МУЛОҚОТ БО САРБОЗОНУ АФСАРОНИ ҚИСМИ НИЗОМИИ ГВАРДИЯИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ РОҒУН

 Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бахшида ба соли нави мелодии 2026 бо ҳайати шахсии Қисми низомии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун вохӯри доир карда шуд.

Сараввал ҳайати шахсии Қисми низомиро муовини раиси шаҳри Роғун Шарафзода Б. аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бахшида ба соли нави мелодӣ табрик гуфта, ба онҳо дар фаъолияти хизматияшон мувафаққияту дастовардҳои навро орзу намуданд. Дар идома вобаста ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, суханронӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур, инчунин аз дастгириҳо ва ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҳайати шахсӣ ва хизматчиёнӣ Қувваҳои мусаллаҳ инчунин нақши хосаи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзу ҳимояи марзу буми муқаддаси Ватани азизамон маърӯза карда шуд. Имрӯз ҳамзамон чорабиниҳои гуногун дар Қисми низомии 051058-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун бо сарбозону афсарон доир карда шуд.

Бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун