ВОХУРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ ВОБАСТА БА РИОЯИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА ВА ДАР САМТИ ТАҲКИМИ РУШДИ ИҶТИМОӢ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА ДАР ДЕҲАИ ҚАЛЪАИ НАВИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҚАДИ ОБ ДОИР ШУД
Имруз дар деҳаи Қалъаи Нави Ҷамоати деҳоти Қади Об бо иштироки раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло, муовинони раис, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, масъулини шабакаҳои барқ, нозирони минтақавӣ, шӯрои маҳаллаҳо, ходимони дин ва дигар масъулини дахлдори Ҷамоати деҳоти Қади Об сӯҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд.
Дар кори маҷлис нахуст Саидзода Сунъатулло-раиси шаҳри Роғун, Шарафзода Б.-муовини раиси шаҳр, Назарзода Абдуҳанон-раиси Суди шаҳр Роғун, Сафарзода Бахтибек-прокурори шаҳри Роғун, Файзуллозода Илҳом-сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Роғун, Каримов Фазлиддин-сардори шабакаи барқи шаҳр вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи энергетика, истифодаи дурусти қувваи барқ, пешбурди корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ дар ҳар як оила ва баланд бардоштани фарҳанги истифодаи қувваи барқ аз ҷониби сокинон, инчунин дигар масъалаҳои муҳими шаҳрдорӣ, таҳкими робита бо аҳли ҷомеа ба ҳозирин маърӯзаҳо ироа кардаанд.
Дар вохурӣ иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби сохторҳои идеологии шаҳр ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва машварати корӣ дар ин самт бар меоянд, дар заминаи онҳо гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотӣ, инчунин пешгирии қонунвайронкунӣ дар самти истифодаи қувваи барқ, риояи талаботи қонунгузорӣ дар ин самт, татбиқи чорабиниҳои иттилоотӣ бо усули «деҳа ба деҳа» ва «мактаб ба мактаб» тибқи нақшаи корӣ чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ мунтазам доир карда мешаванд.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеа Саидова Ш.Ҷ.