҷавӣ ва набудани шароити мусоиди иҷтимоӣ, бахусус дар маҳаллҳо нисфи зиёди корқабулшудагон ҷои кории худро тарк намуда, ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ё ба муҳоҷирати меҳнатии бурунмарзӣ рафтаанд.

Самти асосии сиёсати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар бозори меҳнат дар давраи то соли 2015 ҷалб ва ҳавасманд намудани муассисаҳои дахлдор ҷиҳати ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина баланд бардоштани самаранокӣ ва рушди бозори меҳнат ба ҳисоб меравад.

Ҷадвали №2 Раванди татбиқи Барномаи мусоидат

ба шуғли аҳолии шаҳри Роғун барои солҳои 2012-2014

 

Номгӯичорабиниҳо Солҳо Соли 2012 нисбатба соли 2014 бо %
2012 2013 2014
Нақша Иҷроиш Нақша Иҷроиш Нақша Иҷроиш
Таъсисиҷойҳои нави корӣ 2129   2499   2141   99,4
Таъминиаҳолӣбоҷои кори доимӣ 240   276   236   101,6
Касбомузӣ 100   180   123   81,3
Корҳоиҷамъиятиимузднок 31   36   28   110,7

Сабабҳоиасосиизиёдгардиданишумораитаъсисиҷойҳои нави корӣ дар соли 2014 ин вусъатёфтаникорҳоисохтмони дар НБО-и «Роғун» мебошад. Дар доираибарномаидар боло зикргардида дар давомисолҳои 2012-2014 беш аз 406 нафаркурсҳоикӯтоҳмуддатикасбомӯзиро дар марказҳоитаълимӣ (аз рӯикасбҳоидӯзандагӣ, кафшергарӣ, компютерӣ) хатмнамудаанд. Илова бар ин, дар асосисозишномаибайниВазоратимеҳнатваҳифзииҷтимоииаҳолииҶумҳурии ТоҷикистонваКумитаиимдодиИмомҲумайнииҶумҳурииИсломииЭрон 60 нафардухтарон аз оилаҳоикамбизоаткурсҳоимахсусиазхудкуниикасбидӯзандагирогузаштаанд.

Хароҷоти буҷети шаҳри Роғун барои рушди соҳаҳоииҷтимоӣ (тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ) сол аз сол меафзояд. Ҳаҷми маблағгузории буҷетии ин соҳаҳо бештар дар асоси ҳисобу китоби сметавӣ (харҷномавӣ) муайян мегардад. Дар натиҷа ҳаҷми хароҷоти алоҳида новобаста аз талаботи соҳа дар асоси имкониятҳои буҷети маҳаллӣ таҳия мегардад.

Таҳлили дар диаграмма овардашуда нишон медиҳад, ки буҷети шаҳр хусусияти иҷтимоӣ дошта, соли 2014 81,5 фоизи он ба ин соҳа равона шуда, дигар хароҷот 18,5 фоизро ташкил медиҳад. Новобаста аз ин, бештари маблағҳое, ки дар ин самт ҷудо мегардад, ба соҳаҳои маориф ва тандурустӣ равона гардида, қисми аз ҳама камтари он барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сафарбар карда мешавад.

Маблағи ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ пешбинишуда барои пардохти ҷуброни мактаббачаҳо (аз оилаҳои камбизоат), кӯмаки яквақта барои шахсоне, ки дар натиҷаи садамаи Чернобел зарар дидаанд, ҳавасмандгардониҳо дар вақтҳои ҷашн ва идҳо барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат, маъюбони модарзод равона карда мешавад.

Музди меҳнат. Дар давоми солҳои 2012-2014 афзоиши воқеии тамоми даромадҳои пули аҳолӣ, аз ҷумла музди меҳнат ва нафақа ба назар мерасад. Музди меҳнати номиналӣ дар соли 2014 нисбат ба соли 2012 ба андозаи 29,4 фоиз афзуда бошад ҳам, бо вуҷуди ин як қатор масъалаҳои иҷтимоӣ, бахусус масъалаҳои меҳнатӣ, аз қабили дараҷаи баланди табақабандии аҳолӣ аз рӯи андозаи даромадҳо, сатҳи пасти музди меҳнати кормандони соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва сатҳи баланди музди меҳнати кормандони соҳаҳои хизматрасонии бонкӣ, суғурта, молия, сохтмон, алоқа, нақлиёт ва саноат ба назар мерасад. Дар натиҷаи ин хизматчиёни давлатӣ аз сабаби паст будани музди меҳнат сол аз сол ҷойҳои кории худро тарк намуда, ба корҳои тиҷоратӣ ва муҳоҷирати меҳнатии бурунмарзӣ машғул мешаванд ё ин ки вазифа ва мансабҳои хизматиро тарк карда, барои дарёфти кори шоиста ба корхонаҳои сохтмонӣ ва саноатӣ мераванд.

 

Ҷадвали №3. Музди миёнаи меҳнат аз рӯи соҳаҳо дар тӯли солҳои 2012 -2014

 

Соҳаҳо Солҳо 2014 нисбати2012бо%
2012 2013 2014
Сектори ҳокимият 510,2 623,6 772,5 51,0%
Тандурустӣ 250,0 339,6 428,2 71,0%
Маориф 308,5 480,6 503,9 63,0%
Фарханг 250,0 281,0 355,0 42,0%
Кишоварзӣ 200,0 250,0 280,0 40,0%
Бойторӣ 276,0 331,2 471,5 71,0%
Хадамоти оташнишонӣ 458 537,6 541,5 18,0%
Ҳамагӣ дар шаҳр(баҳисобимиёна) 1324,3 1312,7 1495 112,9

Муздимиёнаи аз ҳама пастимеҳнатӣ ба соҳаикишоварзӣ рост меояд, кичун пас аз ба шаклҳои нави хоҷагидорӣгузаштаниаксариятихоҷагиҳоидеҳқониимавҷудасатҳидаромаднокиашонниҳоят паст вааксаран аз сохторҳоидахлдорқарздоршудаанд, тарзуусулватартиби ба корқабул кардан вамуайяннамуданимуздимеҳнат дар ин хоҷагиҳодурустбароҳмонданашудааст. Илова бар ин ҳар як роҳбарихоҷагӣ дар алоҳидагӣмуздимеҳнатисаҳмдоронихудробохоҳиши худ муайяннамуда, дар аксарҳолатҳоталаботиқоидаҳоиКодексимеҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистонрориоянамекунанд.

 

Сатҳибекорӣ.ҲадафистратегияиБарномаирушдишаҳр дар солҳоиоянда ба ҷои кори доимӣтаъминнамуданиаҳолӣва дар ин заминакоҳишдоданисатҳибекорӣмебошад. Бароирасиданба ин ҳадаф дар доираиБарномаимазкур ба кордароварданииқтидорҳоинав дар назардошташудааст.

Яке аз сабабҳоиасосие, кибекоронирасман ба қайдгирифташуда сари вақтвапурра ба кортаъмин карда намешавад, ин ба дархоствапешниҳодимуассисаюидораҳоваташкилотҳоидахлдорвобастааст. Илова бар ин ҳангомигузарониданиярмаркаҳоиҷойҳои кори холӣаксарииштирокчиён аз паст буданимуздимеҳнатвашароитиномусоидикорӣнорозӣбуда, аз ишғоливазифаҳоипешниҳодшуда даст мекашанд.

Диаграммаи № Сатҳи бекорӣ дар ҳудуди шаҳри Роғун дар солҳои 2012-2014 (нафар)

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки айни замон аз шумораи умумии қувваи қобили меҳнат шумораи бекорон 8448 нафарро ташкил медиҳад, ки 35,2 фоизашро бекорон ташкил медиҳанд. Бештари шумораи бекоронро занон ташкил медиҳанд, ки аслан хонашинанд.

Диаграммаи №. Сатҳи умумии шуғл ва бекорӣ дар соли 2014 (бо нафар)

Бомақсадикамкарданисатҳибекорӣ, таъминишароитимусоидбароифаъолиятиминбаъдавадастгириимолиявиибекорон аз ҷонибишӯъбаи агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳр аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ҳамасола қарзҳои бефоиз ва имтиёзнок пешниҳод карда мешавад. Дар тӯли солҳои 2012 -2014 шумораи умумии бекороне, ки аз қарзҳои бефоиз истифода намудаанд, 119 нафарро ташкил дод ва ҳаҷми умумии маблағи пешниҳодшуда ба 542,2 ҳазор сомонӣ баробар аст.

