Саодати миллат аз ваҳдат аст.
Бахшида ба пешвози 22 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ гуруҳи кории кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо роҳбарии муовини раиси шаҳр соҳаи иҷтимоӣ Файззода Фирӯза Убайдулло дар ташкилоту муассисаҳои шаҳр вохӯрӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашн баргузор гардид. Дар ин мулоқоту вохӯриҳо дар атрофи сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ карда шуд. Илова бар ин, дар бораи ба анҷом расидани соли хониши 2019 низ бо омӯзгорон ва падару модарон корҳои фаҳмондадиҳи гузаронида шуда, нисбати мактаббачагон ва хатмкунандагони муассиса оид ба хатми камолот дастурҳо дода шуданд.
Дар ин вохури қайд гардид, ки шабнишинии хонандагон ва ба сайёҳат рафтанашон аз тарафи волидон ва омӯзгорон таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад. Дар охири мулоқот сӯҳбатҳои озод гузаронида шуд, ки аксарияти волидон андешаҳои худро нисбати мактаб ва омӯзгорон баён намуданд. Мавзӯъҳои матраҳшуда дар бораи ба роҳи рост ҳидоят намудани ҷавонон ва тақлид накардан ба либосҳои аз фарҳанги мо бегонаро низ дар бар мегирифт.
Таҳияи Комилзода Ҳавасмо
Добавить комментарий