АМРИ РАИСИ  ШАҲРИ РОҒУН

АМРИ РАИСИ  ШАҲРИ РОҒУН

                                                                                          _______________________________________________

                                                                аз «3»  июли соли 2024               №163            ш. Роғун  

Дар бораи гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии

мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Роғун              

 Мутобиқи талаботи моддаҳои 19-20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,

дар асоси Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 тасдиқ шудааст ва бо мақсади интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои лаёқатманду салоҳиятнок дар хизмати давлатӣ       А М Р  М Е Д И Ҳ А  М:

  1. Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Роғун озмун эълон карда шавад. (Мансабҳои холӣ замима мегардад.)
  2. Номгӯи мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тавассути сомонаи расмии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сомонаи МИҲД-и шаҳри Роғун www.roghun.tj, www.ahd.tj, ва рӯзномаи шаҳрии «Нури Роғун» ба нашр расонида шавад.
  3. Масъулини шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр вазифадор карда шаванд, ки ҷиҳати сари вақт амалишавии банди 2 амри мазкур мусоидат намоянд.
  4. Ба Комиссияи озмуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун супориш дода шавад, ки озмун тибқи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ба роҳ монда шавад.
  5. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи раиси Комиссияи озмун ва шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Роғун гузошта шавад.

                                                         Раис                                          С. Саидзода    

   

 

 

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ РОҒУН БАРОИ

ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:  

  1. Сармутахассис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳри Роғун маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД-и шаҳр -1 ҷой, маоши  мансабӣ – 1902,40 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси бахши кор бо занон ва оила -1 ҷой, маоши  мансабӣ – 1902,40 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари шуъбаи умуми, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи МИҲД-и шаҳр-2 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
  7. Мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии МИҲД-и шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
  8. Мутахассиси пешбари бахши рушди иқтисод ва савдои МИҲД-и шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
  9. Мутахассиси пешбари бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии МИҲД-и шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
  10. Мутахассиси пешбари бахши фарҳанги МИҲД-и шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
  11. Мутахассиси пешбари бахши бойгонии МИҲД-и шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
  12. Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр -1 ҷой, маоши мансабӣ – 1276,00 сомонӣ.
  13. Мутахассиси  шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД-и шаҳр -1 ҷой, маоши мансабӣ – 1276,00 сомонӣ.
  14. Мутахассиси  шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳр -1 ҷой, маоши мансабӣ – 1276,00 сомонӣ.
  15. Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр -1 ҷой, маоши мансабӣ – 1276,00 сомонӣ.

  МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ:

  Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм

  1. Сармутахассис-муҳандис заминсози Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм 1- ҷой маоши мансаби-1728,40 сомонӣ.
  1. Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм 1- ҷой маоши мансаби -1728,40 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм -1 ҷой, маоши мансабӣ – 1415,20 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм -1 ҷой,  маоши мансабӣ – 1415,20 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбар-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм 1 ҷой, маоши мансабӣ -1415,20 сомонӣ.
  5. Мутахассис оид ба масъалаҳои андози Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм- 1 ҷой, маоши мансабӣ -1160,00сомонӣ.

  Ҷамоати деҳоти Қади Об

  1. Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Қади Об-1 ҷой,  маоши мансабӣ – 1728,40 сомонӣ.
  2. Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Қади Об-1 ҷой, маоши мансабӣ – 1728,40 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Қади Об-1 ҷой, маоши мансабӣ – 1415,20 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбар-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Қади Об  1 ҷой, маоши мансабӣ -1415,20 сомонӣ.
  5. Мутахассис оид ба масъалаҳои андози Ҷамоати деҳоти Қади Об- 1 ҷой, маоши мансабӣ -1160,00 сомонӣ.

  Ҷамоати деҳоти Сичароғ

  1. Сармутахассис сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Сичароғ-1 ҷой, маоши мансабӣ -1728,40 сомонӣ.
  2. Сармутахассис-муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти Сичароғ-1 ҷой, маоши мансабӣ -1728,40 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбар-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Сичароғ 1 ҷой, маоши мансабӣ -1415,20 сомонӣ.

  Талаботи тахассусӣ  барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ:  

  Барои ишғолкунандагони  мансаби  сармутахассис:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– малакаи кор бо компютер.              

    Барои ишғолкунандагони  мансаби  мутахассиси пешбар:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-малакаи кор бо компютер.    

 Барои ишғолкунандагони мансаби  мутахассис:

-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи кор бо компютер.  

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо;

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун (шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо).

Телефон 8 (3134) 21-900, 21-268

Ҳуҷҷатҳои довталабон баъди нашри эълон дар давоми 21 рӯз қабул карда мешавад.

Эзоҳ: Ҳамзамон довталабон ҳуҷҷатҳои дар боло зикршударо тариқи почтаи электронии roghun.kadrho@mail.ru метавонанд ирсол намоянд, инчунин, метавонанд нашри эълони озмунро дар сомонаи www.roghun.tj, www.ahd.tj дастрас намоед.

Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.        

   Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

-ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ (Раиси шаҳр)

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона сурати  андозаи 4 х 6)

-тарҷумаи  ҳол

-нусхаи  ҳуҷҷатҳо  дар  бораи  таҳсилот

-нусхаи  дафтарчаи  меҳнатӣ; (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад)

-нусхаи шиноснома

-нусхаи син

-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ  шакли  038 УЕ

-рақами мушаххасси андозсупоранда -маълумотномаи ҷои истиқомат ва ҳайати оила

-маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк (аз нозироти андоз)

-маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ.