Нишасти матбуотӣ
Дар асоси амри Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 санаи 27 июли соли 2019, соати 0900 бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, шуъбаю бахшҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Роғун нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ намояндагон аз нашрияҳои ҷумҳуриявӣ «Садои мардум», Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо», сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, рӯзномаи шаҳрии «Нури Роғун» ва маркази матбуоти бахши фарҳанги шаҳр иштирок доштанд. Нишасти матбуотиро Раиси шаҳри Роғун Сулаймонзода Музаффар кушода, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Роғун дар нимсолаи якуми соли 2019 ҳисоботи муфассал дод. Сипас, миёни хабарнигорон ва иштирокчиён оид ба масъалаҳои таъмиру тармими муассисаҳои таълимии томактабӣ ва мактабӣ, муассисаҳои тандурустӣ, таътили тобистонаи наврасону кудакон ва ба лагерҳои дохилию беруна таъмин намудани онҳо, таъмини шаҳрвандон бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва шиносномаи техникии ҳавлидорӣ, нисбати барӯйхатгирии аҳолӣ, фаъолияти нозирони шабакаҳои барқӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз саволу ҷавоб ба миён омад.
Ба саволҳои рузноманигорон Раиси шаҳр, муовинони раиси шаҳр мудирони шуъбаю бахшҳо ва роҳбарони дигар сохторҳои дахлдор ҷавобҳои муфассал гардониданд.
Добавить комментарий