“Оби кӯҳсор” ба кор шуруъ кард
Санаи 27 июни соли равон дар Ҷамоати шаҳраки Оби Гарми шаҳри Роғун корхонаи хурди истеҳсолии обҳои ошомидании “Оби Кӯҳсор” фаъолияташро оғоз намуд. Ин корхонаро баъд аз нисфи дуюми ҳамин рӯз Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Сулаймонзода Музаффар, роҳбари гуруҳи корӣ оид ба амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба пешвози 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аъламхон Наъимӣ ва ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Роғун ифтитоҳ намуданд. Зимни кушодашавиии ин корхона масъулин иброз доштанд, ки дар корхона 8 нафар дар як баст бо кори доимӣ фаро гирифта шуда, ҳамарӯза 500 то 600 литр обҳои ташнашикан истеҳсол карда мешавад. Корхонаи мазкур бо харҷи беш аз 914 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Зайдов Парвиз ба истифода дода шудааст. Соҳибкор азм дорад, ки ояндаи наздик ҳаҷми истеҳсолотро зиёд намуда, ба ин васила дар ободонии як гӯшаи диёр саҳмгузор бошад.
Добавить комментарий