ЧОРАБИНИИ ИДОНАИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ДАР ШАҲРИ РОҒУН ДОИР КАРДА ШУД
Имрӯз дар шаҳри Роғун бо иштироки роҳбарияти мақомоти шаҳрдорӣ, роҳбарони ташкиллоту муассисаҳои шаҳр, сокинон ва падару модарони даъватшавандагон чорабинии гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси шаҳри Роғун Саидзода С. суханронӣ карда, оиди иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстӣ ибрози андеша карда, ҳамаи ҷавонон ва иштирокчиёнро бо ин муносибат самимона табрику таҳният намуданд. Дар рафти чорабинӣ ба ҷавонон шаҳодатноаи ронандагӣ ва туҳфаҳо тақдим карда шуд. Дар фарҷоми ин чорабинии идона барномаи фарҳангии ҳунармандони шаҳр пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
