Хизматчиёни давлатӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
60 нафар хизматчиёни давлатӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Саёҳати хизматчиёни давлатӣ ба неругоҳи «Роғун» дар доираи машғулияти сайёри такмили ихтисос, ки аз 19 то 21 сентябр дар шаҳри Роғун барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузаронида шуд, ташкил гардид.
Директори техникӣ Маҳмадсаид Шамсуллозода ва директори истеҳсолии ҶСК НБО «Роғун» Анвар Раҳмонов меҳмононро бо ҷараёни корҳои сохтмонии иншооти бузурги аср, толори агрегатҳои неругоҳ ва корҳои васлу насби он, сарбанд ва ядрои сарбанди асосӣ, қисматҳои баромадгоҳи нақбҳо ва дигар мавзеъҳои НБО-и «Роғун» шинос намуданд.
Инчунин дар маҷлисгоҳи неругоҳ вохӯрии роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ бо хизматчиёни давлатӣ — шунавандагони даври сайёри такмили ихтисос ва кормандони НБО «Роғун» баргузор шуд.
Иброз гардид, ки «Роғун» манбаи нури ҳар хонадон, гармии қалби ҳар фарди Ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолати рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад.
«НБО «Роғун»- беҳтарин ва бузургтарин дастоварди даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст. Маҳз дасти тавоно ва қалби пурҷӯшу пурэҳсони абармарди замон- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи «Роғун»-ро дубора зинда ва пуровоза намуд. Сохтмони НБО «Роғун» пайваста мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дорад. Давра ба давра назди сохтмончиён омадану суҳбат оростан, ҳидоятҳои раҳнамунсозандаашон ба ҳар яки шумо қувваву неру ва болу пар мебахшад, имрӯз бояд ҳар фарди худогоҳу ватандӯст инро дарк намояд, ба қадри ҳама ин заҳматҳо ва дастоварду музаффарият расад ва дар пурра ба истифода додани ин Кохи нур саҳм гузорад»,- изҳор доштанд баромадкунандагон.
Барои фаъолияти назаррас ва саҳми муносиб дар сохтмони иншооти азими аср як зумра кормандону сохтмончиёни неругоҳ бо Ифтихорнома ва сипосномаҳои Агентии хизмати давлатӣ қадршиносӣ шуданд.
Добавить комментарий