МАШВАРАТИ КОРӢ ВОБАСТА БА РИОЯИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА БАРГУЗОР КАРДА ШУД

   Имруз дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо иштироки раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло, муовинони раис, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, масъулини шабакаҳои барқ, нозирони минтақавӣ, шӯрои маҳаллаҳо, ходимони дин ва дигар масъулини дахлдор машварати корию фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд.

   Дар кори маҷлис Саидзода Сунъатулло-раиси шаҳри Роғун, Сафарзода Бахтибек-прокурори шаҳри Роғун, Акобирзода Дилшод-сардори раёсати АНДМ МК ҶТ дар минтақаи Рашт, Каримов Фазлиддин-сардори шабакаи барқии шаҳр вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқи дар соҳаи энергетика ва истифодаи қувваи барқ, инчунин пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ дар ҳар як оила ва баланд бардоштани фарҳанги истифодаи қувваи барқ аз ҷониби сокинон ба ҳозирин маърӯзаҳо ироа кардаанд.

      Дар кори машварат иттилоъ дода шуд,  ки аз ҷониби сохторҳои идеологии шаҳр ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва машварати корӣ дар ин самт бар меоянд, дар заминаи онҳо гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирии қонунвайронкунӣ дар самти истифодаи қувваи барқ, риояи талаботи қонунгузорӣ дар ин самт аз ҷониби шаҳрвандон тибқи нақшаи корӣ чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ мунтазам доир карда мешаванд.