8-март  Иди  «Модарон»    

     Навбаҳорон гулфишони дилкушоям Модарам,          

    Қуввати ҷону дилу ақли равонам Модарам.              

   Ман зи лутфи беканори ту расидам бар камол,              

   Барқи фикру равшании дидагонам Модарам.  

           Бузургтарин шахс дар олам  ин Модар аст, ки  ба ҳар як фарди рӯйи ҷаҳон ҳастӣ мебахшад. Модар ва муҳаббати ӯ ҷаҳонро иқрор намудааст, ки чашмаи хушкнашавандааст. Модар қалбе дорад, ки ҳама гуна эҳсосотро дар худ ҷой дода метавонад: муҳабат, меҳр, ранҷиш, бахшиш, интизорӣ, ҳимоят, ноумедӣ, умедворӣ  ва дигар эҳсосотҳои аз ин ҳам гаронтар.

           Канори Модар барои фарзанд Биҳишт асту бағал намудани фарзанд барои Модар ягона ғамбарор аст. Модар тамоми кушиши худро ба харҷ медиҳад, то ҷигарбандаш фирӯзу хушбахт бошад. Модар пас аз ба дунё овардани фарзанд, ҳастии хешро фаромуш месозаду фақат баҳри пораи ҷони аз тан ҷудо, яъне фарзандаш зиндагонӣ менамояд. Хушбахтии хешро Модар фақат ва фақат дар чеҳраи хандони ҷигарбандон мебинад. Модар ба ин бузурги сазовори тамоми хушбахтиҳо, озодӣ ва зиндагии олист.

          Таърих гувоҳ аст, ки замоне Модар аз ҳама хушбахтию озодиҳо маҳрум буд. Касе аз Модар дифо карада наметавонист, вале оҳиста-оҳиста шуури инсон бузургии Модарро дарк намуд, ва худро назди ҷасорати Модар азизу нотавон шумурд. Қайд кардан бисёр бо маврид аст, ки нахуст зан-модаре, ки матонату ҷасоратии худро ба оламиён муаррифӣ намуд. Ин Клара Сеткин буд, ки 8-марти соли 1857 барои озодии занҳо талош варзид. Ин бенатиҷа наанҷомид, аз ҳамон сол  инҷониб оҳиста-оҳаиста ҳуқуқи зану мард баробар гардид. Ҳоло бошад дар аксарияти мамолики дунё 8-март ҳамчун рӯзи байналмиллалии зан-модар ҷашн гирифта мешавад.

          Дар Тоҷикистон то соли 2009 ин ҷашн «Иди бонувон»  муаррифӣ мегардид. Соли 2009 «Иди бонувон» ба Иди Модарон бадал шуд. Гарчанде бону ва модар бо ҳам таъваманданд вале на ҳама бону Модар шуда метавонад. То ба зиннаи Модар расидан форсахҳо роҳи пурмашоқатро тай бояд кард. Дар боду борон офтоби сӯзон  сардии  ҷонситонро тоқат  бояд кард.

         Модар ҳатто ҷони ширини худро баҳри дифои фарзанд дареғ намедорад. Баҳри исботи ин ҷумла саргузашти Модареро рӯи қоғаз овардан бисёр бо маврид аст:

       Модаре бо ду фарзанди хурдсол дар деҳаи дурдасте бо машаққат умр ба сар мебурд.  Дар он деҳа, ки худ рӯзҳои сангинеро паси сар намуда бу мехост фарзандонаш  ҳайёти  худро такрор набинанд. Ба ҳамин ният азми сафар ба шаҳр баст. Чун дар роҳ бо аробаю асп мерафтанд бисёр барои Модар пурдаҳшат буд. Ҳангоме, ки роҳи миёни ҷангалро мегузаштанд, фарзандон аз тамошои манзараҳо хушҳолӣ мекарданд ва намедонистанд, ки хатаре онҳоро думболагир аст. Инро танҳо қалби Модар ҳис менамуд. Ногаҳон ин хатар парда аз рӯйи хеш бардошт. Гургҳои гурусна  ароба ва аспонро пайгири намуданд. Модар мехост ҷони фарзандонаш осебе набинанд ва кулвори хурокаашонро байни гургон андохт. Гургон ба он кулвор машғул гардиданду чанде аз Модару фарзандон дур монданд. Модар як лаҳза хотирҷамъ гардид. Тақдир кори худро карду дубора дарандаҳо ба ароба наздик гардиданд. Модар дигар чизе надошт то ба байни онон андозад ва баҳри дифои ҷони фарзандон ҷисми худро байни гургон андохт.

            Ин аст бузургии Модар, ки ғайр аз Худо касе ва чизе ба ин бузургӣ баробар гардида наметавонад.

            Модар ҳастофар асту ба он ҳастӣ болу пар аст. Аз ин хотир тамоми Модарони рӯйи дунёро ба фарорасии «Иди Модарон» аз сидқи дилу имон табрик мегӯем. Ид муборак Модарони ба ҷон баробар.  

Аё Модар, ҳузурат партави нури Худо дорад,

Канорат лаззате аз Кибриё дорад.

Ҷаҳонро покии шират ба по дорад,

Навои аллаи Ту, зиндагониро бақо дорад.  

 

 

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ  

ва робита бо ҷомеа                                          Саидова Шаҳноза