Диаграммаи № Сатҳи умумии шуғл ва бекорӣ дар соли 2014 (бо фоиз)

Сабаби кам будани шумораи истифодабарандагони қарзҳои бефоиз ин надоштани иттилооти кофӣ ва маҳдуд будани маблағҳои пешниҳодгардида мебошад. Ҳамасола ба ҳисоби миёна ба 36 нафар ба маблағи 180 ҳазор сомонӣ қарзҳои бефоиз дода мешавад, ки ин хеле кам буда, барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ басанда нест.

Дар шаҳр иқтидорҳои калони истеҳсолӣ ва захираҳои меҳнатии зиёди истифоданагардида мавҷуд аст, ки дар натиҷаи самаранок ва оқилона истифода намудани онҳо масъалаи поён овардани сатҳи бекорӣ аз байн бардошта мешавад. Мутаассифона, таи солҳои охир аксарияти ин корхонаҳо бинобар нарасидани ашёи хом, кӯҳнаю фарсуда гардидани технологияҳои истеҳсолӣ, нарасидани воситаҳои молиявӣ аз фаъолият боз монда, боиси баланд гардидани сатҳи бекорӣ шудааст. Дар ин самт ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ хеле зарур аст.

Ҷадвали № Дастрасии бекорон ба қарзҳои имтиёзнок дар соли 2012-2014

Самти асосии сиёсати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун то соли 2020 ин, пеш аз ҳама, ҷалб ва ҳавасмандгардонии муассисаҳои дахлдор ҷиҳати ташкили ҷойҳои нави корӣ дар бозори меҳнат, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторҳои дахлдори соҳа ва дар ин замина мусоидат намудан ба рушди бозори меҳнат маҳсуб меёбад. Бо ин мақсад то соли 2020 ташкили 3000 ҷойҳои нави корӣ дар назар дошта шудааст.

 

Муҳоҷирати меҳнатӣ.Муҳоҷирати меҳнатӣ ба монанди тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар таъмини аҳолӣ бо ҷои кор нақши калон бозида, сарчашмаи асосии даромади аҳолӣ ба шумор меравад. Шумораи муҳоҷирони меҳнатии бурунмарзӣ аз сабаби набудани сохтори дахлдори хадамот аниқ ба ҳисоб гирифта намешавад. Аз рӯи ҳисоботи расмии оморӣ дар соли 2014 шумораи умумии муҳоҷирон 2305 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 10 нафаро занҳо ташкил медиҳад. Соли 2014 аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути бонкҳои шаҳр 198 млн. 713 ҳаз.сомнӣ ворид гаштааст.

Дар соли 2014 аз ҷониби бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Роғун 22 нафар муҳоҷирони меҳнатие, ки воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Россия маън шудааст бо ҷои кор таъмин карда шудаанд.

Эҳтимол аст, ки дар солҳои оянда шумораи муҳоҷирони меҳнатии бурунмарзӣ ба сабаби идомаи буҳрони молиявию иқтисодӣ ва баста шудани бисёр корхонаю муассисаҳо дар мамлакатҳои муҳоҷир, бахусус Федератсияи Россия, кам шавад ва ин метавонад ба даромади оилаҳо таъсири манфӣ расонад.

Бо мақсади мусоидат ба танзими ҷараёни муҳоҷирати муташаккилонаи бурунмарзии меҳнатӣ амалӣ намудани тадбирҳои зерин дар назар аст:

  • фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ ба суғуртакунонии ҷамъшаванда ва ихтиёрӣ;
  • пурра аз муоинаи тиббӣ гузаронидани муҳоҷирони аз муҳоҷират баргашта;
  • ворид ва амалӣ намудани шакли нави қарз – «Қарзи роҳкиро» барои шаҳрвандоне, ки ҳамчун бекор дар мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар қайд буда, хоҳиши муҳоҷиратӣ меҳнатӣ доранд;
  • ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба касбомӯзӣ ва омӯзишии забони давлатҳои қабулкунандаи қувваи корӣ ва ҳуқуқи муҳоҷират тавассути курсҳои кӯтоҳмуддат барои шаҳрвандоне, ки хоҳиши муҳоҷирати меҳнатӣ доранд;
  • ташкил ва татбиқи механизми шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ;
  • самаранок ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии шуғли аҳолии кишварҳо ва корфармоёни хориҷӣ;
  • ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо сохторҳои дахлдори болоӣ ҷиҳати интиқоли нерӯҳои корӣ ба хориҷи кишвар.

Яке аз масъалаҳои дигари марказии соҳа ин ба роҳ мондани муҳоҷирати экологии дохилӣ (ихтиёрӣ) тавассути аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани аҳолӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки 8 адад деҳаҳои ҷамоати деҳоти Сичароғ ҳамчун деҳаҳои минтақаи зериобмонии НОБ-и «Роғун» эътироф шудааст. Шумораи муҳоҷирон дар минтақаи зикршуда, 438 оиларо ташкил медиҳанд ва аз шумораи оилаҳои зикршуда, 199 оила дар деҳаи Тойчии шаҳри Турсунзода кӯчонида мешаванд. То ба имруз 73 оила кучонида шуд.

Барои кучонидани боқимонда 239 оилаи дигари муҳоҷирон аз минтақаи зериобшаванда бошад, дар деҳаи Сайидони болои ҷамоати деҳоти Сичароғ барои 109 оила, дар заминҳои Ёли гармобаи ҷамоати деҳоти Қади Об барои 86 оила, дар заминҳои деҳаи Луғури ҷамоати деҳоти Сичароғ барои 44 оила қитъаҳои замин пешбинӣ карда шудааст. Корҳои омодагӣ ба монади таъмини обинӯшокӣ ва полезӣ, гузаронидани хати интиқоли барқ, сохтмони роҳҳои дохили хоҷагӣ, сохтмони бунгоҳи тиббӣ ва мактаб дар мавзеҳои зикршуда, марҳила ба марҳила ба иҷро расонида шудаистодааст.

 

Мушкилиҳои асосии соҳа:

  • нарасидани воситаҳои техникӣ, курсӣ- аробачаҳо барои маъюбон;
  • номутобиқатии ташкили таъминоти маъюбон, пиронсолон, кӯдакони дорои имконияти маҳдуд ба стандартҳои умумӣ қабулгардида;
  • рақобатнопазир будани бозори расмии меҳнатӣ бо бозори ғайрирасмӣ;
  • сатҳи пасти тахассусӣ ва тайёрӣ дар байни ҷавонон;
  • набудани техника ва техналогияҳои замонавӣ дар муассисаҳои сохтории ҳифзи иҷтимоӣ;
  • саривақт ба кор таъмин нагардидани шаҳрвандоне, ки курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро хатм мекунанд;
  • набудани муассисаи давлатии «Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона»;
  • набудани хонаи маъюбон барои кӯдакони маъюб;
  • набудани техника ва технологияҳои замонавӣ дар муассисаҳои сохтории ҳифзи аҷтимоӣ;
  • номутобиқатии ташкили таъминоти маъюбон, пиронсолон, кӯдакони дорои имконияти маҳдуд ва стандартҳои умумӣ қабулгардида.

Соҳаи фарҳанг ва фароғат.Дар шаҳри Роғун 17-муасисаи фароғатӣ мавҷудаст: 2-хонаи фарҳангӣ, 9-китобхона 1-осорхона, телевизиони маҳалли «Мавҷи Роғун» 1- маҳфили «Нурофар», 1-боғи фароғатӣ, 1-ансабли тарона ва рақс фаъолият дорад.

Дар муасисаҳои фарҳанги ҳамагӣ 72-нафар кор ва фаъолият доранд, ки аз ин 6-нафар дорои маълумотиолӣ, 20-нафар дорои маълумоти миёнаи махсус ва дорои маълумоти миёна мебошанд. Дар айни замон муасиссаи фарҳанги шаҳр аз нарасидани мутахасиссисони баландихтисос (12-нафар) танқиси мекашанд. 29-нафар занҳо, 39-нафар мардҳо бо мақсади тадбиқи самараноки сиёсати соҳаи фарҳанг дар бахши фарҳанг шаҳр фаъолият менамояд, ки шумораи умумии кормандони он 72-нафар ташкил мекунад. Мушкилии асосе, ки мутахасисони соҳа ба он дучор гардида истодаанд, ин надоштани бинои алоҳидаи маъмури ва таҷҳизоти лозима мебошад. Зеро бахши мазкур ҳоло муввақатан дар биноҳои мактаб ҷойгир шудааст.

