ДАР ШАҲРИ РОҒУН ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР КАРДА ШУД

 Имруз дар шаҳри Роғун бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, кормандону, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкиллоту муассисаҳо, ширкатҳои ҶСК НБО Роғун, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сокинони маркази шаҳр, занону бонувон, наврасону ҷавонон, ҳамзамон варзишгарону дӯстдорони варзиши дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор карда шуд. Пеш аз оғози чорабинӣ аз дастгириҳои пайваста ва ташаббусҳои варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ва тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбия ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин оммавигардонии варзиш ҷалби шаҳрвандону сокинон, махсусан наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ба ҳозирин суханонӣ карда шуд. Дар ҷамъбаст ғолибону фаъолони ин чорабинии оммавии варзӣ бо сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи тадорукот қадрдонӣ карда шуданд.      

 

 

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа