РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТӢ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ РОҒУН ТАҶЛИЛ КАРДА ШУД
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бахшида ба таҷлили сазовори “Рӯзи Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмию назариявӣ ва чорабинии идонаи тантанавӣ баргузор карда шуд.
Дар ҳамоиши мазкур муовинони раиси шаҳр, роҳбарони бахшу шуъбаҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои назди мақомоти иҷроия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, масъулини дахлдор аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат, масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, шӯрои маҳаллаҳо ва омӯзгорону фаъолон иштирок карданд.
Дар оғози чорабинӣ ҳозиринро муовини раиси шаҳри Роғун, соҳаи идеологӣ аз номи роҳбарияти шаҳр ба муносибати таҷлили сазовори Рӯзи Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун самимона табрик намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар Конференсияи илмию назариявӣ Шарафзода Б.-муовини раиси шаҳр, Шарифзода С.-Судияи Суди шаҳри Роғун, Ҷойлобов А.-раиси Шӯрои собиқадорон, Соҳибназарзода М.- корманди раёсати АНДММК дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт дар мавзӯҳои зерин маърӯзаҳои худро ироа намуданд.Дар кори Конференсия маърӯзаҳо оид ба “Аҳамият ва нақши Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ дар рушди давлатдории навини тоҷикон”, “Нақши Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу суботи ва ваҳдати миллӣ”, “Нақши шоистаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди низоми сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ”, “Нақши Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду инкишофи давлатдории миллии тоҷикон” ва “Саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳони муосир” ироа гардиданд.
Дар идома, инчунин оид ба саҳми шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ҳаёти маданӣ хусусан рушд ва ҳифзи фарҳанги миллӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раванди бунёдкорию созандагиҳо дар Ватани азизамон дар ин давра, ҳамзамон аҳамияти таърихӣ ва ҳуқуқии ҷашн гирифтани “Рӯзи Президент” дар кишвари соҳибистиқлоламон суханронӣ карда шуд.
Дар чорабинии идона, ҳамзамон баён карда шуд, ки бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таълимӣ, инчунин аз ҷониби масъулини дахлдори мақомоти шаҳрдорӣ ва масъулини сохторҳои идеологии шаҳр дар миёни аҳолӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳо чорабиниҳои гуногун ташкилу роҳандозӣ мегардад.