Мувофиқи нақшаи генералии сохтмони шаҳр бояд қасри фарҳанг дар солҳои наздик бо тамоми шароити замонавӣ сохта ба истифода дода шавад, аммо дар ин бино дигар муасисаҳо мебошанд. Шумораи миёна солонаи истифодбарадагони ин муасиса ба 17 ҳазор нафаро ташкил дода, дар он ҳамасола маҳфилҳои адабӣ, вохуриҳо, суҳбатҳо, чорабиниҳои омавию сиёсӣва фарҳангӣгузаронида мешавад. Дар назди хонаи фарҳангӣмаҳфилҳои рақс таблакнавозон, бадеӣ, асбобҳои зарби ва сарояндагон амал мекунанд.

Мушкили асоси дар ин самт нарасидани асбобҳои миллии тоҷикӣ,куҳнаю фарсуда будани бинои қасри фарҳанг ва ба таъмир асосӣ ниёз дорад.Қайд кардан лозим аст, ки боғи фарҳангу фароғатӣки имсол бо тамоми таҷҳизоташ сохта шуда истодааст, дар тавазуни бахши фарҳанг қарор дорад.

Бо мақсади омода намудани кадрҳои баланд ихтисоси соҳа дар шаҳр мактаби бачагонаи мӯсиқи аз соли 1980 ҳамчун филиали мактаби бачагонаи мӯсиқи ноҳияи  Файзобод аз соли  1983 мактаби мусиқи №2 ва аз соли 1986 бо таъсисёбии шаҳри Роғун мактаби бачагонаи мӯсиқии шаҳри Роғун фаъолият карда истодааст.

Дар мактаби бачагонаи мӯсиқи барномаи таълимии аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасдиқи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда машғулиятҳо гузаронида мешавад. Машғулиятҳои инфиродӣ ва гуруҳи буда, дар ду баст гузаронида мешавад.

Мактаби мусиқӣ дорои 7 синфхона, 1 анборча ва 1 китобхонаи хурд барои китобҳои мусиқӣ, дар маркази шаҳр муҷаҳаз бо асбобҳои мусиқии фортопиано, акардион, рубоб, синтизатор, студияи сабти овоз ва ғайра мебошад. Инчунин 4 синфхона дар филиали мактаби мусиқи дар шаҳраки СариПулаки бо ду нафар омӯзгор амал мекунад. Имрӯзҳо 106 нафар хонандагон дар асбобҳои мусиқи зерин ҳунари навозандагӣ ва сарояндагӣ меомӯзанд.

  1. Акардион 10 нафар ш. Роғун.
  2. Фортопиано 17 нафар
  3. Рубоб 10 нафар ш. Сари Пулак
  4. Рубоб 7 – нафар ш. Роғун
  5. Карнай 10 – нафар
  6. Най – 7 – нафар
  7. Асбобҳои зарби – 10 – нафар ш. Сари – Пулак
  8. Асбобҳои дилхоҳ9 – нафар шаҳри Роғун
  9. Рақс 10 – нафар
  10. Асбобҳои зарбӣ 10 – нафар
  11. Санъати театри – 6 – нафар

Инчунин машғулиятҳои гуруҳи аз ҳунармандонхорсарои, солфеджо, назарияи мусиқӣ вағайра амал мекунад.

То ба имрӯз шогирдони зиёд ин ҳунаристонро хатм намуда, тиҳсили худро дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон, Колеҷи санъати Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон давом додаанд.Дар мактаби мусиқии шаҳри Роғун 16- нафар омӯзгор дарс мегуянд, ки аз ин 7 – нафараш маълумоти миёнаи махсус ва 6- нафари дигараш маълумоти миёна доранд. Дар шаҳр 1– мактаби мӯсиқиро ба мактаби санъат табдил додаанд, ки якчанд намуди санъатҳо аз ҷумла санъати рассомӣ, чубтарошӣ, маҳорати актиёрӣ, барандагӣ, дузандагӣ ва ғайраҳо дарс меомӯзанд.

Китобхонаи марказии шаҳри Роғун аз соли 1986 инҷониб фаъолият карда истодааст. Миқдори хонандагони китобҳо ба 19700 нафар расидааст. Дар системаи китобхонаҳои марказонидашуда 13 нафар кор ва фаъолият доранд. Теъдоди умумии китобҳои китобхонаҳо ба 58913 нусхаро ташкил медиҳад. Аз 6 адад китобхонае, ки дар ҳудуди мактабҳои шаҳру деҳот мавҷуд мебошад, ки аксарияти онҳо ба шароити китобдори ва талаботи ҳозира ҷавобгуй нестанд. Аз ин ба забони русӣ 39685 нусха ба забони тоҷики 18909 нусха сабаби асосии нигоҳдории беш аз 79,3 фоизи китобҳо маҳз дар системаи китобхонаи марказонида шуда аз он иборатаст, ки ин боз 9китобхонаи дигари шаҳр ва деҳотро мутаҳид кардааст. То охири соли 2015азнавсозииҚасрифарҳанг, бунёдибоғиистироҳатиибаномиИсмоилиСомонӣ, барқарорсозиинуқтаҳоиравшанидиҳандаимайдониасосӣва кӯчаҳоишаҳриРоғунбанақшагирифташудааст.

Дар маркази шаҳр боғи фарҳангию, фароғати амал мекунад, ки дар тавозуни КВД «СОКО ва ХМК». аст. Аз соли 1996 дар шаҳри Роғун Осорхона кушода шуд, ки он дар хонаи истиқомати ҷойгир шуда буд, ки бо ташабуси раиси шаҳр бинои нави фарҳанги кушода шуд, ки дар он аввалин дараҷа «Осорхонаро» гузарониданд. Осорхона аз ду утоқи кори ва як хазина иборат аст.

Дар фонди умуми Осорхона 923 адад нигораҳо мавҷуд аст, ки аз ин  шумора 510 адади он дар намоиш гузошта шудааст.Кормандони Осорхона аз 3 –нафар иборат мебошад. Мушкилии асоси дар он мебошад, ки «Осорхона» бинои алоҳида надорад.

 

БОБИ 4. ИНФРАСОХТОР

 

4.1. Таъминот бо оби нӯшокӣ ва хадамоти рифоҳӣ (коммуналӣ)

 

4.1.1. Таъминот бо оби нӯшокӣ.Корхонаи воҳиди давлати “Сарраёсати ободонӣ, кабудизоркунӣ, обтаъминкунӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ”и шаҳри Роғун маҳсуб меёбад. Корхонаи мазкур соли 2012 ташкил карда шуда, ба КВД “СОКО ва ХМК” Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб мебошад. Фаъолияти корхонаи мазкур асосан ба таъмин намудани аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ, таъмир ва нигоҳдории шабакаи хатҳои оби нушокӣ, кабудизоркунӣ, чароғоникунӣ ва тозагии санитарии марказ ва баровардани партовҳои сахти маишӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонад.

Корхонаи мазкур дар тобеияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун таъсис ёфта, дар тобеияти худ 2-минтақаи манзилӣ,1-минтақаи кабудизоркунӣ, 1-минтақаи обтаъминкунӣ ва 1-минтақаи ободониро дар бар мегирад. Шумораи умумии кормандон 159 нафар мебошад, ки аз он 51 нафар занҳо ташкил намуда, ба 14378 ҳазор нафар аҳоли, 26 адад корхонаю ташкилот ва 34 адад нуқтаҳои савдо хизмат мерасонанд. Тоза ва кашонидани партовҳо, корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, тайёрӣ ва ҷашнгирии маъракаҳои сиёсию оммавӣ, ороиши кӯчаҳои шаҳр бо шиору навиштаҳот, таъмири системаи равшандиҳии кӯчаҳо, дархости шаҳрвандон ба зиммаи коргарони корхона гузошта шудааст. Пардохти ҳаққи истифодаи хизматрасонии коммуналӣ дар соли 2014 – 118,6 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2013 ба андозаи 57,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Маблағи хизматрасонӣ барои ҳар як аъзои оила дар соли 2014 1,94 сомониро ташкил медиҳад. Маблағҳои хизматрасонии коммуналӣ барои пурра ҳал намудани ҳамаи корҳои ба зимма гузошташуда ғайриимкон буда, барои таъмири роҳу роҳравҳо ва дигар иншоотҳо маблағҷудо карда намешавад. Ба ин нигоҳ накарда бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҳамасола ба қадри имкон роҳҳо таъмир карда мешаванд. Ҳаҷми миёнаи партовҳои маишӣ ба сари ҳар як истиқоматкунандаи шаҳр дар як моҳ 1,1м3-ро ташкил медиҳад.

