ҲАМОИШИ ИЛМӢ НАЗАРИВИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ “ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН РОҲ БА СӮИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН”

 Рӯзи 30 январи соли ҷорӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-Роҳ ба сӯи ояндаи дурахшон!” доир карда шуд. Дар ҳамоиши мазкур зикр гардид, ки ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо фаъолони ҷомеа, кормандон, хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандони кишвар ҳамчун рӯйдоди муҳими давлатдорӣ ва ҳамчун як барномаи рушди фаъолият, ки самтҳои асосии рушди дурахшони ҷомеаро дар бар мегирад, ба ҳисоб меравад. Ҳамоиши мазкур бо иштироки фаъоли роҳбарону намояндагон, олимону донишмандон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулини дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва шаҳри Роғун, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва фаъолони шаҳри Роғун доир карда шуд. Дар чорабиниии болозикр маърӯзаҳои худро дар ҳошияи Паёми навбатии Пешвои миллат, Соҳибназарзода М.-сардори шуъбаи муқовимат бо коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт., Яҳёзода Ш.-профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии криминологӣ ва психологияи Академияи ВКД ҶТ., Вализода Н.-сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурии Академияи ВКД ҶТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия., Ҷалолзода С.-муаллими калони Академияи ВКД ҶТ, копитани милитсия ва Шарафзода Б.-муовини раиси шаҳри Роғун ба ҳозирин ироа намуданд.

Дар ҳамоиш мавзуҳо фарогирӣ самтҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, амали намудани дастуру супоришҳои роҳбари давлатамон дар самтҳои иҷтимоии ҷомеа, донистани ташаббусҳои байналмилалии Пешвои муаззами миллат, пешгирии ифротгароии динӣ, амалӣ намудани сиёсати зиддикоррупсионии дар ҷомеа, муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо дар миёни ноболиғону ҷавонон, пешгирии омилҳои террористиву экстремистӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгарову ифротӣ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, таҳкими худогоҳиву худшиносии миллӣ ва тақвияти корҳои ободонию созандагӣ, инчунин дигар масъалаҳои мубрами рузро дар бар мегирифт. 

 Дар фарҷом аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки мо мардуми шарафманди тоҷикро зарур аст, дар партави дастуру супоришҳо ва ғамхориҳои доимии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дасту дили пок фаъолият намуда, барои Ватани азизамон ва мардуми шарафманди худ содиқона хизмат намуда, дар беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон саҳми арзандаи худро гузорем.