БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲО ВА КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР САМТИ РУШДИ ИҶТИМОӢ, ТАҲКИМИ РОБИТА БО ҶОМЕА ВА ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ИДЕОЛОГӢ, ДАР МИЁНИ СОКИНОНИ КӮЧАҲОИ МАРКАЗИИ ШАҲРАКИ ОБИ ГАРМ
Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, чорабинӣ дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ҳамзамон тақвияти корҳои идеологӣ бо усули деҳа ба деҳа ва маҳалла ба маҳалла бо сокинону истиқоматкунандагони кӯчаҳои марказии Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм баргузор шуд.
Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳр соҳаи идеологӣ, масъулини соҳаи дин ва танзими ҷашну маросим, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, шабакаҳои барқ, ҷавонон ва варзиш, Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм, Шӯроҳои маҳалла,ходимони дин ва дигар масъулини дахлдор иштирок карда, оид ба мавзӯъҳои дахлдори ҳаёти ҷомеа ва вобаста ба соҳаҳо, аз ҷумла корҳои фаҳмондадиҳӣ доир шуд.
Дар оғози чорабинӣ ҳозиринро ба муносибати 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд. Дар идома, дар ин мулоқот ҳамзамон расонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз паём, оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгири ҷинояткорӣ, пешгирии терроризму экстремизм дар миёни шаҳрвандон, риояи санадхои меъёри ҳуқуқӣ дар соҳаи энергетика, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи танзим ва ҷашну маросим, маориф, ҷавонон ва варзиш, дар соҳаи худидораи шаҳрак ва деҳот, таҳкими корҳои идеологӣ ва робита бо ҷомеа, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, истифодаи дурусти қувваи барқ, пешгирии дигар омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, таҳкими мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа, вусъати корҳои ободонӣ дар маркази шаҳраки Оби Гарм ва дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа суханронӣ карда шуд.
Дар ин вохӯрӣ инчунин вобаста ба омодагиҳо ба зимистонгузаронии аҳолӣ, захираи маводи ғизоӣ, корҳои ободонию созандагӣ ва омодагиҳои ҳамаҷониба ба сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун сӯҳбати муфид гузаронида шуд. Дар чорабинӣ, инчунин оид ба дигар мавзӯъҳои мубрами ҳаёти ҷомеа вобаста ба ин маҳалла таклифу пешниҳодҳо ва сӯҳбатҳои муфид доир карда шуданд.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Саидова Ш.Ҷ.