Корхона ба ҷуз аз истиқоматкунандагони шаҳр боз бо 26 адад корхонаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад. Мушкилиҳои асосии ин соҳа норасогии техника, ба хусус васоити техникии коммуналии ҳозиразамон, паст будани музди меҳнати коргарон ва баланд будани нархи сӯзишворӣ мебошад, ки ин ҳама ба баланд гаштани нархи хизматрасонӣ оварда расонидааст. Партовгоҳи марказӣ ба ҳисоби миёна  дар масофаи 10 км дур аз шаҳр ҷойгир шуда,  роҳи он таъмири асосиро талаб менамояд. Илова бар ин нуқтаҳои ахлотпартоии мавҷуда талаботи имрӯзаро қонеъ гардонида наметавонад ва айни замон зарурати сохтмони нуқтаҳои нав ба миён омадааст. Бар замми ин бинобар боришоти зиёди пай дар пай каналу ҷӯйҳои обпарто ба таъмиру азнавсозӣ ниёз доранд. Шумораи умумии хонаҳои истиқоматии баландошёна дар тавозуни корхона буда 43 ададро ташкил медиҳад, ки  3 ошёна, 4 ошёна 25 адад, 9 ошёна 18 адад мебошад. Барои ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ва кашонидани партовҳо ба корхона  3 адад мошини боркаш ва 1 адад трактор экскаватор хизмат мерасонад, ки ҳамаи инҳо моликияти корхона мебошанд.

Дар айни ҳол КВД “СОКО ва ХМК” бо техникаю мошинҳои ҳозиразамон аз ҷумла: крани борбардор 1 адад, пагрузщик – 1 адад, автогрейдер -1 адад ниёз дорад. Дар тавозуни КВД “СОКО ва ХМК” инчунин 20 км роҳҳои мошингарди аҳамияти шаҳри дошта, 12 км роҳҳои пиёдагард, 0,42 га партовгоҳи марказӣ мавҷуд аст. Масоҳати умумии кабудизоркунӣ 60 га – ро ташкил медиҳад. Дар соли 2014 барои фаъолияти КВД “СОКО ва ХМК” аз ҳисоби маблағҳои шаҳри Роғун 25756 ҳазор сомонӣҷудо карда шуд, ки дар муқоиса ба соли 2015 ба андозаи 2755,9 ҳазор сомонӣ мебошад. Маблағҳои дар ин давра ҷудогардида асосан барои пардохти музди меҳнат, корҳои ободонӣ ва андозҳо равона карда шудааст. Хароҷоти асосие, ки дар ин самт аз ҳисоби корхона ба анҷом расонида мешавад, аз ҳисоби маблағҳои буҷави ва ҷамъовардашудаи ҳаққи истифодаи хизматрасонӣ сурат мегарад, ки ҳаҷми он дар соли 2014 2694,1 ҳазор сомониро ташкил дод. Мушкилии асосие, ки дар ин самт ба назар мерасад, ин нарасидани воситаҳои техникӣ нарасидани воситаҳои молиявӣ, низоми сусти мониторинг ва истифодаи усулҳои пешқадами парвариш ва нигоҳубини ниҳолҳо ва дигар гулҳои ороишӣ мебошад.

Як хусусияти хоси сохтори мавҷуда нисбат ба дигар сохторҳои ноҳияҳои ҳамсоя дар он зоҳир мегардад, ки хизматрасонии таъминоти оби нӯшоки ва обу коррезии хонаҳои баландошёнаи маркази шаҳр аз ҷониби КВД “Сарраёсати ободонӣ кабудизоркунӣ обтаъминкунӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ” ба анҷом расонида шуда, пардохти ҳаққи хизмат ба корхона мегузарад. Дар тавозуни корхона 4 адад обанбори оби нушоки, иншооти обтозакунии обҳои коррези мавҷуд аст. Масоҳати умумии шабакаҳои оби нушоки зиёда аз 50 км ва шабакаҳои оби коррези 35 км– ро ташкил медиҳад.

Аксарияти қубурҳои обрасонии шаҳр ва қубурҳои коррезӣ дар солҳои 80 – уми асри гузашта сохта шуда, бинобар солҳои тулони истифода гардидани он ва сари вақт таъмири асоси нагузаронидан фарсуда шуда, таъмирталаб мебошанд. Бинобар ин зарурати иваз намудани қубурҳои мавҷудаи обрасон ва коррези ба миён омадааст. Зикр намудан лозим аст, ки яке аз сабабҳои асосии қарздории аҳолӣ дар назди корхона ин паст гардидани қобилияти пардохтпазирии онҳо мебошад. Масоҳати умумии хати обу коррези танҳо дар шаҳри Роғун ба масофаи 35 км ташкил медиҳад, бинобар солҳои тулони истифода шудан аксарияти қубурҳои мавҷуда корношоям гардида, садамаҳои пай дар пай ба мушоҳида мерасад. Ҳамзамон, аксарияти қубурҳои обгузар тагхонаҳои истиқомати дар  ҳолати ногувор қарор дошта, ба таъмиру азнавсози эҳтиёҷ доранд.

Таъминоти аҳолии бо оби нӯшокӣ дар шаҳои Роғун

 

 

Ҷамоатҳои деҳот

Шумораи

аҳолӣ

Шумораи аҳолие, ки ба оби нӯшокӣ доранд Шумораи аҳолие, ки ба оби нӯшокӣ надоран % бо

оби нӯшокӣ

таъмин буда

1 шаҳри Роғун 14378 14378
2 ҷамоати шаҳраки Оби Гарм 9640 9640
3 ҷамоати деҳоти Қади об 12406 8906 3500 28,2
4 ҷамоати деҳоти Сичароғ 3462 3212 250 7,2
Ҳамагӣ: 39886 36136 3750 9,4

 

Хадамоти рифоҳӣ.КВД-и «СОКО ва ХМК»-и шаҳри Роғун бо баровардани ПСМ низ (партовҳои сахти маишӣ) машғул мебошад. Корхона дар ин самт шаҳри Роғун ва шаҳраки Оби Гарм фаъолиятро ба роҳ монда, ҳамагӣ ба 26 ташкилоту корхона ва ба кӯчаҳои шаҳр (14378 нафар) хизмат мерасонад.

Дар корхонаи мазкур автомашина боркаши тамғаи JVC (Хитой) -2 адад, автомашинаи обпошак-1 адад барои ҷамъоварӣ ва баровардани ПСМ истифода мегарданд ва иваз намудани онҳо ба техникаи нав мувофиқи мақсад мебошад. Норасоии техника ва таҷҳизоти ҳозиразамон корхонаро дар баровардани партовҳо бо мушкилот мувоҷеҳ мегардонад, зеро партовгоҳи масоҳаташ 0,42 га дар масофаи 8 км аз маркази шаҳр дуртар дар мавзеи Заркамал ҳудуди шаҳри Роғун ҷойгир шудааст. Дар соли 2014 сатҳи ҷамъоварии ҳаққи хизматрасонӣ барои ПСМ ҳамагӣ 100 фоизро (118,5 ҳазор сомонӣ) ташкил дод. Илова бар он корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ» инчунин ба кабудзоркунӣ, обтаъминкуни, чароғонкунӣ, тозагии санитарии кӯчаҳои марказӣ ва ороиши шаҳр машғул мебошад.

