МУЛОҚОТ БО САРБОЗОНУ ОФСАРОНИ ҚИСМИ НИЗОМИИ ГВАРДИЯИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ РОҒУН БАХШИДА БА 31-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бахшида ба таҷлили ҷашни 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар ҷомеаи ҳуқуқбунёди Тоҷикистон бо сарбозону афсарони Қисми низомии Гвардияи миллӣ вохӯри доир карда шуда, ба самъи сарбозону афсарон ва ҳайати шахсии қисми низомӣ моҳияти қабули Конститутсия дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон, нақши созгори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қабули Конститутсия ва дигар арзишҳо ва муқаддасоти давлатӣ маърӯзаҳо ироа карда шуд. Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳр, соҳаи идеологӣ ва масъулини соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр иштирок карданд.

        Дар вохӯри инчунин ҷиҳати ҳифзи арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ, амнияти миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои давлатии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва саҳми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба қабули Конститутсия, сулҳу ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ суханронӣ карда шуд. Ҳамзамон пас аз табрикот ва маърӯзаҳо ба саволҳои сарбозон вобаста ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб гардонида шуд.            

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва  робита бо ҷомеа                                             Саидова Ш.Ҷ.