Табрикоти раиси шаҳри Роғун Сулаймонзода Музаффар бахшида ба Рӯзи Ҷавонон.
Ҳозирини гиромӣ! Боиси хушнуди аст, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, ватани азизамон рӯз аз рӯз аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рушду такомул ёфта, дар фазои сулҳу оромӣ ва осоиштагӣ Ватани биҳиштосоямон имрузҳо мо чорабиниҳои муҳими таърихӣ, иду ҷашнҳои миллию давлатиро бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ дар сатҳи баланд таҷлил менамоем. Айни замон мо дар арафаи таҷлили яке аз ҷашнҳои зебою хотирмон “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” қарор дорем, ки ба ин муносибат ҳамаи Шумо ҷавонони азиз ва меҳмонони гиромиро ба ифтихори ин ҷашни муборак, ҷашни ҷавонӣ, самимона табрику муборакбод гуфта, ба Шумо саломатию хӯшбахтӣ, бахту саодати ҷавонӣ, иқболи баланду толеи нек ва тани сиҳату рӯзгори осударо орзу менамоям. Мавриди зикр аст, ки ҷавонон ҳамчун як неруи тавоно ва насли ояндасози кишвар дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, тайи солҳои охир бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа аз ҳар ҷиҳат шароитҳо фароҳам оварда шуда, ташаббус ва иқдоми созандаи ҷавонон мунтазам дастгири меёбанд. Дар шаҳри Роғун 14626 нафар ҷавонон ҳаёту фаъолият дошта, дастгирии онҳо ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун қарор дорад. Мо ҷавононро нерӯи тавонои созанда ва пешбаранда ҳисобида, ташаббус ва саҳми онҳоро дар рушди самтҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрамон эҳсос менамоем ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро яке аз самтҳои муҳими сиёсати худ эътироф менамоем. Иштироки ҷавонон дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва сиёсии сатҳи шаҳрамон бахшида ба санаҳои муҳими таърихии кишварамон ва иду ҷашнҳои давлатӣ мушоҳида гардида, иштироки фаъолонаи онҳо дар чорабиниҳои вобаста ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, Парчами давлатӣ мавриди баҳрабардори қарор додани чархаи нахустини Неругоҳи барқи обии Роғун дар санаи 16 ноябри соли 2018, чорабиниҳои варзишӣ, озмунҳои фарҳанги дар доираи Нақшаи-чоабиниҳо бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва чорабинии фарҳанги иди гулҳои “Сайри гули лола” хуб арзёби гардида, ҷавонони моро зарур аст, ки иду ҷашнҳои дар пеш истодаро дар ҳамкори бо масъулин боз ҳам дар сатҳи баланд таҷлил намоянд. Ҳозирини гиромӣ. Таҳсили муносиб барои ҷавонон яке аз ҳадафҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ба ҳисоб рафта, дар шаҳри Роғун дар ин самт аз ҷониби масъулини соҳа мунтазам чораҳои судманд роҳандозӣ мегардад. Тибқи маълумотҳои оморӣ ҷавонони машғули таҳсил 3912 нафар буда, дар мактабҳои олӣ 852 нафар, дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ 374 нафар ва дар хориҷи кишвар 31 нафар чавонон дар зинаҳои бакалавр ва магистратура ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора 15 нафар хонандагони болаёқати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни коллеҷу омӯзишгоҳҳо гирандагони стипендияи Раиси шаҳри Роғун буда, 3 нафар гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Аз ҷониби масъулин бо мақсади ҳавасмандгардонии ҷавонон, хонандагону донишҷуёни болаёқати шаҳр дар самти зиёд намудани шумораи гиринадагони стипендияҳо алакай тадбирҳои зарури роҳандози гардидааст.
