ВОХУРИИ НАМОЯНДАГОНИ ЛОИҲАИ ТАҲКИМИ УСТУВОРИИ ИҶТИМОӢ ВА ИҚТИСОДӢ БО РОҲБАРИЯТ ВА МАСЪУЛИНИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ РОҒУН ДОИР КАРДА ШУД
Дар доираи ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ мулоқоти корӣ ва муаррифии ҳадафҳои Лоиҳа бо иштироки роҳбарияти шаҳр, роҳбарони сохторҳои назди мақомоти, соҳибкорон ва дигар масъулини дахлдор доир карда шуд. 
Вохуриро раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло оғоз намуда, омодагиҳои мақомотро барои ҳамкориҳои оянда иброз доштанд. Баъдан аз ҷониби намояндагони Лоиҳа ҳадафу мақсадҳо ва имкониятҳои ҳамкориҳои оянда, пешниҳоди ҳозирин гардонида шуданд.
Бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун.
