РӮЗИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ХУДИДОРАКУНӢ ДАР ШАҲРИ РОҒУН ТАҶЛИЛ КАРДА ШУД

 Имрӯз, 1-декабри соли 2025 дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Роғун бахшида ба “Рӯзи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ” чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ ва фарҳангии идона баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, роҳбарият ва кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорони хизмати давлатӣ, ҳайати кормандони мақомот, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарон ва кормандони сохторҳои назди мақомоти иҷроия, шӯрои маҳаллаҳо, аҳли зиё, санъаткорони фарҳангиён, масъулини НБО Роғун, ҷавонони фаъол, созмонҳои фаъоли ҷамъиятӣ ва фаъолони шаҳр иштирок карданд. Ҳозиринро дар оғози чорабинӣ раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло ва Сафарзода Мансур муовини Директори Агентии “Тоҷикстандарт” аз номи роҳбари гурӯҳи корӣ ба муносибати Рӯзи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ самимона табрику муборакбод гуфтанд. 

Дар суханрониҳои табрикотӣ иброз гардид, ки дар асоси таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароитҳо дар низоми хизмати давлатӣ ва мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ, инчунин низоми худидоракунии шаҳраку деҳот мунтазам хубтару беҳтар гардидааст. Ҳукумати мамлакат, дар ин самт чорабиниҳои мақсадноки зиёдро амалӣ менамояд. Аз ин лиҳоз, бо дарназардошти саҳми шоистаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ, дар рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, дар асоси карори дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 15 марти соли 2023, №983 “Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ва баътар, аз 22 июни соли 2023, №1973 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи рӯзҳои ид”, қабул гардида, Рӯзи 1-декабр, ҳамчун “Рӯзи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ” муқаррар карда шудааст, ки минбаъд ҳамасола дар ҷумҳурӣ ин ид, бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Мусаллам аст, ки пешбинӣ ва таҷлил намудани рӯзи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ дар баробари дигар санаҳои муҳим ва иду ҷашнҳои дигари давлатиямон, муҳим арзёбӣ гардидааст. Ин иқдом албатта, барои боз ҳам баланд бардоштани нуфуз ва эътибори мақомоти маҳаллӣ, ҳамчун мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ нақши созгор мегузорад. Ҷашн гирифтани ин рӯз, агар барои арҷгузорӣ ба фаъолияти созандаи ин ниҳоди муҳими давлатӣ бошад, аа ҷониби дигар, ҳамаи мо ҳайати кормандону хизматчиёни давлатии мақомоти маҳаллӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро, барои хизмати содиқонаю садоқатмандона анҷом додан ба нафъи миллат ва Ватани азизамон, бо масъулияти баланд боз ҳам бештар уҳдадор менамояд.

     Дар суханрониҳо, инчунин аз дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар кардани шароитҳо дар низоми хизмати давлатӣ, таъмини базаи моддию техникии мақомоти маҳаллӣ ва худидоракунӣ, тайёркунии кадрҳои ҷавон, дастгирии кадрҳои ҷавони болаёқат дар хизмати давлатӣ, баланд бардоштани маоши хизматчиёни давлатӣ, инчунин беҳтар шудани шароитҳои иҷтимоии кормандон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардид. Дар хотима, як зумра фаъолон бо сипосномаҳо ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд. Баъдан барномаи рангини ҳунармандону санъаткорон маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун.