Дави миллӣ
Санаи 15 майи соли ҷорӣ дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳо аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳр бо мусоидат ва дастгирии роҳбарияти шаҳр Чорабинии Дави миллӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007, №255 ва нақшаи баргузории чорабинии варзишӣ доир карда шуда, ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани чорабинӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун Комиссияи тадорукоти чорабинӣ таъсис дода шуд. Дар ин чорабинӣ роҳбарияти шаҳр, роҳбарони мақомотҳи ҳифзи ҳуқуқ ташриф доштанд.
Дави миллӣ аз рӯи 3 марҳила, миёни роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҷавононписарону ҷондухтарон ва кӯдакону наврасон ташкил ва баргузор гардонида шуд. Илова бар ин, дар чорабинии мазкур миёни наврасону ҷавонон Марафони Велосипедронӣ ташкил карда шуда, ғолибони Дави миллӣ ва Марафони Велосипедронӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш бо туҳфаю медалҳо ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии “Нури Роғун” Давлатова Зебо
Добавить комментарий