ЭЪЛОН
Шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ба диққати ҳамаи шаҳрвандони шаҳри Роғун мерасонад, ки баъди фавти нафақагир истифодаи корти нафақавии ӯ аз ҷониби шахси дигар ва ё хешовандони наздикаш қатъиян манъ аст.
Дар сурати истифодаи корти пардохтии бонкии нафақагири фавтида аз ҷониби шахси дигар ва ё хешовандон, дар асоси Қонун ҷавобгарии ҷинояти пешбинӣ гардидааст.
Вобаста ба ин, аз ҳамаи аъзоёни оила ва хешовандони нафақагири фавтида хоҳиш карда мешавад, ки баъди вафоти нафақагир фавран корти пардохтии бонкии ӯро ба БДА «Амонатбонк»-и дар шаҳри Роғунбуда супоранд. Ҳамзамон ба шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун хабар расонанд.
Телефонҳо барои тамос; 21-3-04. 21-7-34. 21-5-50. 938-06-64-00
Добавить комментарий