Аз ситоди Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Роғун
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори раиси шаҳри Роғун аз 1-уми июли соли 2019, №209 ба тасвиб расидаааст. Дар заминаи қарори мазкур нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иборат аз 24 тасдиқ гардиданд. Тибқи қарор ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе ситоди корӣ оид ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун гузаронида мешавад. Ситоди корӣ зери роҳбарии Раиси шаҳр муҳтарам Сулаймонзода М. қарор дошта масъулин барои дар сатҳи хотирмон таҷлил намудани ин ҷашн пайваста вазифадор мегарданд. Дар арафаи ин чорабинӣ ба истифодадиҳии панҷ иншооти муҳим дар назар аст. Аз ҷумла, бинои КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун, маҷмааи Исмоилӣ Сомонӣ, рамзи нишони давлатӣ, Парчами давлатӣ ва чойхонаи миллӣ мебошанд. Умед аст, ки ин иншоотҳо бо сифати хуб сохта ба истифода дода шуда, мавриди баҳрабардории умум қарор мегиранд.
Добавить комментарий