Дар тавозуни муассисаи КВД-и «СОКО ва ХМК»-и шаҳри Роғун 16 қуттии партовҷамъкунӣ мавҷуд аст, ки аз онҳо 15 адад дар кӯчаҳо ва 1 адад дар ташкилоту муассисаҳо гузошта шудаанд. Дар ҳудуде, ки бо хизматрасонии коммуналӣ фаро гирифта шудааст зиёда аз 14378 нафар аҳолӣ истиқомат менамояд.

Бояд қайд намуд, ки дар шаҳри Роғун 1 ҳаммоми замонавӣ фаъолият менамояд, аммо ягон нуқтаи хушкашӯи (химчистка) мавҷуд нест.

 

Ҳаҷми умумии партовҳо дар шаҳри Роғун 3)

 

Шаҳри Роғун Соли 2013 Соли 2014
Ҳамагӣ Аз ҷумла Ҳамагӣ Аз ҷумла
Муассисаҳои буҷети Аҳолӣ Корхонаҳо Муассисаҳои буҷетӣ Аҳолӣ Корхонаҳо
КВД-и «СОКО ва ХМК» 5000 1420 3500 80 5040 1392 3528 120

Мутобиқи меъёрҳои муайяншуда, ҳаҷми ПСМ-и баровардашуда дар шаҳр ба ҳисоби миёна ҳар сол 5040 м3-ро ташкил медиҳад. Дар соли 2014 ҳаҷми партовҳои сахти маишии (ПСМ) баровардашуда, аз ҳисоби аҳолӣ 3528 м3, аз ҳисоби муассисаҳои буҷавӣ 1392 м3 ва корхонаҳо 120 м3-ро ташкил медиҳад, ки ба як нафар аҳолии шаҳр тахминан 1,4 м3 рост меояд. Меъёри ҷамъшавии партовҳо ба сари ҳар оила бошад 3,4 м3-ро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ дар шаҳр дар як шабонарӯз 16,2 м3 партовҳо кашонида мешаванд.

Ҳаҷми умумии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳр дар солҳои 2013-2014. (м3)

Дар шаҳр ҳаҷми зиёди партовҳоро партовҳои сахти маишӣ ташкил менамоянд. Дар ҷамоатҳо ҷамъ карда баровардан ва безарар намудани партовҳои сахти маишӣ ба роҳ монда нашудааст. Муассисаи коммуналии шаҳр, ки бевосита ба ин корҳо мутасаддӣ мебошад, айни ҳол иқтидори дар сатҳи ҷамоатҳо ҳал намудани ин мушкилиро надорад. Дар доираи Барномаи рушди шаҳр барои ҳалли масъалаи зикргардида ташкил намудани корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ пешбинӣ мегардад.

Мушкилоти асосии соҳа:талафоти зиёд аз офатҳои табиии марбут ба об дар мавсими боришот, иқтидори пасти техникӣ ва эҳтиёҷ доштани КВД-и «СОКО ва ХМК»-и шаҳри Роғун ба техникаҳои партовкашонӣ, техникаи боркунанда, автогрейдер СР-135 ва автомашинаи АГП (Гидрорукав), дар тавозуни ҷамоатҳо қарор надоштани хатҳои обгузар ва масъалаҳои вобаста ба таъмири онҳо.

 

Мушкилиҳои асосии соҳа:

  • кӯҳнаю фарсуда гардидани қубурҳои оби нушокӣ ва коррезӣ;
  • сари вақт насупоридани ҳаққи истифодаи хизматрасонӣ;
  • аз кор баромадани системаҳои оби нӯшокӣ;
  • баланд будани талафоти об;
  • норасогии воситаҳои техникӣ;
  • таъмир талаб будани бино ва иншоотҳо;
  • норасогии воситаҳои молиявӣ;
  • таъмир ва азнавсозии каналу ҷуйҳои обпарто;
  • кам будани нуқтаҳои ахлотпартоӣ;

4.1.2. Барқтаъминкуни

Шабакаҳои барқии шаҳри Роғун соли 1990 ташкил шуда таъминоти барқи шаҳри Роғун бо як хати ҳавои 220 кВ аз Роғун ва ду хати ҳавои 110 кв аз ноҳияи Ваҳдат таъмин мебошад. Дар ноҳия 7 зиристгоҳи барқи мавҷуд мебошад, ки 3-тои он дар тавозуни шабакаҳои марказ мебошад ва 4 –тои он дар тавозуни НОБ Роғун мебошад. Шумораи кормандони Шабакаҳои барқи шаҳри Роғун 55 нафар мебошанд, аз ҷумла, роҳбарикунанда – 6 нафар, дар шабакаҳои тақсимотӣ – 20 нафар, дастаи фаври саёр – 12 нафар, дар нозири техникӣ – 1 нафар, ҳайати техникӣ – 1 нафар, назоратчиён – 10 нафар ва хизматчиён – 5 нафар

Дарозии хатҳои барқии ҳавоӣ 6-10 кВ 136,5 км, хатҳои ҳавоии 0,4 кВ 198,8 км, хатҳои зеризаминӣ 6-10 кВ 0,13 км, хатҳои зеризаминӣ 0,4кВ 20,5 км – ро ташкил медиҳад.Дар шабакаҳои барқи шаҳри Роғун ҳамагӣ 4403 муштарӣ барқ истеъмолкунанда мебошад.

Аз ҷумла, аҳолӣ – 4200 адад, корхонахои саноатӣ- 5 адад, корхонаҳои буҷавӣ- 51 адад, корхонаҳои ба саноатӣ баробаркардашуда – 20 адад, мағозаҳои тиҷоритӣ – 125 адад ва насосҳои обкашӣ- 2 адад мебошанд.

Мушкилии асосие, ки дар ин самт дида мешавад, ин аз меъёр зиёд истифоданамудани нерӯи барқ ва ҳаҷми зведи тала фоти техникӣ мебошад.

Дар айни замон зеристгоҳҳои мавҷуда бо назардошти аз корбаромадани системаҳои гармидиҳии мавҷудаи шаҳр ва дар фасли зимистон аз меъёр зиёд истифода бурдани нерӯи барқ талаботи рӯзафзуни аҳолиро пурра ва саривақт бо нерӯи барқ таъмин карда наметавонанд.

Бо мақсади бартараф намудани мушкилиҳои мавҷуда аз ҷониби Шабакаҳои барқии шаҳри Роғун соли 2016 дар истгоҳи трансформатории (ИТ)-10/0,4 кВт дохили шаҳр иваз намудани трансфарматорҳои тавоноияш паст ба товонии балантар ба накша гирифта шудааст. Новобаста аз ин, ҳоло зарурияти аз нав таҷдид (реконструкасия) намудани зеристгоҳои 10/04 кВ ба миён омадааст.

Мушкилии дигаре, ки ба назар мерасад, ин кӯҳнаю фарсуда гардидани хатҳои барқии ҳавоӣ, зеризаминӣ ва симчубҳои хатҳои интиқоли барқ маҳсуб меёбад. Аксари хатҳои интиқоли барқ солҳои 67-68-уми асри гузашта сохта шуда, дар ин муддат ягон маротиба корҳои аз навсозӣ гузаронида нашудааст, ки ин мушкили ро дар ин самт боз ҳам вазнинтар мегардонад. Илова бар ин, бинобар сол то сол зиёд гардидани шумораи аҳолӣ ва ташкили маҳаллаҳои навбунд талабот низ ба нерӯи барқ зиёд гардидаистодааст. Мушкилии асоси ин норасогии нерӯи барқро бештар дар маҳаллаҳои навбунёди деҳаи Ҷавон, деҳаи Гулистон дидан мумкин аст.

