Ҷашни Парчами давлатӣ дар шаҳри Роғун

 

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар майдончаи Парчами маркази шаҳри Роғун чорабинии тантанавӣ ва роҳпаймоии идона баргузор гардид. Хурду калон парчамҳо дар даст партаафшони намуда,  аз тамоми гушаву канори шаҳр дар майдончаи Парчам гирд омаданд. Чорабинии идонаро муовини Раиси шаҳри Роғун Файззода Раҳматулло кушода ҳозиринро ба ин санаи таърихӣ муборакбод намуд. Сипас, аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанг хотири иштирокчиён болида гардонида шуд.