Суханронии Раиси шаҳри Роғун бахшида ба 22-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ, МЕҲМОНОНИ АРҶМАНД ВА ҲОЗИРИНИ ГИРОМӢ! Санаи 27 июни соли 1997 ба таърих ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории тоҷикон ворид гашт, ки имрӯз 22-юмин солгарди онро ҷашн мегирем. Ин иди фархунда тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи маънавию иқтисодии кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст. Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азиз ва ҳозирини гиромиро ба ифтихори ин санаи таърихӣ, яъне 22-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод гуфта, ба ҳамаи Шумо саломатию хушбахтӣ, хонаободӣ, рӯзгори нек ва барори кору баракати зиндагиро орзу менамоям. Воқеан, Рӯзи ваҳдати миллӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон дастоварди бузург ва неъмати азизу муқаддас мебошад. Зеро ин санаи муқаддас ҳамчун намунаи иттиҳоду ягонагии миллат буда, таҷассумгари сулҳу ваҳдат ва якдилии халқамон мебошад. Чи тавре, ки дар яке аз баромадҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буд: «Ваҳдати миллӣ бояд аз ҳама гуна ихтилофи назар, гуногунандешии сиёсӣ, манфиатҳои ҳизбӣ, гуруҳӣ ва ғайра болотар ва дахлнолпазир буда, аҳли ҷомеаро муттаҳид, якдил, якмаром ва якпорча созад». Дар хақиқат Ваҳдати миллӣ шукуфоии ватан аст, зеро дар ҳар давлате, ки сулҳу субот ва дустӣ ҳукумфармост он давлат рӯз то рӯз гул–гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан рушд мекунад. Ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кушишу талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, Тоҷикистони азиз ба чор самти дунё роҳ ёфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар як фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ, дустиву рафоқат ва якдигарфаҳмӣ падидор аст.
Ҳозирини гиромӣ! Раванди расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар, имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ дар дили халқи Тоҷикистон боварии комилро ба вуҷуд овард, ки дар сарзамини тоҷикон сулҳу суботи доимӣ ҳукумфармо бошад. Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қимати сулҳу субот, ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем. Зеро маҳз аз баракати муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа, мо пеш аз ҳама тавонистем истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми Тоҷикистонро аз ҷудоиву парокандагӣ эмин нигоҳ дорем. Бо барқарор шудани сулҳу субот ва оромӣ дар минтақа мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳр тадбирҳои судманд меандешад ва натиҷаи ҳамин меҳнатҳо буд, ки дар даврони истиқлолият ва 22-соли Ваҳдати миллӣ соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёти шаҳр рушду нумӯ ёфт ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Натиҷаи чунин заҳматҳо буд, ки соли сипаригардида агрегати аввали нерӯгоҳи барқии обии Роғун ба кор даромад ва имсол бошад баистифодадиҳии агрегати дуюми он дар арафаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар якҷоягӣ заҳмат кашида, шаҳрамонро боз ҳам ободтару зеботар гардонем. Зеро неругоҳи барқии обии Роғун ифтихори миллати тоҷик аст ва пешрафту шукуфоии кишвари азизамон ба он сахт марбут мебошад.
Дӯстони азиз! Мавриди зикр аст, ки дар тули 22 соли Ваҳдати миллӣ сокинони шарафманди шаҳри Роғун дар қатори мардуми хушиқболи Тоҷикистони азиз, дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ба пешравиҳо ноил гардиданд. Бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва фазои сулҳу осудагӣ, файзи соҳибистиқлолии кишвар дар шаҳри Роғун корҳои сохтмонию ободонӣ ва созандагӣ равнақ ёфта, симои шаҳр рӯз то рӯз дигаргун мегардад. Дар самти корҳои ободонӣ ва фароҳам овардани зиндагии шоистаи мардум корҳои зиёде ба сомон расонида шуда, ҷалби аҳолӣ ба корҳои ободонию батартибдарории маҳалли зист, равшаннамоии маркази шаҳр, роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ ва маҳаллӣ дошта, чароғоннамоии хонаҳои баландошёна, гулпӯш намудани кӯчаву растаҳо, тақвият бахшидани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бо аҳолӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ, аз қабили баргузор намудани озмунҳои гуногун, пешгирии ҳолатҳои ғайриқонунии ғасби замин ва дигар иншоотҳои таъиноташон гуногун, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ривоҷу равнақ бахшидани соҳаи кишоварзӣ ва дигар масъалаҳои шаҳрдорӣ яке аз ҳадафҳое мебошанд, ки дар арафаи 22-солагии Ваҳдати миллӣ сурат гирифтаанд. Аз муҳимтарин дастовардҳои имсола бунёди иншоотҳои замонавӣ, гулгашт ва мавзеъҳои фароғатию истироҳатӣ мебошад. Ҳамаи ин дастоварду шукӯфоиҳо ва пешравиҳо самараи Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон Тоҷикистон ва меваҳои шаҳдбори Ваҳдати миллӣ мебошанд, ки мо имрӯз ба он ноил шудем ва бо боварии комил гуфта метавонам, ки таҳти сарварии Президенти хирадманду дурандеш, Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу субот ва Ваҳдати комил ба зиндагии аз ин ҳам арзандаю сазовор ноил хоҳем гашт. Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак ҳамдиёрони азиз! Саломату сарбаланд бошед!
Добавить комментарий