ВОХУРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ ВОБАСТА БА РИОЯИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА ДАР МАРКАЗИ ШАҲРАКИ ОБИ ГАРМ ДОИР ШУД
Имруз дар маркази шаҳраки Оби Гарм бо иштироки раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло, муовинони раис, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, масъулини шабакаҳои барқ, нозирони минтақавӣ, шӯрои маҳаллаҳо, ходимони дин ва дигар масъулини дахлдори Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм сӯҳбату вохури ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд.
Дар кори маҷлис Саидзода Сунъатулло-раиси шаҳри Роғун, Сафарзода Бахтибек-прокурори шаҳри Роғун, Акобирзода Дилшод-сардори раёсати АНДМ МК ҶТ дар минтақаи Рашт, Файзуллозода Илҳом-сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Роғун, Ғаниев О.-сардори ШКДАМ ҶТ дар шаҳри Роғун, Каримов Фазлиддин-сардори шабакаи барқи шаҳр вобаста ба санаҳои меъёрии ҳуқуқи дар соҳаи энергетика ва истифодаи қувваи барқ, инчунин пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ дар ҳар як оила ва баланд бардоштани фарҳанги истифодаи қувваи барқ аз ҷониби сокинон ба ҳозирин маърӯзаҳо ироа кардаанд.
Дар вохурӣ иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби сохторҳои идеологии шаҳр ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва машварати корӣ дар ин самт бар меоянд, дар заминаи онҳо гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотӣ, инчунин пешгирии қонунвайронкунӣ дар самти истифодаи қувваи барқ, риояи талаботи қонунгузорӣ дар ин самт тибқи нақшаи корӣ чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ мунтазам доир карда мешаванд.