ҶАЛАСАИ РОҲБАРИ ГУРӮҲИ КОРӢ ОИД БА  ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ РОҒУН

         Санаи 4 июни соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун  таҳти раёсати Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло, намояндаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ, Директори Агентии «Тоҷикистандарт»  муҳтарам Абдулваҳобзода Темурҷон, кормандони масъули раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,  раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва мудирони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласа ҷиҳати расонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 марти соли 2024 дар вохӯрӣ бо ходимони дин ва фаъолони ҷомеа, 30 майи соли 2024 дар вохӯрӣ бо аҳли илму маорифи кишвар, иҷрои супоришҳои  Барқияи Ҳукуматӣ аз 01.06.2024, №24/10-42 ва ҳалли мушкилотҳо дар маҳал  гузаронида шуд. Ҷаласаро Раиси шаҳр оғоз намуда,  меҳмононро  хушомадед гуфтанд ва  суханро ба   меҳмонон доданд.

            Директори Агентии «Тоҷикистандарт»  муҳтарам Абдулваҳобзода Темурҷон мақсад ва масъалаҳои баррасишавандаи  маҷлисро ба ҳозирин расонида, ҷиҳати ҳалли мушкилиҳо дар маҳал корманд Агентии « Тоҷикстандарт»  Ашурзода  Мурод ибрози назар намуд.

            Маврид ба зикр аст, ки дар ҷаласа масъалаҳо оид ба  иҷро гардидани нақшаи андоз, дастрас намудани  хоҷагиҳои деҳқонӣ бо тухмиҳои хушсифат, ташкил намудани гармхона ва сардхона, таъмини техникаҳои кишоварзӣ, рафти кишту кор, захираҳои маводи ғизоӣ, риояи  ҷашну маъракаҳо  фарҳанги либоспӯшӣ, ба ҳаҷ рафтани шаҳрвандон,  иҷрои  саривақтии  нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлил намудани 35- солагии Истиқлолияти давлатӣ, рафъи оқибатҳои  офатҳои табиӣ дар соли 2024 ва барқарорсозии  маконҳои осебдида,  гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо  оилаҳои шаҳрвандоне, ки бо  гурӯҳҳои террористӣ шомил гардидаанд,  омӯхтани вазъи хонандагону омӯзгорон, либоси мактабӣ, либоси кормандон дар муассисаҳои маориф, баррасии нақшаю барномаҳо оид ба озмунҳо ва чорабиниҳои  варзишию фарҳангӣ, тарғиби тозагӣ вап зебоипарастӣ ва дар ин замина бунёди ҳаммому марказҳои солимгардонӣ бо ҷалби соҳибкорон, вусъат додани корҳои  ободонӣ,  гулшинонӣ, кабудизоркунӣ, ба роҳ мондани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ бо аҳолии  шаҳр маҳалла ба маҳалла, мактаб ба мактаб   баррасӣ ва муҳокима гардид.

          Дар ҷаласа масъулин ва мутассадиён барои иҷрои супоришҳо ва вазифаҳои хизматӣ муваззаф гардиданд, ки аз натиҷаи корҳои  баанҷомрасида маълумоти пурраи таҳлилӣ  манзур намоянд.  

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                        Раҷабалиева Ш.