ВОХӮРИИ  ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ  МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН НАҶМИДДИНИЁН АСАДУЛЛО МИРЗО БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН ДАР ШАҲРАКИ ОБИ ГАРМ ДОИР  КАРДА ШУД.

 Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҳияшудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба расонидани муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳолӣ ва интихобкунандагон, вохурии навбатии Наҷмиддиниён Асадулло Мирзо вакили МН МО ҶТ, аз ҳавзаи интихоботии Файзобод 11 бо интихобкунандагони фаъол, дар шаҳраки Оби Гарми шаҳри Роғун доир карда шуд. Наҷмиддиниён А.М., сараввал ҳозиринро  ба соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идомаи мантиқии паёмҳои солҳои пешин буда, роҳи рушду пешрафти моро дар ояндаи наздик муайян мекунад. Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.

Дар вохӯри иброз карда шуд, ки чунонки ба ҳамаи мову Шумо маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, гармшавии аз ҳад зиёди ҳаво, обшавии пиряхҳо ва дигар омилҳо рӯй доданд, ки албатта таъсири худро ба иқтисоди миллии ҳар як кишвар мерасонад. Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025, рушди иқтисодӣ бо нишондиҳандаҳои зарурӣ таъмин карда шуд. Дар идома, оид ба рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, пешрафти устувори минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодӣ, беҳтар гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, рушди илму техника, омӯзиши технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионӣ, дастгирии фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ, рушди саноати миллӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, омӯзиши равандҳои геопалитикӣ, таълиму тарбияи ҷавонон, пешгирии омилҳои хурофотпарастии аҳолӣ, иштироки фаъолона дар озмунҳои фаннӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ аз ҷониби ҷавонон, таҳкими тарбияи ватандустии шаҳрвандон ва тақвияти корҳои ободонию созандагӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Роғун низ суханронӣ намуданд. Дар охир, муовини раиси шаҳри Роғун, соҳаи идеологӣ Б. Шарафзода ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷмиддиниён А.М. барои мулоқоти имрӯзаашон, изҳори сипос гуфта, ҳамзамон иброз доштаанд, ки дар ҳақиқат Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими стратегӣ ва дастури роҳнамои фаъолият, барои ҳар яки мо ба ҳисоб рафта, мо дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун вохӯриҳои гурӯҳи кориро дар ин самт, дар тамоми мавзеъҳои шаҳр, махсусан дар ҳар як деҳа ва маҳаллаҳо ташкил намуда, муҳтавои Паёмро ба сокинон расонида, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар ин ҳуҷҷати роҳнамо дарҷ гардида, чораҳои судмандро амалӣ менамоем.

 

Бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун