ЗИЁРАТИ ОРОМГОҲИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР, НУСРАТУЛЛО МАХСУМ ВА НИССОР МУҲАММАД
Рӯзи 31 майи соли 2026, раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло бо ҳайъати кормандони дастгоҳи раиси шаҳр ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ба зиёрати оромгоҳи Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва Ниссор Муҳаммад рафтанд ва ҳамчун рамзи эҳтиром ба ин фарзандони хизматнишондодаи миллати тоҷик дар назди оромгоҳи ҳар яки онҳо гулчанбар гузоштанд ва эҳтироми хоса ба ҷо оварданд. Албатта, ин иқдом дар заминаи ташаббуси наҷибу таърихии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад. Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба хизматҳои мондагори қаҳрамонии Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва шахсияти хизматнишондодаи миллати точик Ниссор Муҳаммад, ки дар солҳои ниҳоят душвори таърихи барои бақои миллат тоҷик ва давлати тоҷикон хизматҳои таърихӣ анҷом додаанд, иқдом гирифтанд, ки мушти хок аз оромгоҳи онҳоро аз шаҳри Москваи Федератсияи Русия ба Ватан оварданд ва бо самимияти хоса, ойинҳои миллӣ, инчунин аҷгузорӣ ба хизматҳои мондагори онҳо эҳтиром ба ҷо оварданд, ки албатта ин иқдоми роҳбари давлат боиси ифтихори миллӣ ва таҳкими худшиносии миллати тоҷик мебошад
Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
