ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ ДАР ШАҲРИ РОҒУН
Бахшида ба рӯзи милитсияи тоҷик дар толори қасри фарҳанги шаҳри Роғун чорабинии идона ва тантанавию фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти шаҳр, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандону собиқадорони соҳа ва дигар меҳмонону даъватшудагон иштирок намуданд. Дар чорабинии идона бахшида ба Рӯзи милитсия раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло ҳозиринро табрик гуфта, баъдан сардори ШВКД дар шаҳри Роғун Файзуллозода И., сардори раёсати кадрҳои ҶСК “НБО Роғун” Абдулаҳадзода С. ва раиси собиқадорони ШВКД Мусоев Ф. суханронӣ намуда, кормандони милитсияро табрик намуданд.
Пас аз баромадҳо ва суханрониҳо як зумра фаъолон бо медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд. Баъди хотимаи қисми тантанавии чорабинӣ ҳунармандону санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи фарҳангию фароғатиро пешниҳоди ҳозирин гардониданд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
Саидова Ш.Ҷ.
