Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Роғун

Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Роғун

      Санаи 25 июни соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги шаҳри Роғун бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии  тантанавию фарҳангӣ баргузор гардид.

        Дар чорабинӣ  Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло, Директори Агентии Тоҷикстандарт, Роҳбари гурӯҳи корӣ Абдулваҳобзода Темурҷон, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот,  роҳбарону кормандони  ташкилоту муассисаҳо,  мудирону кормандони  бахшу шуъбаҳои  мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳр ва сокинони шаҳр иштирок намуданд.

        Дар қисми тантанавӣ   раиси шаҳр ва роҳбари гурӯҳи корӣ сухан намуда ҳозиринро ба рӯзи ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуданд, ва аз иқдомҳои неку созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳою,  пойдории сулҳу амонӣ таи 27 соли  ҷорӣ ёдовар шуданд.  

Дар идома  ба як қатор фаъолони шаҳр, ки дар корҳои бунёдкорию созандагӣ, сулҳу амонӣ саҳми хешро гузоштаанд  Сипосномаҳо супорида шуда, барномаи фарҳангию фароғатии омоданамудаи ҳунармандони шаҳри Роғун таъби ҳозиринро болида гардонид.