 

Нишондиҳандаҳои асосии соҳа дар тӯли солҳои 2013-2015

Нишондиҳандаҳо Воҳидиченак Солҳо 2013 нисбати с. 2014 бо %
2013 2014 чор моҳи соли2015

 

1 Фурӯши умумии барқ кВт.с 100317839 111256911 51480776 10939072
  Аз ҷумла, – ба аҳолӣ, кВт.с 18441615 16663907 9969257 -1777708
  – ба ташкилотҳоибуҷетӣвағайрибуҷетӣ кВт.с 61654943 70149474 32330449 8494531
1 Фурӯши умумии барқ ҳаз.сомонӣ 16133,92 20885,75 10893 130
  Аз ҷумла,

– ба аҳолӣ,

ҳаз.сомонӣ 2028,58 1964,04 1256,1 97
  – ба ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ҳаз.сомонӣ 14105,34 18921,71 9636,9 134
2 Нархи 1 кВт/с (ба ҳисобимиёна), Дирам 20,14 24,06 25,75 120
  – ба аҳолӣ Дирам 11 11,80 12,6 107
  – ташкилотҳоибуҷетӣвағайрибуҷетӣ Дирам 22,9 27 29,8 118
3 Қарзи умумии муштариён дар наздикорхона, аз ҷумла, ҳаз.сомонӣ 261,28 1980,28 5,4 758
  – аҳолӣ ҳаз.сомонӣ 79,15 -69,25 315,7 -13
  – ташкилотҳоибуҷетӣвағайрибуҷетӣ ҳаз.сомонӣ 182,53 2049,53 -310,3 1125
4. – талафотиумумӣ % 20,1 18,3 18 89

 

Ҳаҷми фурӯши нерӯи барқ дар соли 2014 – 20885,75 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли 2013 ба андозаи 4751,83 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ки ба афзоиши аҳолӣ ва талаботи он алоқаманд аст. Яке аз мушкилиҳои марказие, ки айни замон мутахассисони соҳаро ба ташвиш овардааст, ин сол то сол зиёд гардидани қарзи истифодабарандагони барқ мебошад. Қарздории асосӣ ба души аҳолӣ рост меояд, ки ҳаҷми он дар соли 2014 315,7ҳазор сомониро ташкил дод. Сабабҳои асосии қарздории аҳолӣ ин сол то сол баланд гардидани арзиши нерӯи барқ, паст будани музди меҳнат ва паст будани қобилияти пардохтпазирии аҳолӣ мебошад. Мушкилии дигари соҳа ин баланд будани ҳаҷми талафоти нерӯи барқ мебошад. Ба ин нишондод, аз як тараф, кӯҳнаю фарсуда шудани ноқилҳои барқӣ, аз тарафи дигар, норасогӣ ва аз кор баромадани ҳисобкунакҳои барқии мавҷуда таъсири манфӣ расонидааст.

Талаботи умумии шаҳри Роғун ба ҳисобкунакҳои электронӣ 4403 ҳазор ададро ташкил дода, аз ин 2300 адад ҳоло васл гардида ва эҳтиёҷоти боқимонда 2103 ададро ташкил медиҳад.

Мушкилиҳои асосии соҳа:

  • кӯҳнаю фарсуда шудани хатҳои барқи ҳавоӣ;
  • мунтазам аз корбаромадани трансформаторҳо;
  • корношоям гардидани симчубҳои хатҳои интиқоли барқ;
  • сол то сол зиёд гардидани қарздории аҳолӣ дар назди корхона;
  • баланд будани талафоти нерӯи барқ;
  • норасогии ҳисобкунакҳои электронӣ.

4.5.Алоқа ва фазои иттилоотӣ.Филиали ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком»-и шаҳри Роғун яке аз корхонаҳои бонуфузи алоқаи шаҳр мансуб меёбад. Шумораи умумии кормандон 27 нафарро ташкил медиҳад. Барои беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии соҳа айни замон дар ҳудуди шаҳр 1 адад дастгоҳи рақамии дорои 1818 рақама ва 1 адад нуқтаи гуфтугӯи байнишаҳрӣ амал мекунад.

Соли 2004 истгоҳи аналогии шаҳри Роғун ва шаҳраки Оби Гарм бо истгоҳи рақамии ПОРСТЕЛ иваз карда шуда, соли 2007 боз истгоҳҳои рақамии шаҳри Роғун ва шаҳраки Обигарм бо истгоҳи рақамии ZTE-и Чини иваз гардида сифати алоқа боз ҳам беҳтар гардид.

Ҳамзамон, сокинони шаҳр аз шабакаҳои мобилии «ТСЕЛ», «Вавилон», «МЛТ», «Билайн» ва «ТК-Мобайл» истифодамебаранд.Дар баробари ин ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком»-и шаҳр хизматрасонии интернетиро ба муштариён пешниҳод менамояд. Шумораи умумии истифодабарандагони (муштариёни) ин намуди хизматрасонӣ дар соли 2014 аз ҳисоби аҳолӣ 69 нафар ва аз ҳисоби ташкилотҳо 4 ададро ташкил медиҳад.

Дар қаламрави шаҳр барномаҳои телевизионӣ (ТВТ, ТВ Сафина, Баҳористон ва Ҷаҳоннамо) ва радиои Тоҷикистон пахш карда мешаванд.Фарогирии барномаҳои телевизионӣ 95 фоиз ва радиои маҳаллӣ 20 фоизи шумораи умумии аҳолиро ташкил медиҳад.

Радиои ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Роғун аз соли 1990 пахшмекунанд. Силсилаи гуфторҳо ҳарӯз ба аҳолӣ шунавонида мешавад. Хизматрасонии техникии студияи радиошунавонии маҳаллиро муҳандисони ботаҷрибаи филиали ҶСК «Тоҷиктелеком»-и шаҳр таъмин месозанд. Саҳми радиои маҳаллӣ имрӯз низ дар сохтори давлат ҳамчун тарғиботгар ва ба дараҷаи баланди сиёсию фарҳангӣ тарбия намудани шаҳрвандон хеле калон мебошад.

Соли 2013 бо ташабуси Мақомоти маҳалли шаҳри Роғун дар шаҳр студияи маҳаллии телевизион “Мавҷи Роғун” ташкил карда шуда, барномасозон ва рӯзноманигорони ботаҷриба ҳаррӯза ахбору хабарҳои нави шаҳр ва ҷумҳуриро бо воситаи канали махсус пахш мекунанд.

Ба ғайр аз ин дар ҳудуди шаҳр дар як моҳ як маротиба рӯзномаи «Нури Роғун» нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун буда, дар ҳаҷми 4 саҳифа бо теъдоди 1500 нусха нашр карда мешавад.

Мушкилиҳои асосии соҳа:

  • таъмин набудани баъзе маҳаллаҳо бо хати алоқаи телефонӣ;
  • набудани матбааи худӣ;
  • норасогии воситаҳои молиявӣ барои азнавсозии таҷҳизот.

4.3. Нақлиёт ва хоҷагии роҳ. ДаршаҳриРоғун муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилӣ (МДНРА)фаъолиятменамояд, ки шумораи умумии кормандони он 25 нафарро ташкил медиҳад. Дартавозунихуд80,15 км роҳ, аз ҷумла 44,4км роҳҳоимаҳаллӣва 35,75км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта дорад.

 

Намуди пӯшиши роҳҳо ба сурати зерин мебошанд. Роҳҳои асфалту бетонпӯш ҳудуди шаҳри Роғун 65,45 км ва роҳҳои сангфарш 14,7 км-ро ташкил медиҳад.

Мушкилии асосие, ки дар ин самт ба назар мерасад, ин дар ҳолати ногувор қарор доштани роҳҳои маҳаллӣ мебошад. Бинобар солҳои дароз истифода гардидан ва сари вақт нагузаронидани таъмири асосӣ аксарияти қисматҳои роҳҳо ба таъмири асосию ҷорӣ ниёз доранд. Чунин мушкилиро бештар дар маҳаллаҳои Ненахов, Кандак, Ҷавонӣ, Майдони Нав, Чашмаи Кулло ва Ғофилобод дидан мумкин аст.

Ба ғайр аз ин ба зиммаи идораи мазкур 7 адад купрук, ҷӯйборҳои ду тарафи роҳ, аломатҳо, таъмири асосӣ ва ҷории роҳҳо гузошта шудааст. Яке аз мушкилиҳои асосие, ки дар ин самт мутахассисони соҳаро ба ташвиш овардааст, ин ҳолати ногувори купрукҳо мебошад. Бинобар дар ҳолати садамавӣ қарор доштани купруки назди маҳаллаи назди роҳи байналмиллали 61-ум ва купруки деҳаи Ҷавонӣ рафту омади аҳолии шаҳр ба ин самт кам шуда, ба таъмиру азнавсозии фаврӣ ниёз дорад.

Ҳолати техникӣ. Дар парки автомобилии корхона 7 адад техникаи роҳсозӣ мавҷуд мебошад, ки аз ин 2 адад автогрейдер, 2 адад мошини борбардор, 1 адад трактори Т-150, 1 адад погрузчик ва 1 адад автомобили хизматӣ мебошад. Ҳама техникаҳои мавҷуда аз таъмир бароварда шуда, дар ҳолати корӣ қарор доранд.

