Фестивал озмуни “Сад ранги чакан”дар шаҳри Роғун
Бо максади иҷрои банди 6 Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри 2018 сол, № АП-1140 тасдиқ шудааст, масъулини бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар асоси ҷадвали мазкур фестивали шаҳрии «Сад ранги чакан»-ро барои баланд бардоштани мақому манзалати нақшу нигор, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ дар матоъҳои миллӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандон ташвиқу тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик баргузор намуд. Дар асоси нақшачорабиниҳои бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маркази шаҳр оиди дар сатҳи баланд доир намудани чорабиниҳои сиёсӣ интихоботи Маҷлиси Олӣ, вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба гурӯҳҳои терористию экстримисти, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, зуроварӣ дар оила, никоҳҳои хешутабори наздик, истифодаи сару либоси бегона, тарзи солимии ҳаёти модару кӯдак ва дигар бемориҳои сирояткунанда, риояи қонунҳои амаликунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ба роҳ монда шудааст.
Добавить комментарий