Ободонию бунёдкорӣ мароми мост.
Дар арафаи баистифодадиҳии чархи аввали “НБО Роғун” корҳои ободонию бунёдкорӣ дар шаҳри Роғун вусъати тоза касб намуд. Бо мақсади боз ҳам зебо гардонидани маркази шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кӯчаву маҳаллаҳо пайваста ҳашарҳои оммавӣ ба роҳ монда шудааст. Бояд зикр кард, ки дар корҳои ободонӣ тамоми қишри ҷомеа, аз ҷумла, хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорон, сохтмончиён, намояндагони дин ва бештари сокинони маҳаллӣ фаъолона ширкат варзиданд.
Давоми соли сипаригардида як қатор иншооту гулгаштҳо ва мавзеъҳои фароғатӣ низ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Мавзеъи фароғатию истироҳатӣ дар дуроҳаи даромадгоҳи шаҳри Роғун яке аз маконҳои зебоманзари ин диёр ба ҳисоб меравад.
Добавить комментарий