ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ 34-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ РОҒУН
Ба ифтихори таҷлили сазовору фархундаи ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун бо кӯшишу заҳмати аҳлонаи сокинони шарафманди шаҳр, аҳли кормандони мақомоти шаҳрдорӣ, мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот, саҳми Шӯрои маҳаллаҳо ва фаъолони шаҳр як зумра чорабиниҳои гуногуни идона доир карда шуданд.
Мавриди зикр аст, ки мувофиқи нақшаи чорабиниҳо дар маркази шаҳри Роғун, ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кӯчаву маҳаллаҳо шиору овезаҳои ҷашнӣ насб гардида, баргузории маҷлисҳои тантанавӣ, чорабиниҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои фарҳангиву идона бахшида ба ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ дар сатҳи баланд баргузор карда шуданд.
Бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари гурӯҳи кории ҳукуматӣ, директори Агентии Тоҷикстандарт муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бинои муассисаи давлатии мактаби бачагонаи мусиқӣ дар маркази шаҳри Роғун, филиали бонки «Амонатбонк» дар шаҳри Роғун, маркази савдо, мағозаи маҳсулоти сохтмонӣ дар ҷамоати Қади Об ва меҳмонхона ба истифода дода шуд.
Дар ҳамоиши тантанавие, ки дар Қасри фарҳанги шаҳри Роғун баргузор гардид, Директори Агентии Тоҷикстандарт ва раиси шаҳри Роғун сокинони шаҳрро табрик гуфтанд. Ҳамзамон, ба ифтихори ҷашни 34- солагии Истиқлолият давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри фарҳанг чорабиниҳои фарҳангию барномаи театркунонидашудаи ҳунармандон пешниҳод карда шуд.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Саидова Ш.Ҷ.