БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТ, РАИСОНИ ШУРОИ МАҲАЛЛАҲО, ХОДИМОНИ ДИН ВА МАСЪУЛИНИ ШАБАКАҲОИ БАРҚ
Имрӯз дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо мақомоти прокуратура, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бо иштироки раисони ҷамоатҳо, шӯрои маҳаллаҳо, ходимони дин, масъулини шабакаҳои барқ ва дигар намояндагон аз дастгоҳи раиси шаҳр ва сохторҳои дахлдори назди мақомоти шаҳрдорӣ вохӯри доир карда шуд. Вохуриро раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло кушода ба ҳозирин рӯзнома ва мақсади баргузории чорабиниро шинос намуданд. Баъдан Сафарзода Бахтибек Прокурори шаҳри Роғун маърӯзаи худро ироа карданд. Вохӯрии имрӯза, дар заминаи масъалаҳое, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 25 ноябри соли 2025 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти барқ ва соҳаи энергетика баррасӣ гардида буд, доир карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур, инчунин вобаста ба тақвияти корҳои идеологӣ дар миёни аҳолӣ, иҷрои нақшаи
мулоқоту вохӯриҳои деҳа ба деҳа ва мактаб ба мактаб, инчунин татбиқи барномаҳои давлатӣ, санадҳо меъёрию ҳуқуқӣ дар самти кор бо дин, танзими ҷашну маросимҳо, маориф, ҷавонон, фарҳанг, худидоракунии шаҳраку деҳот, соҳаи энергетика ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Роғун суханрониҳо доир карда шуд.
Бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун.
