Вохӯрии намояндагони КИ Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо фаъолони шаҳр
Шаҳри Роғун ҳамчун шаҳри стратегӣ имрӯзҳо на танҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ ва Осиёи миёна балки дар тамоми ҷаҳон бо сохтмони азими аср Нерӯгоҳи барқии обии Роғун шинохта шудааст. Ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин шаҳри стратегию сайёҳӣ ташриф меоранду баҳри бунёду тезонидани корҳои ин иншооти аср дастуру супоришҳои қатъӣ медиҳанд. Маҳз бо иқдомҳои пешгирифтаи Сарвари давлат имрӯзҳо меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ ба шаҳри Роғун қариб, ки ҳамарӯза ташриф меоранду хоҳиши дидани НБО «Роғун» ва мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Роғунро доранд. Мардуми сарбаланди шаҳри Роғун низ бо меҳру муҳаббати зиёд ва самимияти беандоза меҳмононро пешвоз мегиранд.
Бо ин мақсад санаи 17 августи соли ҷорӣ намояндагони КИ Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои дидан намудан аз иншооти аср ва баргузории суҳбату мулоқотҳо бо сохтмончиёни НБО «Роғун» ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.
, меҳмонон мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Оқилзода Нурулло ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мустаҷобова Рудоба санаи 18 августи соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо фаъолони шаҳр таҳти унвони «Саҳми пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ» доир намуданд.
Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеа Раҷабалиева Шоира
Добавить комментарий