Наврӯз-ҷашни дилафрӯз
Бо омад-омади фасли зебои баҳор ҷашни пуршукӯҳи Наврӯз низ фаро мерасад. Бо ин мақсад дар маркази шаҳри Роғун бо ибтикори бахшҳои кишоварзӣ ва рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ярмарка -фуруши маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда шудааст. Нархҳои фуруши маҳсулот дар ярмарка нисбат ба нархҳои бозор арзонтар арзёбӣ мегардад. Аз ин ҷост, ки сокинони кӯчаҳои марказии шаҳр ва гирду атрофи он аз ин ярмарка самаранок истифода менамоянд. Тибқи супориши Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Сулаймонзода Музаффар ин ярмарка то баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз идома хоҳад ёфт.
Добавить комментарий