ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН ДАР ШАҲРИ РОҒУН
Ба ифтихори ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон дар толори Қасри фарҳанги шаҳр чорабинии тантанавию фарҳангии идона баргузор гардид. Муовини раиси шаҳри Роғун Шарафзода Баҳром бо сухани табрикотӣ баромад намуда, ҳозиринро ба ин муносибат самимона муборакбод намуданд.
Дар чорабини иброз карда шуд, ки забони тоҷикӣ ҳамун ҷавҳари ҳастии миллати тоҷик буда, дар даврони соҳибистиқлолӣ забони давлатӣ бо пуштибонӣ ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд ва камол ёфта ба забони тоҷикӣ самимона арҷ гузошта мешавад. Дар робита ба ин, дар чорабинӣ таъкид шуд, ки вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки забони модариро, чунончи гузаштагонамон бо покиву беолоиш то ба имрӯз оварда расонидаанд, мо низ тозаю шево ба наслҳои оянда ба мерос гузорем.
Дар чорабинии идона, инчунин гуфта шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, омӯзгоронро ҳамчун неруи тавоно, муҳаррики пешбарандаи ҷомеа ва роҳнамои зеҳнии наслҳои оянда медонанд ва ҳамаҷониба онҳоро дастгирӣ менамоянд.
Албатта омӯзгорони мо бо азму иродаи қавӣ рисолати муқаддаси хешро баҳри таълиму тарбияи насли ояндасоз ва ватандӯст сарбаландона иҷро менамоянд.
Баъдан як зумра собиқадорон, омӯзгорон ва ҷавонони фаъол, ки дар озмунҳо иштироки фаъолона доштанд, бо медалу ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ кард шуданд. Баҳри ҳозирин инчунин барномаи ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Роғун пешниҳод карда шуд.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеа Саидова Ш.Ҷ.