КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲАИ ҚАЛЪАИ НАВИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҚАДИ ОБ

       Имруз раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло ва дигар масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун аз рафти корҳои ободонӣ дар деҳаи Қалъаи Нави Ҷамоати деҳоти Қади Об дидан карда, бо фаъолону ташаббускорони корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар деҳа сӯҳбат карданд.

      Мавриди зикр аст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонию созандагӣ ва пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни аҳолӣ чунин корҳои ободонӣ дар дигар деҳаю маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳр низ пайваста амалӣ карда мешавад.    

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                                                  Саидова Ш.Ҷ.