ҲАМОИШИ ОСОИШТАИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ РОҒУН БАРГУЗОР КАРДА ШУД

 Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои бошукуҳи идона, яъне роҳпаймоии осоишта ва барномаи фарҳангию фароғатии ҷашнӣ дар маркази шаҳр баргузор карда шуд. Дар ин чорабинии идона, роҳбарияти шаҳри Роғун, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои назди мақомоти иҷроия, як зумра кормандони НБО Роғун, созмонҳои ҷавонон, кормандону аъзоёни фаъоли КИ ҲХДТ дар шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, шӯрои маҳаллаҳо, кормандону фаъолони соҳаи маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҷавонон, донишҷӯён ва фаъолони шаҳр иштирок карданд.

Дар ин ҳамоиши идона, садҳо нафар иштирокчиён бо парчамҳои миллӣ ва шиорҳои ватандӯстона дар кӯчаҳои марказии шаҳри Роғун роҳпаймоӣ карда, паёми сулҳу ваҳдати миллӣ ва эҳтироми хосаи худро нисбат ба парчами миллӣ, ҳамчун рамзи ифтихори ватандорӣ ва муқаддасоти давлати соҳибистиқлоламон Тоҷикистони азиз, эҳтироми худро изҳор доштанд. Дар майдони марказии ба номи шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳамаи ҳозиринро раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ-Рузӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод гуфтанд.

Дар хотима як зумра фаъолон бо «Сипоснома»-ҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун қадрдонӣ гардида, баъдан барномаи рангини ҳунармандону санъаткорон бахши фарҳанги шаҳр пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.     

 

Бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун.