ВОХУРИИ НАМОЯНДАГОНИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ БО МАСЪУЛИНИ   СОҲАИ  ЗАМИН  ДАР ШАҲРИ РОҒУН

 Тибқи нақшаи чорабиниҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо масъулини бахшу шуъбаҳои дастгоҳи раиси шаҳр, сохторҳои назди мақомоти шаҳрдорӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулини Кумитаи идораи замин, КДФ “БММҒ” дар шаҳри Роғун ва сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ мулоқоти корӣ доир гардид. Дар ин мулоқоти корӣ муовини сардори раёсати Прокуратураи генералӣ оид ба назорати қонунгузорӣ дар соҳаи замин Искандар Раҳматов ва Прокурори калони ин раёсат Шамсуддин Шоҳин иштирок карданд.

       Дар чорабинии мазкур ҳамзамон Прокурори шаҳри Роғун Қосимзода Х.Ш. ва дигар масъулини дахлдори соҳа иштирок кардаанд. Чорабиниро муовини якуми раиси шаҳри Роғун Файззода Р. Н. кушода меҳмононро ба шаҳр хушомадед гуфта, таъкид карданд, ки тавре аз вохӯрии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара ва дигар дастуру ҳидоятҳояшон вобаста ба истифодаи самараноки замин ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт иброз доштанд. Моро мебояд истифодаи оқилонаи замин ва татбиқи бечунучарои қонунгузории заминро таъмин намоем.

   Прокурори калони раёсати назорати қонунгузорӣ дар соҳаи замини Прокуратураи генералӣ Шамсуддин Шоҳин оид ба вазъи риоя ва иҷрои қонунгузории замин ва пешгирии қонунвайронкуниҳо дар ин самт гузориш дода, аз масъулини Комиссия ҷамъиятии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, инчунин аз масъулини Кумитаи идораи замин барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта талаб карданд.

     Баъдан Раҳматов И. баромад намуда, зикр кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сабабаи дар миқёси ҷумҳурӣ ба таври васеъ паҳн гардидани қонунвайронкунӣ дар самти истифодаи замин таваҷҷуҳи мақомоти прокуратура ва дигар мақомотҳои давлатиро ба пешгирии ҷиноят ва қонунвайронкунӣ дар ин соҳа ҷалб намуданд. Бо ин мақсад дар асоси дастуру супоришҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Юсуф Аҳмадзод тасмим гирифта шудааст, ки ҷиҳати пешгирии қонунвайронкунӣ ва баланд бардоштани масъулияти мақомоти дахлдори давлатӣ дар маҳал мулоқоту вохуриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намоем. Мулоқоти имрӯза низ ба ҳамин хотир доир гардид, ки вазъи риояи қонунгузории замин дар шаҳри Роғун мавриди муҳокима қарор гирифта шавад. Истифодаи самараноку оқилонаи замин яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрӯза буда, ояндаи рушди иқдтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии  сокинони кишварамон аз он албатта вобастагӣ дорад. Дар вохӯри ҳамзамон Прокурори шаҳри Роғун Қосимзода Х.Ш. суханронӣ карда иброз доштаанд, ки ҳукумати кишвар аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати дастрас гардонидани замин ба кишоварзону хоҷагидорон, инчунин, ба талаботи имрӯза мутобиқ гардонидани истифодаи он албатта як зумра санадҳои меъёрию ҳуқуқиро қабул кардааст, ки иҷрои он аз ҷониби шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад. Инчунин Прокурори шаҳр вобаста ба қонунвайронкуниҳо дар самти замин дар шаҳри Роғун, сабабу омилҳои ба он мусоидаткунанда ва минбаъд низ пешгирии ин гуна қонунвайронкуниҳоро бо далелҳо иброз доштанд.

  Дар вохӯрии мазкур иштирокчиён низ ба саволҳои пешниҳоднамудаашон посух гирифтанд. 

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Роғун