ВОХУРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ ВОБАСТА БА РИОЯИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА ВА ДАР САМТИ ТАҲКИМИ РУШДИ ИҶТИМОӢ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА ДАР ДЕҲАИ ШОҲИ АСЛОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ СИЧАРОҒ ДОИР ШУД
Имруз дар деҳаи Шоҳи Аслони Ҷамоати деҳоти Сичароғ бо иштироки раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло, муовинони раис, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, масъулини шабакаҳои барқ, нозирони минтақавӣ, шӯрои маҳаллаҳо, ходимони дин ва дигар масъулини дахлдори Ҷамоати деҳоти Сичароғ сӯҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд.
Дар кори маҷлис Саидзода Сунъатулло-раиси шаҳри Роғун, Шарафзода Б.-муовини раиси шаҳр, Сафарзода Бахтибек-прокурори шаҳри Роғун, Акобирзода Дилшод-сардори раёсати АНДМ МК ҶТ дар минтақаи Рашт, Каримов Фазлиддин-сардори шабакаи барқи шаҳр вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқи дар соҳаи энергетика ва истифодаи қувваи барқ, инчунин пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ, таҳкими рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо аҳолӣ дар ҳар як оила ва баланд бардоштани фарҳанги истифодаи қувваи барқ, татбиқи нақшаи чорабиниҳои фаҳмондадиҳии деҳа ба деҳа ба ҳозирин маърӯзаҳо ироа кардаанд.
Дар вохурӣ иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби сохторҳои идеологии шаҳр ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва машварати корӣ дар ин самт бар меоянд, дар заминаи онҳо гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотӣ, инчунин пешгирии қонунвайронкунӣ дар самти истифодаи қувваи барқ, пешгирии ҷинояткорӣ дар миёни шаҳрвандон, пешгирии омилҳои терроризму экстремизм, риояи талаботи қонунгузорӣ аз ҷониби шаҳрвандон тибқи нақшаи корӣ чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда мешаванд.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Саидова Ш.Ҷ.