Ҷавонони шаҳри Роғун аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт бархурдор мебошанд. Айни замон 88 нафар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе таҳсил менамоянд. Имсол низ барои ҷавонони болаёқати шаҳри Роғун 20 адад квотаҳо барои таҳсили ҷавонон ҷудо гардидааст. Дар шаҳр айни замон 45 нафар волонтёр аз ҳисоби гирандагони стипендияҳои Президентӣ, стипендияи раиси шаҳр, донишҷӯёни фаъоли коллеҷу омӯзишгоҳҳо ва ҷавонони фаъол аз деҳаҳои шаҳр интихоб карда шудаанд, ки дар гузаронидани чорабиниҳои гуногуни шаҳрӣ фаъолона иштирок менамоянд. Муҳтарам ҳозирин! Ҷиҳати таҳкими тарзи ҳаёти солими ҷавонон бо мақсади амалӣ намудани сиёсати варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти шаҳр соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро ҳамчун самти афзалиятноки ҷомеа ҳисобида, дар ин самт чораҳои судмандро роҳандозӣ намудааст. Бо ин мақсад ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун Нақша-чорабиниҳои корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкори иборат аз 124 банд тасдиқ гардидааст, ки ҷиҳати оммавӣ гардидани варзиш дар шаҳр тибқи нақша бунёди 7-адад иншооти варзишӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то ин муддат дар 3 иншооти мазкур корҳои сохтумонӣ оғоз гардидааст. Дар ин самт ҷавонони моро зарур аст, ки дар корҳои ободонию, бунёдкорӣ, бунёди иншоотҳои маишию хизматрасонӣ, варзишию солимгардонӣ ва корҳои дастаҷамъонаи ҷамъиятӣ ба хотири ободонии диёрамон аз дигар қишрҳои ҷоме дида бештар ташаббускору фаъол бошанд. Ҷавонони азиз! Дар шаҳри Роғун бунёди иншооти азими аср “НБО-Роғун” бо маром идома дорад, ки ин имкон медиҳад диёри зебоманзари Роғун дар ояндаи наздик ба яке аз минтақаҳои рушдкунандаи сайёҳӣ ва саноатӣ табдил ёбад. Аз ин рӯ, бунёди ин гуна иншооти гидроэнергетикӣ барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ яъне саноаткунонии кишвар аҳамияти махсус дошта, ин барои насли ҷавони шаҳрамон бояд мояи ифтихор бошад, зеро ки ҷавонони мо низ дар бунёди иншооти мазкур иштирок доранд. Бунёди “НБО-Роғун” аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварамон буда, бо шарофати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад ва ин барои худшиноси ва меҳнадустии насли наврасу ҷавони кишвар аз ҳар ҷиҳат аҳамияти махсус дорад. Аз ин рӯ, ҷавонони моро зарур аст, ки дастовардҳои замони Истиҷлолиятро пос дошта, ташаббусҳои созандаи Пешвои миллатро қадр намоянд. Мавриди зикр аст, ки мо имрӯз дар як вазъияти ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир, вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа қарор дорем ва раванди демократисозии ҷомеаро бидуни иштироки ҷавонон тасаввур кардан номумкин аст. Мақоми иҷтимоӣ ва сиёсии ҷавонон барои тараққиёт ва ояндаи кишвар аҳамияти калон дорад. Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд. Ҷавонони аз нигоҳи идеологӣ, фарҳангию маърифатӣ ва ҷисмонӣ обутоб ёфта, метавонанд, фардои ҷомеаро муайян сохта, дар пойдории давлату миллат нақши арзандае гузоранд. Чи тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон таъкид намуданд: “Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”. Мо итминон дорем, ки ҷавони баору номуси шаҳри Роғун суханони пандомӯзу роҳкӯшои сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору пайкор ва зиндагии хеш қарор дода, пайваста баҳри ободию осудагии ватани азизамон саҳми хешро мегузоранд ва “Пайрави асли Пешвои миллати худ мебошанд”. Ҷавонони азиз! Имрӯз моро зарур аст, ки ҷавобан ба ғамхориҳои сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми саъю талоши хешро ба донишомӯзӣ, омузиши забонҳои хориҷӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, омузиши технологияҳои муосир, интихоби дурусти касбу ҳунар, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ, пос доштани муқадасоти давлатӣ равона созем. Ҷавонони мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, бо саъю талош нерӯи ақлонӣ ва маҳорати худ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандона ва созандаи Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки асоси онро ободию шукуфоии Тоҷикистони азиз ташкил медиҳад, содиқонаю холисона ҷонибдорӣ намоянд. Дар хотима, ҳамаи Шумо ҷавонони азизро бори дигар ба муносибати «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» табрику муборакбод гуфта, дар омӯхтани илму дониш, аз бар намудани касбу ҳунар, ҳифзи марзу буми Ватан, дӯст доштани кишвар барору комёби орзу намуда ва дар қалбҳои поку беолоишатон меҳру муҳаббатро таманно менамоям. Саломату сарбаланд бошед!
таҳияи Комилзода Ҳавасмо муҳарири бахши фарҳанг
Добавить комментарий