Дар соли 2014 ҳаҷми мусофиркашонӣ ва боркашонӣ дар қиёс ба соли 2012 мутаносибан 37,6 фоиз ва 93,8 фоиз афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон, тибқи нақшаи дурнамо афзоиши ҳаҷми мусофиркашонӣ ва боркашонӣ то соли 2018 (дар муқоиса бо иҷроиши соли 2015) мутаносибан 3,5 фоиз ва 12,6 фоиз дар назар дошта шудааст.

Мушкилиҳои асосии соҳа:

  • дар ҳолати ногувор қарор доштани роҳҳои маҳаллӣ ва пулҳо;
  • норасогии техникаҳои ҳозиразамон барои корҳои таҷдид ва азнавсозии роҳҳо;
  • норасогии воситаҳои молиявӣ барои гузаронидани таъмири асосӣ ва ҷории роҳҳо, махсусан роҳҳои маҳаллӣ;
  • норасогии кадрхои баландихтисоси замонвӣ;
  • мавҷуд набудани курсхои такмили ихтисоси кормандони соҳаи хоҷагии роҳ;
  • мавҷуд набудани мубодилаи таҷриба бо дигар давлатҳои муосир;
  • таъмирталаб будани техникаи мавҷуда.

БОБИ 5.

ОМОДАГӢ БА ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА,

ПЕШГИРӢ ВА КАМ КАРДАНИ ҲОЛАТИ ХАТАРИ ОНҲО

 

Таи солҳои 2012-2015 дар шаҳри Роғун 4 ҳолати фавқулодда ба қайд гирифта шудааст. Дар давоми се соли охир хисороти аз офатҳои табиӣ ба соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқрасида 180,000 сомониро ташкил дод. Соли 2012 дар қиёс ба дигар солҳо аз ҳама зиёдтар соҳаҳо аз офатҳои табиӣ зарар диданд. Дар ин давра хисороти аз офатҳои табиӣ бавуҷудомада ин вайроншавии 3 бинои имстикомати аз хисоби боришоти барфи зиёд мебошад.

Яке аз самтҳои асосии Барномаи рушди шаҳр дар солҳои минбаъда ин дар ҳолати омодагӣ қарор доштан ва пешгирӣ намудани офатҳои табиӣ аст, зеро 5 деҳаи ва 1 кучаи аҳолинишини шаҳр дар мавзеи хатарнок ҷойгир мебошанд. Дар мавзеъҳои хатарнок 2010 аҳолии шаҳр истиқомат доранд

Офатҳои табиӣ, ки ҳамасола ба аҳолии шахр тахдиди  хатар дорад, ин селҳо, обхезиҳо, ярчҳо, жола, хунукиҳои сахт, боронҳои шадид ва барфи зиёд мебошад. Барои паст намудани хатари офатҳои табиӣ таи панҷ соли оянда дар доираи барномаи мазкур корҳои зиёдеро ба анҷом расонидан лозим аст.

Дар шаҳри Роғун ҳамагӣ 3 ҷамоати деҳот ва як маркази маъмури вуҷуд дорад, ки дорои ҳудудҳои хавфноки геологӣ мебошад. Аз ин 4 деҳа ва як кучаи маркази дар зери таҳдиди хавфи табиӣ қарор дорад. Шумораи хоҷагиҳои хонагие, ки дар минтақаи хавфнок ҷойгиранд, 187 хочаги ва 408 ҳуҷра аз бинохои баландошёнаро ташкил медиҳанд.. Ҳамагӣ дар минтақаҳои хавфнок 2010 нафар умр ба сар мебаранд.

Дар ҷадвали № 1 номгӯи равандҳои табиии ба деҳаҳо таҳдидкунанда пешниҳод шудааст. Асосан офатҳои таҳдидкунанда сел, ярч ва равандҳои эрозиягӣ мебошанд. Чунин ҳолатҳои фавқуллодда, ба монанди борон, барф ва барфбории зиёд дар тамоми ҳудуди шаҳр ба назар мерасад.

Ҷадвали № 1

Ҷамоат Деҳа Намуди ҷараёни таҳдидкунанда Ҷамоат Деҳа Намуди ҷараёни таҳдидкунанда
Оби Гарм калтахо ярч Кади Об Кади Об Ярч
сесанга Ярч  
ш.Роғун Норакиён Ярч ШРоғун Камари мугул  

ярч

 

Дар сурати ба вуқӯъ пайвастани ҳолатҳои фавқулодда сохтори омодабошӣ ва эътинои шаҳри Роғун чунин пешбинӣ шудааст.

Дар айни замон дар шаҳри Роғун 9 адад хадамоте мавҷуд аст, ки онҳо бевосита ба огоҳсозӣ пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ ҷалб гардидаанд. Дар поён рӯйхати муассисаҳои мазкур бо нишон додани нерӯю воситаҳои мавҷуда, захираҳо ва эҳтиёҷоти онҳо оварда шудааст.

Хадамоти огоҳисозӣ ва алоқа (ҶСК «Тоҷиктелеком»)
Нерӯ ва воситаҳои мавҷуда Захираҳои мавҷуда Эҳтиёҷот
Маркази огоҳкунанда ва алоқа – 1 адад

Симчӯбҳо‑200 адад.

Сӯзишвории дизелӣ – 100 л. Муҳаррик (генератор) – 1 адад

Ноқил -10,5 км.

 

Хадамоти таъмини тартибот (ШКД)
Нерӯ ва воситаҳои мавҷуда Захираҳои мавҷуда Эҳтиёҷот
     
Хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ
Нерӯ ва воситаҳои мавҷуда Захираҳои мавҷуда Эҳтиёҷот
Ҳайати шахсӣ‑27 нафар

Автомашинаи сӯхторхомушкунӣ 3 адад

Автомашинаи фаврии хизматӣ 1 адад

Рудаи оташнишонии диаметраш 125 6-адад -24 метр

Рудаи оташнишонии диаметраш 77-40метр

Автомошини сӯхторхомӯшкунии намуди асосӣ –1 адад.

Либоси муҳорибавӣ 15 адад

Автомашинаи борбар 1 адад

 

Хадамоти нақлиёт ва роҳсозӣ
Нерӯ ва воситаҳои мавҷуда Захираҳои мавҷуда Эҳтиёҷот
Маълумот пешниҳод нашудааст    
Хадамоти коммуналӣ
Нерӯ ва воситаҳои мавҷуда Захираҳои мавҷуда Эҳтиёҷот
Кормандон 70 нафар

Трактор К-150-адад

Бригадаи зудамал -10 нафар

Гурӯҳи наҷотдиҳандагон 16 нафар

Гурӯҳи омодабоши корҳои техникӣ -12 нафар

Вуҷуд надорад МСМ (ГСМ) – 5 тонна

Автомашинаи АСМ – 1 адад

Автомашинаи партовбарорӣ – 1 адад

Трактори Т 28 ‑ 1 адад

Трактори намуди МТЗ 80 ‑ 1 адад

Хадамоти санитарӣ ва назорати эпидемиологӣ
Нерӯ ва воситаҳои мавҷуда Захираҳои мавҷуда Эҳтиёҷот
Ҳайати шахсӣ – 11 нафар

Автомашинаи сабукрав – 1 адад

Хлор – 20кг

 

Гиперхлорид – 124 кг.

Дез. камераи сайёҳр – 1 адад .

Дистиллятор – 1 адад

Либосҳои махсус – 15 ҷуфт

Хадамоти муҳофизати ҳайвонот ва наботот
Нерӯ ва воситаҳои мавҷуда Захираҳои мавҷуда Эҳтиёҷот
Маълумот пешниҳод нашудааст    
Хадамоти энергетикӣ
Нерӯ ва воситаҳои мавҷуда Захираҳои мавҷуда Эҳтиёҷот
Ҳайати шахсӣ – 45 нафар

Автомашинаи УАЗ ‑1адад

 

Сими алюминӣ намуди,

А-50-250 кг

Симчӯбҳо – 50 дона

Сӯзишворӣ – 1 тонна

Электрод ‑ 80 кг

Хадамоти тиббӣ
Нерӯ ва воситаҳои мавҷуда Захираҳои мавҷуда Эҳтиёҷот

БОБИ 6.

