КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ “НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТӢ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РУШДУ ИНКИШОФИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ” ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРАКИ ОБИ ГАРМИ ШАҲРИ РОҒУН БАРГУЗОР КАРДА ШУД

 Дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бахшида ба таҷлили сазовори “Рӯзи Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Коллеҷи тиббии шаҳраки Оби Гарм дар мавзӯи “Нақши Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ” Конференсияи илмӣ назариявӣ баргузор карда шуд. Дар ин чорабинӣ муовини раиси шаҳр соҳаи идеологӣ, масъулини соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, собиқадорони соҳаи маориф, собиқадорони меҳнат ва устодону донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар кори Конференсия маърӯзаҳо оид ба “Нақши Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ дар ташаккули давлатӣ навини тоҷикон”, “Нақши Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу суботи ва ваҳдати миллӣ”, “Саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи илму маориф ва сиёсати давлатии ҷавонон” ва “Аҳамияти ташаббусҳои байналмиллалии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони муосир ва ҳалли масъалаҳои глобалӣ” ироа гардиданд.

 Дар идома, инчунин оид ба саҳми шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва бунёдкориҳо созандагӣ, ҳамзамон аҳамияти таърихӣ ва ҳуқуқии ҷашни Рӯзи Президент дар кишвари соҳибистиқлоли мо суханронӣ карда шуд. Дар хотима, як зумра устодон ва донишҷӯёни фаъоли Коллеҷ бо тӯҳфаҳо ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.