ЭЪЛОН: Озмуни ҷойҳои корӣ
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ РОҒУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
-мудири бахши молия ва хоҷагии дастгоҳи раиси шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ 1100 сомонӣ:
-сармутахассис-ҳуқуқшинси дастгоҳи раиси шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ 909 сомонӣ:
-мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи МИҲД-и шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ 819 сомонӣ:
-мутахассиси пешбари бахши фарҳанги МИҲД-и шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ 819 сомонӣ:
-мутахассиси пешбари бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии МИҲД-и шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ 819 сомонӣ:
-мутахассиси пешбари бахши бойгонии МИҲД-и шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ 819 сомонӣ:
-мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ 819 сомонӣ:
-мутахассиси пешбари бахши молия ва хоҷагии дастгоҳи раиси шаҳр шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ 819 сомонӣ:
-мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ 675 сомонӣ;
-мутахассиси шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ 675 сомонӣ:
-мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ 675 сомонӣ:
МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ:
–сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм -1ҷой, маоши мансабӣ 909 сомонӣ:
–сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну мароисмҳои Ҷамоати деҳоти Сичароғ-1 ҷой, маоши мансабӣ 909 сомонӣ:
-сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм-1 ҷой, маоши мансабӣ 909 сомонӣ: -сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Қади Об-1 ҷой, маоши мансабӣ 909 сомонӣ:
-мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати шаҳраки би Гарм -1 ҷой, маоши мансабӣ 819 сомонӣ:
-мутахассиси пешбар-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм -1 ҷой, маоши мансабӣ 819 сомонӣ:
-мутахассиси пешбар-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Сичароғ -1 ҷой, маоши мансабӣ 819 сомонӣ:
-сутахассис оид ба масъалаҳои андози Ҷамоати деҳоти Қади Об- 1 ҷой, маоши мансабӣ 675 сомонӣ:
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
-ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ (Раиси шаҳр)
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона сурати андозаи 4 х 6)
– тарҷумаи ҳол
– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот
– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад)
– нусхаи шиноснома
-нусхаи син
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ шакли 038 УЕ
– рақами мушаххасси андозсупоранда
-маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк (аз нозироти андоз) -маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ: Барои ишғолкунандагони мансаби Мудир: -таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад. -3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ; -малакаи кор бо компютер.
Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис: -таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; – 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ; – малакаи кор бо компютер.
Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар: – таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; -малакаи кор бо компютер.
Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис: -таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад. -малакаи кор бо компютер.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо; Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун (шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо), телефоҳо: 8 (3134) 21-2-68 ҳуҷҷатҳои довталабон баъди нашри эълон дар давоми 21 рӯз қабул карда мешавад Эзоҳ: Ҳамзамон довталабон ҳуҷҷатҳои дар боло зикршударо тариқи почтаи электронии roghun.kadrho@mail.ru метавонанд ирсол намоянд, инчунин, метавонанд нашри эълони озмунро дар сомонаи www.roghun.tj, www.ahd.tj дастрас намоед. Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
Добавить комментарий