Маъюбон қисми ҷудонашавандаи ҷомеа
Инсоне маъюб ба ҳисоб меравад, ки қалби ӯ ҷароҳат дорад, на ҷисми Ӯ
Ҳамасола санаи 8-июл дар саросари ҷумҳурӣ Рӯзи маъюбон таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин сана аз ҷониби Иттиҳодияи миллии маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар семинар-машварат дар мавзӯъи “Маъюбон қисми ҷудонашавандаи ҷомеа” идома дорад. Рӯзи 3-юми июл бо ин мақсад семинар-машварат дар шаҳри Роғун бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баргузор карда шуд. Дар кори семинар раиси “Иттиҳодияи миллии маъюбон” Зикрихудоев Асадулло, раиси ҷамъияти маъюбони шаҳри Роғун Мушкиева Анора ва раисони ҷамъияти маъюбони шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ, Файзобод ширкат ва суханронӣ намуданд. Мавзуъҳои семинарро фаъолияти “Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон”, муайян намудани маъюбият аз рӯи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, моделҳои маъюбият, ҳуқуқ ва имтиёзҳои маъюбон аз рӯи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон ва дигар масъалаҳои марбут ба ин қишри ҷомеаро дар бар мегирифт. Дар ин семинар иштирокчиён низ фикру ақидаҳои худро баён доштанд. Зикр карда шуд, ки бунёди чунин намояндагӣ дар шаҳру ноҳияҳо барои боз ҳам фаъол гардонидани маъюбон мусоидат хоҳад кард. Маъюбон, ки қисми ҷудонашавандаи ҷомеа мебошанд, метавонанд дар пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошанд. Дар назар аст, ки барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо марказҳои машваратию ҳуқуқӣ, ташкили курсҳои омӯзиши технологияҳои муосир, дузандагӣ ба роҳ монда шавад. Ин иқдом метавонад барои баланд бардоштани маърифати зиндагии шоистаи онҳо заминагузор гардад.
Таҳияи Абдулмумин Назрулло
Добавить комментарий