Дасти ёрӣ ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ

         Дасти ёрӣ дароз кардан ба табақаи ниёзманди аҳолӣ беҳтарин садақа ба ҳисоб меравад. Дар партави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун ҷамъоварии садақаи Фитр ва дастрас намудани он ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Имсол низ бо ин мақсад  аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун гуруҳи корӣ таъсис дода шуд, ки дар арафаи иди сайиди Фитр маблағҳои ҷамъоваригардида аз ҳисоби садақаи Фитрро ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, шахсони яккаву танҳо, маъюбон, ятимон, бепарасторон, камбизоату барҷомондаго дастрас намуданд.   Дар ин радиф барқарорсозӣ ва таъмини хонаҳои ин табақаи ниёзманди аҳолӣ бо асбобу анҷоми рӯзгор аз ҷониби шахсони хайрхоҳу саховатпеша, соҳибкорон, имомхатибони масҷидҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои сохтмонӣ, аҳли ҷамоатчигии  шаҳр дар маҷмӯъ бо маблағи умумии 323345 сомонӣ ба роҳ монда шуд.  Аз маблағҳои мазкур 159000 сомонӣ барои сохтмони 3 хона ва таъмиру  таҷҳизонидани 8 хонаи истиқоматӣ, 114845 сомонӣ расонидани кумакҳои моддӣ ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, 21000 сомонӣ барои хонаи бачаҳо  ва  қисми низомии 051058- и Гвардияи  миллии дар шаҳр воқеъбуда  равона  гардидааст.