ТАЪМИНОТ БО МАБЛАҒҲОИ ЗАРУРӢ

 

Маблағгузории «Барномаи рушди шаҳри Роғун барои солҳои 2016-2020» аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, буҷети ҷумҳуриявӣ, сармояҳои дохилӣ (соҳибкорони ватанӣ) ва манбаъҳои ғайрибуҷетӣ таъмин карда мешавад. Ба манбаъҳои ғайрибуҷетӣ, ки барои маблағгузории Барномаи мазкур ҷалб карда мешавад, инҳо дохил мешаванд:

  • Ҳаққи аъзогии иштирокчиён дар иҷрои барнома;
  • Пардохти мақсаднок аз фоидаи корхонаҳои ҳавасманд дар иҷрои Барнома;
  • Қарзҳои бонкӣ;
  • Маблағи фондҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ;
  • Сармояи инвесторҳои хориҷӣ, ки дар иҷрои Барнома ҳавасманданд ва ё чорабиниҳои алоҳидаи онҳо;
  • Сармояи муҳоҷирони меҳнатии берунмарзе, ки дар таъмини Барнома ҳавасманданд.

 

Буҷети маҳаллӣ дар амалӣ шудани Барномаи мазкур нақши калон мебозад, вале таҳлил нишон медиҳад, ки солҳои охир барои рушди шаҳр тавассути буҷети маҳаллӣ маблағ кам ҷудо карда мешавад.

Даромади умумии буҷети шаҳр аз 16 намуди андоз ва пардохт асос ёфтааст.

Буҷети шаҳр хусусияти иҷтимоӣ дошта, дар қисми хароҷот ҳиссаи зиёдро хароҷоти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ташкил медиҳад. Ҳаҷми маблағгузории буҷети ин соҳаҳо дар асоси ҳисобу китоби харҷномавӣ (сметавӣ) муайян мегардад. Таи солҳои 2012-2014 ҳиссаи хароҷот барои соҳаҳои маориф ва тандурустӣ мутаносибан 43,8% ва 16,5%-ро ташкил медиҳад. Музди меҳнат 40,0 фоизи қисми асосии хароҷотро дар ин соҳаҳо ташкил медиҳад.

 

Диаграммаи №2. Ҳиссаи хароҷоти буҷети маҳаллӣ

аз рӯи гурӯҳбандии функсионалӣ дар соли 2014 (ба ҳисоби фоиз)

 

 

Сабаби асосии афзудани хароҷоти соҳаи маориф дар солҳои охир ин ба меъёрҳои сарикасӣ гузаштани мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ аст.

Сохтори хароҷотҳои буҷети шаҳри Роғун аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодӣ асосан аз категорияҳои музди маош ва суғуртаи давлатӣ, хароҷот барои коргузории молу хизматҳо, субсидияҳо ва хароҷоти асосӣ иборат мебошад. Хароҷоти асосӣ барои бунёди иншотҳои нав, таъмири биноҳо ва харидории таҷҳизот равона мешавад.

 

Диаграммаи №3. Ҳиссаи хароҷоти буҷети маҳаллӣ

аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодӣ дар соли 2014 (ба ҳисоби фоиз)

 

Маблағҳои аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои нигоҳдорӣ ва таъмир равонкардашуда 24,2 фоизро ташкил медиҳад ва барои сохтмони асосӣ 3640589 сомонӣ маблағ пешбинӣ карда шудааст.

Барои таъмини Барнома фазои сармоягузориро дар шаҳр беҳтар намуда, ҷалби сармоягузорони хориҷию дохилиро ба роҳ мондан лозим аст.

Аз рӯи нақшаи дурнамои соли 2014 аз ҳисоби кам кардани дигар хароҷотҳо музди меҳнат ва ҳиссаҷудокунии кордиҳандагон 43,6 % зиёд мегардад.

Диаграммаи №4. Иҷрои қисми даромади буҷети шаҳри Роғун (млн. сомонӣ)

 

 

Аз рӯи маълумоти расмӣ дар соли 2014 тавассути бонкҳо аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ 198 млн. 713 ҳаз. сомонӣ ба шаҳр ворид шудааст. Дар ҳолати беҳтар намудани шароит барои соҳибкорӣ ва самаранок истифода бурдани маблағҳои воридшуда маблағҳои интиқолшудаи муҳоҷирони меҳнатӣ метавонад сарчашмаи асосӣ дар таъмини Барномаи мазкур бошад.

 

БОБИ 7.

НИЗОМИ МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБӢ

Яке аз унсурҳои муҳимми системаи идораи татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун низоми мониторинг ва арзёбӣ мебошад. Он барои мушоҳидаи ҷараёни корҳо ва таҳлили натиҷаҳои бадастомадаи Барнома, ошкор намудани таҷрибаи мусбии андӯхта ва проблемаҳои мавҷуда дар татбиқи он истифода бурда мешавад. Низоми мониторинг ва арзёбӣ имкон медиҳад, ки робитаи мутақобила ва муттасил дар сиёсати қабулнамуда ва натиҷаҳои татбиқи амалии он таъмин гардад.

Гурӯҳи мониторинг ва арзёбӣ бо қарори Раиси шаҳр таъсис дода шуда, аз 5-7 аъзо иборат мебошад (мутахассисони соҳавӣ ва кормандони масъули мақомоти маҳаллии шаҳр). Гурӯҳи мониторинг ва арзёбиро раиси шаҳр ё яке аз муовинони он сарварӣ мекунад.

Бо қарори мазкур барои гузаронидани мониторинг ва арзёбии Барномаи рушди шаҳр (БРШ) мудири бахши иқтисод шахси масъул таъйин карда мешавад.

Барои мониторинги Барномаи рушди шаҳр мушоҳидаи омилҳои зерин зарур аст:

  • ба ҳадафҳои Барнома то кадом андоза муваффақ мешавем;
  • дар доираи Барнома лоиҳаҳо чӣ гуна амалӣ шуда истодаанд.

Воқеан, низоми мониторинг бояд ду унсурро дар бар гирад.

Мониторинги натиҷаҳои нақша тавассути индикаторҳо анҷом дода мешавад. Аз рӯи он ҳадафҳои гузошташуда то кадом андоза ба даст омадааст, муайян карда мешавад. Мониторинги натиҷаҳо ҳар сол гузаронида мешавад.

 

Мониторинги иҷрои лоиҳаҳо тавассути параметрҳои назорати ҷойгоҳи лоиҳа ва мувофиқат намудани он бо Барнома гузаронида мешавад. Барои гузаронидани он ҷадвали электронӣ бо формати Eхcel тартиб дода мешавад ва ҳар семоҳа ба таври синхронӣ бо ҳисоботи лоиҳаҳо аз нав тасҳеҳ карда мешаванд.

 

Мониторинг ва арзёбӣ иҷрои лоиҳаҳоро ба чор гурӯҳ ҷудо мекунад: «ҳамааш хуб»; «номувофиқатӣ дорад», «номувофиқатии ҷиддӣ дорад», «лоиҳа амалӣ нашудааст».

 

Ҷадвали №1 Тартиби пур кардани ҷадвали мониторинги лоиҳаҳои

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун

Ҷойгоҳи лоиҳа

(рақам аз 1 то 5)

Иҷрои лоиҳа

нишонгузории ҳарфӣ-рангӣ:

а-сабз

б-кабуд

в-сурх

г-хокистарранг

1.       Таҳия нашудааст

2.       Мавриди таҳия қарор дорад

3.       Таҳия шудааст

4.       Мавриди амал қарор дорад

5.       Амалӣ шудааст

(а)Ба нақша мувофиқ аст ё тамоюли назаррас надорад

(б)Тамоюли назаррас ба нақша

(в)Тамоюли қатъӣ ба нақша

(г)Лоиҳа амалӣ нашуда истодааст.

Дар охири сол ҳангоми зарурият арзёбии чораҳои андешидашуда ва лоиҳаҳо дар яке аз соҳаҳои Барнома бо назардошти захираҳои мавҷуда ва талаботи иттилоотӣ гузаронида мешавад. Арзёбии таъсиррасонӣ аз ҷониби мутахассисони соҳавӣ ва мустақил (коршиносон), ки ҳолати бахши мазкурро хуб медонанд, гузаронида мешавад.