Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Роғун

   23.05.2022. Имрӯз дар қасри фарҳанги шаҳр бахшида ба Рӯзи Ҷавонон  чорабинии фархангӣ баргузор гардид.  Дар чорабинӣ Раиси шаҳр муҳтарам Саидзода Сунъатулло иштирок ва суханронӣ намуд. Зимни суханронӣ Раиси шаҳр оид ба ғамхории Ҳукумату давлат нисбати сиёсати ҷавонон ёдовар гардид. Зикр кард, ки ҷавонон ҳамчун пешбарандаи сиёсати имрӯзу фардои ҷомеа, бояд зираку ҳушёр бошанд. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавонро зарур аст, ки саҳми худро дар пешрафти Тоҷикистони азиз гузоранд. Ватандӯсту хештаншинос буда, дигаронро низ ба ин роҳнамоӣ созанд.

       Дар ин замина, тамоми ҷавонони шаҳрро ба ин рӯзи фархунда табрику муборакбод намуд.  Сипас, ҷавонони фаъол, ки  дар пешрафти ҷомеа саҳмгузор буданд, бо ифтихорномаҳо ва маблағҳои пулӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун сарфароз гардонида шуданд.

        Пас аз анҷоми қисми тантанавии чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр бо  сурудҳои тару тоза хотири ҳозиринро болида гардониданд. 

 

 

 

Сармутахассиси шуъбаи рушди

 иҷтимоӣ ва    робита бо ҷомеъа                              Раҷабалиева Шоира