БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲО ВА КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР САМТИ РУШДИ ИҶТИМОӢ, ТАҲКИМИ РОБИТА БО ҶОМЕА ВА ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ИДЕОЛОГӢ, ДАР МИЁНИ СОКИНОНИ КӮЧАҲОИ МАРКАЗИ ШАҲРИ РОҒУН

     Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, чорабинӣ дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ҳамзамон тақвияти корҳои идеологӣ бо усули деҳа ба деҳа ва маҳалла ба маҳалла бо сокинону истиқоматкунандагони кӯчаҳои қисми болоии марказии шаҳр ва волидайни хонандагон дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таълимии рақами як баргузор шуд. Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳр соҳаи идеологӣ, масъулини соҳаи маориф, масъулини муассисаи таълимӣ, ҷавонон ва варзиш, Шӯроҳои маҳалла, ходимони дин, шӯрои волидайн, падару модарони хонандагон, омӯзгорони муассисаи таълимӣ ва дигар масъулини дахлдор иштирок карда, оид ба мавзӯъҳои дахлдори ҳаёти ҷомеа ва вобаста ба соҳаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ доир шуд.

      Дар оғози чорабинӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ ҳозиринро ба муносибати 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд. Дар идома, дар ин мулоқот ҳамзамон расонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз паём, оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгири ҷинояткорӣ, пешгирии терроризму экстремизм дар миёни шаҳрвандон, риояи санадхои меъёри ҳуқуқӣ дар соҳаи энергетика, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи танзим ва ҷашну маросим, маориф, ҷавонон ва варзиш, таҳкими корҳои идеологӣ ва робита бо ҷомеа, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, истифодаи дурусти қувваи барқ, пешгирии дигар омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, маърифати шаҳрнишинӣ, таҳкими одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа суханронӣ карда шуд.

      Дар ин вохӯрӣ инчунин вобаста ба тарбияи ватандустии ҷавонон, пешгирии ҷинояткори дар миёни наврасону ҷавонон, пешгирии таълимоти ғайриқонунӣ диннӣ дар миёни шаҳрвандон, иштироки фаъоли хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалии фаннӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ ва омодагиҳо ба зимистонгузаронии аҳолӣ, захираи маводи ғизоӣ, корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун сӯҳбати муфид гузаронида шуд. Дар чорабинӣ, инчунин оид ба дигар мавзӯъҳои мубрами ҳаёти ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда шуд.  

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва  робита бо ҷомеа                                             Саидова Ш.Ҷ.